Ибодулло Машраб «Бӯйи баҳор ояд»

 Ибодулло Машраб «Бӯйи баҳор ояд»

ҶАҲОННАВРӮЗ

Аё хуршед, ало эй оламоро,

Паси сар карда бехобии шабҳо,

Фурӯзон мешавӣ ҳар субҳи содиқ,

Фурӯғат кам нагардад, кам ба дунё.

 

Баробар мешавад вақте шабу рӯз,

Ба айёми баҳор, эй ҷони Наврӯз,

Замину осмон бо ҳам биёяд,

Ба сад рангат биоро хони Наврӯз.

 

Ту хуршедиву мо як зарраи ту,

Ту дарёиву мо як қатраи ту,

Саф ороем чун кӯҳи Бадахшон,

Ба ҳам оем чун рӯди Зарафшон.

 

Ба марзи ин Ватан девор бошем,

Ба поси ин Ватан бедор бошем,

Табиат ваҳдатоин аст ин ҷо,

Биё, мо ҳам табиатвор бошем.

 

Даме наздик ояд иди Наврӯз,

Шавем омодаи таҷдиди Наврӯз.

Ҷаҳоннаврӯз шуд иди каёнӣ,

Муборак бод Наврӯзи ҷаҳонӣ.

 

БӮЙИ БАҲОР ОЯД

Аз ҳар канори кишвар,

Бӯйи баҳор ояд.

Бар мардуми фурӯҳар

Бӯйи баҳор ояд.

 

Як гӯшаи биҳишт аст,

Ороъи Зардуҳишт аст.

Аз ори Ориёнфар

Бӯйи баҳор ояд.

 

Аввалгули сияҳгӯш,

Хонад ба накҳати хуш.

Олам шуда мунаввар,

Бӯйи баҳор ояд.

 

Мурғон ба шохсорон,

Болидаву парафшон.

Даф мезананд пар-пар,

Бӯйи баҳор ояд.

 

Амвољи сабзазорон,

Аз файзи боду борон.

Сар мезананд аз сар,

Бӯйи баҳор ояд.

 

Мижгону чашму абрӯ,

Ҳамчун арӯси хушрӯ.

Сар то ба по муаттар,

Бӯйи баҳор ояд.

 

Дар меҳани биҳиштӣ,

Ҳурмузди Зардуҳиштӣ.

Афканда мушку анбар,

Бӯйи баҳор ояд.

 

Шогуна, эй азизон,

Хуш меравад зимистон.

Наврӯз дар паси дар,

Бӯйи баҳор ояд!

Дигар хабарҳо