Зинаҳои хуршед

 Зинаҳои хуршед

Бо мақсади он ки хонандаи гиромӣ оид ба НБО Роғун маълумот пайдо намояд, зинаҳои пасисарнамудаи онро рӯи коғаз овардем:

Соли 1931. Аввалин тадқиқотчиён ба мавзеи бинокорӣ омаданд. Ба ин гурӯҳ мутахассисони варзидаи давлати Шуравӣ Семён Колежнюк ва Виктор Нинахов шомил буданд.

Соли 1932. Дар харитаи захираҳои гидроэнергетикии давлати Шуравӣ Неругоҳи Роғун бо номи «Сичароғ» дарҷ гардид.

Соли 1972 (10 июл). Асоснокии НБО-и Роғун аз ҷониби мутахассисони филиали дар Тошканд будаи Институти «Гидропроекти»-и СССР таҳия ва ба охир расонида шуд.

Соли 1976 (27 сентябр). Аввалин ҷаласаи ботантана бахшида ба бунёди НБО Роғун баргузор гардида, вазири барқи СССР П. С. Непорожний аз оғози сохтмон мужда расонд.

Соли 1980 (27 ноябр). Шурои Вазирони СССР лоиҳаи сохтмони Неругоҳи Роғунро тасдиқ намуд.

Соли 1986 (25 декабр). Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Кумитаи ташкилии шаҳри Роғун қарор қабул намуд. Апрели соли 1987 собиқ раиси шаҳри Норак Яҳё Мирфозилов раиси Кумитаи ташкилӣ ва баъд раиси шаҳр интихоб гардид.

Соли 1987 (16 май). Конференсияи нахустини ҳизбии шаҳр баргузор шуда, дар он А. Я. Суриков — котиби якум, А. Шарофиддинзода – котиби дуюм, З. Нафикова — котиби ҳизб интихоб гардиданд.

Соли 1988 (19 сентябр). Мувофиқи қарори КМ ҲКИШ ва Шурои Вазирони СССР лоиҳаи гирдоэнергетикии «Роғун»-ро маъқул дониста, барои эътимоднокии он аз нав экспертиза ташкил ёфт. Октябри соли 1990 эътимоднокии он тасдиқ гардид.

Соли 1992 (18 феврал). Дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) Созишномаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои об ба имзо расид.

Соли 2008 (30 май). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун омада, оид ба аҳаммияти стратегии Неругоҳи Роғун суханронӣ карда, бунёди онро барои тараққиёти Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.

Соли 2009 (28 октябр). Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар воҳурӣ бо сохтмончиён ва сокинони шаҳри Роғун оид ба моҳияти неругоҳ ҳарф зада, изҳор намуданд: «Бунёди Неругоҳи Роғун набояд боиси ташвишу изтироби кишварҳои поёноб бошад…».

Соли 2009 (16 декабр). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим дар шаҳри Копенгаген изҳор намуданд, ки пешниҳоди сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи низоми вазъи экологӣ ва истифодаи сарфанокии об ҷонибдорӣ мекунанд.

Соли 2016 (29 октябр). Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилоти байналмилалии ҷаҳон — СММ муроҷиат намуда, дар бораи харобкориҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва талаву тороҷ гардидани техникаву таҷҳизотҳои НБО-и Роғун маълумот доданд. Баъди ин оид ба идома додани сохтмон озмун эълон гардид. Ширкати машҳури Имперҷилои Италия ғолиб омад.

Соли 2018. Бо ташаббуси Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати аввали Неругоҳи Роғун ба кор даромад.

Соли 2019. Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳидии одамони сершумор агрегати дуюми неругоҳро ба кор андохта, кишварамон дар истеҳсоли неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар миқёси ҷаҳон аз пешсафон маҳсуб гардид.

 * * *

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки дар шаҳри Роғун ва иншооти азими он ҳазорҳо мутахассисону бинокорони бомаҳорату болаёқат, кормандони соҳаи илму фарҳанг тарбия ёфта, ба камол расида, ба нафъи халқу ватан хизмат намоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ изҳор намуданд: «Таърихи башарият нишон медиҳад, ки танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои милливу давлатиро тарбия кардаанд».

 Р. АҲМАДЗОДА, «Дурдонаҳои диёри нурафшон»

Дигар хабарҳо