ЗОИРДУХТ РАЪНО
РАЪНОИ ЗОИРДУХТ 15 декабри соли 1961 дар ш. Истаравшан таваллуд ёфта, дар мактаби миёнаи №20 таҳсил кардааст. Дастпарвари Техникуми савдои Тошканд ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Алъон раиси бахши Истаравшани Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, сардабири моҳномаи «Ганҷи ороста» ва садри «Фарҳангсаройи ориёӣ» мебошад.
Аз синфи ҳафтум ба шеъргӯйӣ пардохтааст.
Намунаҳои ашъораш дар маҷаллаву ҳафтаномаҳои «Паёми Истаравшан», «Пионери Тоҷикистон», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат», «Чархи гардун», «Минбари халқ», «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), «Истиқбол», «Хуҷанд» («Паёми Суғд») интишор ёфтаанд.
Баъдан ба мухлисонаш се маҷмӯаи шеърӣ – «Гули толеъ», «Духтари субҳ» ва «Валодати эҳсос»-ро тақдим кардааст.
«Фарҳангсарои ориёӣ» бо кӯшишу ибтикори ӯ ва сармояи доктор Обтини Сосонфар, раиси анҷумани «Мероси ниёкон» хонум Меҳрафзуни Сосонфар (Порис) ва ҳамдастии раиси «Анҷумани Рӯдакӣ» Масъуди Миршоҳӣ бунёд гардидааст, ки дар тарғибу ташвиқи мероси ниёконамон ҳиссаи сазовор мегузорад.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.