Иқдоми неки Президент

 Иқдоми неки Президент

«Шоҳнома»и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоқикистон дастрас мегардад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳар чи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид. Ҳамзамон изҳор доштанд, ки бо иқдоми Бобоҷон Ғафуров солҳои 1963-1965 бори аввал асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилду панҷ китоб омода ва нашр гардид, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии мамлакати мо рӯйдоди бесобиқа буд.

Ёдрас шуданд, ки дар он солҳо таҳқиқоти бевоситаи Бобоҷон Ға­фуров ё зери назари ӯ силсилаи асарҳои «Фирдавсӣ – шуҳрат ва ифтихори маданияти ҷаҳонӣ» (1972), «Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Берунӣ» (1974), «Амир Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Ҳашт биҳишт» (1971), «Мирзо Ғолиб – шоири бузурги Шарқ» (1972) ва «Ал-Форобӣ дар таърихи маданият» интишор ёфтанд, ки аз ҷониби муҳаққиқони давлатҳои гуногун сазовори баҳои баланд гардиданд.

Дар хориҷи мамлакат тарҷума ва нашр гардидани асарҳои арзишманди Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла «Тоҷикон», «Дар бораи робитаҳои Осиёи Миёна бо Эрон дар замони Ҳахоманишиҳо», «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» далели равшани эътирофу эътибори ҷаҳонии ӯ мебошад.

Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ гуфтанд, ки ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолиятам ба ҳайси Роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз Роҳбари давлат ба ҳар оила дастрас гардида буд.

Дигар хабарҳо