ЗОҲИДОВА СУБҲИЯ
СУБҲИЯ ЗОҲИДОВА 3 январи соли 1964 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Душанбе (1985), соле дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), дар шуъбаи мактубҳо, кор кардааст. Аз соли 1987 ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.
Ашъораш дар рӯномаву маҷаллаҳои даврӣ ва маъмӯаҳои «Даргоҳи падар» (1996), «Афсонаи шаб» (2004), «Раққоса» ба табъ расидаанд.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.