Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст

Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст

Дил ба дил роҳ асту бояд боз кард,

Мову манро ҳамдаму ҳамроз кард,

Дар самои дӯстӣ парвоз кард,

Шоҳроҳи Ваҳдати мо бехатар бод,

Мардуми мо бозафар бод!

 ГУЛНАЗАР

Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо тӯли қарнҳои зиёд орзу дошт, ки соҳибватану соҳибдавлат бошад. Бо ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ин орзую ормон ҷомаи амал ба бар кард ва мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр гардидем. Агарчӣ ибтидо даргириҳои дохилӣ ба саъю талоши мо ҷиҳати корбурди судманди фурсати тиллоии бадастомада дар самти пиёдасозии ҳадафҳои давлатдорӣ монеа эҷод кард, аммо баъдтар маҳз ваҳдати миллӣ, ки бо фидокориҳои Пешвои муаззаму хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, заминаи мусоид фароҳам овард, ки пояҳои давлатдории нави тоҷикон гузоштаву таҳким ёбанд ва корҳои созандагиву ободкорӣ ба роҳ монда шаванд. Набояд фаромӯш кард, ки маҳз Роҳбари давлат бо корбурд аз хиради волои хеш тавонистанд аз дили мардум руҳафтодагию ноумедиро зудуда бисозад ва онҳоро ба ояндаи нек дилгарм бикунанд.

Ваҳдати миллӣ бо паймудани роҳи пуршебу фароз насибамон гардид ва акнун мо муваззаф ҳастем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро маҳз бо эҷоди ваҳдати миллии комил, дӯстию рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати созандаю оқилона муяссар мешавад, ки барои хеш зиндагии шоистаро муҳайё созем. Маҳз ваҳдати миллӣ метавонад барои устувории давлат, сарсабзии миллат ва ба даст омадани бахту саодат замина фароҳам оварад. Ваҳдат буд, ки дар як муҳлати кӯтоҳ мулки харобгардидаро ба як кишвари гулгулшукуфон ва халқи азиятдидаи онро ба як миллати воҳид табдил дод.

Ҳар гоҳ ки атрофи ин мавзуъ андеша мекунам, беихтиёр пеши назарам рӯзҳои даҳшатбори ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта, манзараи шаҳру деҳоти харобгардида ва мардуми сарсону саргардон рӯнамоӣ мекунад. Гиребон мегираму шукр мекунам, ки дар миёни мардуми азизи ман афроди соҳибхираду дилсӯзи миллат буданд, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар бадали ҷонфидоиҳо, шабзиндадориҳо, аз худ гузаштанҳо миллати парокандаро ба ҳам оваранд ва Ватани азизи моро аз пора-пора шудан наҷот диҳанд.

Ваҳдат муқаддастарин вожа барои ҳар қавму миллат аст. Маҳз ваҳдат метавонад барои инсонҳо дастовардҳои бузургро насиб гардонад. Ваҳдат ба ҳам омаданҳо, аз қатраҳо ба дарё табдил ёфтанҳо, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, таъмини умри дарози соҳибистиқлолӣ ва пойдории абадии давлат аст. Мехостам дар ин ҷо барои дурустии андешаҳоям аз як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо- малӣ Раҳмон ёдовар шавам: «Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷики- стон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид».

Ин андарзи хирадмандонаи Пешвои миллат дар асоси таҷрибаи рӯзгор падид омадаву заминаи воқеӣ дорад. Яъне, маҳз баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ тоҷикон ба ҳам омаданд ва тадриҷан корҳои созандагиву ободкорӣ дар фазои орому амни мамлакат вусъати тоза пайдо карданд. Ин падидаи таърихии сарнавиштсоз миллати парокандаро боз муттаҳид намуд, пояҳои давлатро устувор гардонид ва Тоҷикистони ази- зи моро аз вартаи нобудӣ берун овард.

Душманону бадхоҳони миллати тоҷик ҳеҷ бовар надоштанд, ки халқи мо дар фурсати кӯтоҳ боз ба ҳам меояд, хатои хешро ислоҳ мебахшад ва барои ободии сарзамини аҷдодии худ камари ҳиммат мебандад. Ҳатто бархе даъво доштанд, ки умри ин давлат беш аз як ҳафта нест, вале шукрона, ки барқасди душманони худ мардуми Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба ҷаҳониён исбот карданд, ки ҷанги шаҳрвандӣ таҳмилӣ буда, бо дасти бадхоҳони мо роҳандозӣ гардидааст, дар асл тоҷик миллати тамаддунофар, ободкор ва созанда аст.

Барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби давлатдорӣ Сарвари давлат тавонистанд дар мулоқотҳои худ дар ҳама гӯшаю канори кишвар зимни суханрониҳои хеш бо овардани далелу мисолҳои таърихӣ мардумро мутмаин созанд, ки Ватани азизи мо дар вартаи нобудӣ қарор дорад, агар сарҷамъ нашавем, дар атрофи Ҳукумати тозаинтихоб муттаҳид нагардем, давлати тозабунёди мо аз байн меравад. Ба ҳамин васила ба Пешвои маҳбубамон муяссар шуд, ки мардумро аз нав сарҷамъ намоянд, ваҳдати миллӣ биофаранд ва ба анҷоми корҳои ободкорию созандагӣ ҳидоят намоянд. Мардум дарк карданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ метавонад пояҳои давлати навини моро пойдору устувор бигардонад. Гуфтан бамаврид аст, ки саодату хушбахтии тамоми сокинони имрӯзу фардои ин сарзамин маҳз ба пойдории ҳамин ваҳдати комили миллӣ рабт дорад. Набояд ибораи «Ваҳдати миллӣ»-ро ҳамчун шиор пазируфт, балки бояд маъвои онро дар қалби хеш қарор диҳем ва барои пойдории он бо корбурд аз мақоми хеш дар ҷомеа ҳамеша дар саъю талош бошем. Ҳар як сокини кишвар вазифадор аст, ки ба маънӣ ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти миллат дуруст сарфаҳм биравад ва дар роҳи пойдории он агар садде ба чашм мехӯрад, барои аз байн бурдани он саҳми хешро гузорад.

Тоҷикон ба ҳайси як миллати соҳибтамаддун бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат ба ҷаҳониён исбот карданд, ки барои давлатдорӣ қодиранд, аз неруи созанда бархӯрдоранд ва чун гузаштагони шарафманди хеш метавонанд дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назарраси хешро гузоранд.

Дар муддати кӯтоҳ хотима бахшидан ба даргириҳо, тарафҳоро ба ифоқа овардан ва эҷод намудани ваҳдати миллии тоҷикон неъмати бебаҳо ва падидаи басо камназир аст. Ба ҳеҷ васила набояд аз ёд баровард, ки он саҳлу осон ба даст наомадааст, балки маҳз бо талошҳову андешидани тадбирҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мо ба ин комёбии бузург ноил гардидаем. Хидмати Роҳбари давлат дар ин самт бисёр бузург аст. Ин танҳо хулосаи мо нест, балки нақши боризи Сарвари давлати моро дар хотима бахшидани даргириҳо, таҳкими сулҳу субот ва дубора барқарор кардани ҳаёти осоишта шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф карданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу пажуҳиш қарор гирифтааст. Тоҷикон собит намуданд, ки ҳар қавму миллате, ки орзуи ободии ватан ва пойдории давлати худро дорад, танҳо дар сурате муваффақ мешавад, ки агар мисли Роҳбари давлати мо шахсияти хирадманду ҷоннисор дораду дар атрофи ӯ муттаҳид мегардаду барои ободии сарзамини худ пайваста талош меварзад. Танҳо аз ин роҳ метавон сарбаландона дар шоҳроҳи ваҳдат қадами уствор гузошт ва ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

Давроне, ки тоҷикон дар ду тараф сангар гирифта, ба муқобили якдигар меҷангиданд, аз ҳар тараф сару садоҳо ба гӯш мерасиданд, ки ин низоъ солҳои тӯлонӣ идома хоҳад ёфту ба ҳеҷ ваҷҳ миёни тарафҳо ҳамдигарбахшӣ муяссар нахоҳад шуд ва бадхоҳони миллати мо саъй мекарданд, ки бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф алангаи оташи ҷангро баландтар созанд, аммо Сарвари давлати тоҷикон бо хиради азалии хеш тарафҳоро натанҳо ба ифоқа оварданд, балки онҳоро талқин намуданд, ки якдигарро бародарвор ба оғӯш бигиранд. На ҳар сарвару на ҳар миллат метавонад чунин кори бузургро ба анҷом расонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид низ таъкид кардаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».

Бинобар ин, барои мо лозим аст, ки ба хотири ояндаи миллату давлат ҳамеша ҷонибдор ва муҳофизи пойдории ваҳдати миллии хеш бошем. Нагузорем, ки душманони миллат бо иғвоҳои пардапӯшона миёни мардуми кишвари азизамон ҷудоӣ андозанд.

Баъди ба имзо расидани «Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар бораи ваҳдати миллӣ, роҳҳои муяссар гардидану масири тайкардаи он ва барои ҳар қавму миллат чи неъмати бебаҳо буданаш бисёр гуфтаанду навиштаанд, аммо ба андешаи мо, корҳои зиёде дар пеш аст. Мо вазифадор ҳастем, ки дар атрофи мавзуи мавриди назар, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ байни насли наврас ва ҷавон бештар кор барем. Тавре Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанду ҳушдор медиҳанд, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳему бедору ҳушёр бошем. Зеро ҳанӯз душманони миллати мо ором нагирифтаанд. Онҳо лаҳзаи мувофиқ меҷӯянд, то оромии Тоҷикистонро халалдор намоянд. Барои дурустии андешаҳоям воқеаҳои чанде пештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдодаро ба ёд овардан кофист. Насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллат ва кишвар ба онҳо вобаста аст, пеш аз ҳама бояд ба мафҳуми «худшиносӣ», «ҳувияти миллӣ», «ватан», «истиқлол» ва дигар арзишҳои миллӣ хуб сарфаҳм бираванд. Онҳо бояд фаромӯш накунанд, ки «дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст». Дар баробари ин, тамоми сокинони Тоҷикистон эҳсос кунанд, ки ин кишвар барои ҳамаи мо Ватан аст ва онро дӯст доштану ҳифз намудан вазифаи ҷонии мост. Вожаи Ватан он қадар маънии бузургро дар худ фаро гирифтааст, ки наметавон онро дар як саҳифа тафсир кард. Ватан хонаи умеду орзуҳо, бахту саодат ва оғозу анҷоми ҳар яки мост ва мо бояд ба хотири ободӣ ва ҳифзи марзу буми он мардона қадам бизанему ба хотири имрӯзу фардои дурахшонаш бо дилу нияти пок кору фаъолият намоем.

Саъю талош дар роҳи камоли маънавӣ, даст ёфтан ба зиндагии шоистаи инсонӣ, муаррифии симои нуронии халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ, истодагарию устуворӣ дар баробари буҳронҳою чолишҳои муосир, пешгирии ҳар гуна рафтору кирдори номатлуб ва муяссар шудани дастовардҳо маҳз дар заминаи мавҷуд будани ваҳдати воқеӣ ва ҳамешагӣ ба даст меояд ва шукри беҳисоб, ки мо ваҳдат дорему насли имрӯзу оянда талош хоҳанд кард, ки он бақои абад ёбад.

Дар фароварди сухан мехоҳам фарорасии ҷашни бузурги 25-умин сол- гарди Ваҳдати миллиро барои ҳамаи ҳамватанони азизам табрик бигӯям. Орзу дорам, ки дар кишвари азизи мо ҳамеша сулҳу ваҳдат пойдор бошаду мардуми шарифаш аз зиндагии пурсаодату саршор аз нишот бархӯрдор.

Барно САИДВАЛИЗОДА, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия

Дигар хабарҳо