КАРИМ ҲАКИМ

 КАРИМ ҲАКИМ

ҲАКИМ КАРИМ соли 1905 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1925 Омӯзишгоҳи кишоварзии Қӯқандро хатм карда, фаъолияти кориро дар шуъбаи тарғибу ташвиқи Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе оғоз бахшидааст. Чанде (1925-1926) котиби Шӯрои деҳоти Қаратоғ буда, соли 1927 котиби Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб таъин гардидааст. Иштирокчии муҳорибаҳои зидди босмачиҳост. Сипас, солҳои 1929-1930, дар Донишкадаи кишоварзии Тошканд таҳсил карда, аввали солҳои 30-юм дар Нашриёти давлатии халқҳои СССР (Маскав) ва бахши тарҷумаву таҳрири Идораи табъу нашри Душанбе фаъолият бурдааст. Ҳамчунин, муҳаррири рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» («Ҳақиқати Ленинобод»), вакили Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ (1934) будааст.

Соли 1941 бо хоҳиши худ ба хидмати аскарӣ рафта, дар муҳорибаҳои шадиди Ленинград иштирок кардааст.

Аз аввали солҳои 20-ум ба навиштани мақолаҳои публитсистӣ, ҳикояву новелла ва тарҷумонӣ пардохта, нахустин офаридаҳояш дар рӯзномаи «Бедории тоҷик» (баъдина «Ҷумҳурият») ба табъ расидаанд. Мавзӯи асосии ҳикояҳои ӯ мубориза бар зидди босмачиён ва боқимондаҳои урфу одати бойиву феодалӣ мебошад. Аз ҷумлаи устодони варзида ва асосгузорони ҳикоя ва новеллаи адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад. Соли 1933 аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи «Садои рӯзҳо» нашр шудааст. Баъдан китоби «Ҳикояҳои майда» (1935) ва «Ҳикояи устоди мисриён» (1935), «Оқшуда» ва ҳикояҳои дигар» (1936), «Ҳикояҳо» (1940)-яш дастраси умум гардидаанд. Беҳтарин новеллаи ӯ, ки шеъри мансур аст, «Марҳабо, баҳор!» ба ҳисоб меравад, ки намунаи олии суханварӣ ва вирди забони ҳамагон аст. Ҳикояи «Одам дар халта» эҳсосоти амиқу маҳорати волои нависандаро дар бобати офаридани қаҳрамони адабӣ зоҳир менамояд.

Соли 1955 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» як қатор ҳикояҳояш ба табъ расидаанд. Баъди вафоти нависанда чанд китоби ӯ такроран чоп шудааст, ки «Ҳикояҳо» (1957), «Одам дар халта» (1959), маҷмӯаи «Ҳикояҳо» (ба ҳуруфи арабӣ, 1961), «Оқшуда» (1965) ва ғ. аз он ҷумлаанд. Қиссаи «Муҳосира»-и нависанда нотамом мондааст.

Яке аз аввалин драматургони тоҷик буда, намоишномаи «Ҷанговарон» (1934)-аш сазовори мукофоти Ҳукумати Тоҷикистон гардидааст. Соли 1936 намоишномаи «Соли 1916» (ҳамроҳи Дунган – Зариф Раҷабов)-ро ба қалам овардааст, ки аз таърихи муборизаи озодихоҳии мардуми Хуҷанд ҳикоят мекунад.

Ба ҷамъоварии эҷодиёти шифоҳии мардум ҳам машғул буда, соли 1931 (дар Маскав) «Зарбулмасалҳои тоҷикӣ»-и ҷамъовардаи ӯ дар шакли китоб (ба ҳуруфи арабӣ) нашр шудааст. Соли 1940 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» мунтахаби афсонаҳои халқи тоҷик таҳти таҳрири ӯ ба табъ расидааст.

Иддае аз асарҳои Л.Толстой, М.Твен, А.Чехов, М.Горкийро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1942 дар муҳорибаи Старая Руссаи назди Ленинград ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо