Зикри хайр. ҲОҶӢ МУРОД

 Зикри хайр.  ҲОҶӢ МУРОД

25 марти соли равон дили шоир ва рӯзноманигори хушному пуркор, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Ҳоҷӣ Мурод дар 81-солагӣ аз тапиш бозмонд.

Номи марҳум бо шеърҳо ва мақолаҳояш аз охири солҳои 60-уми асри гузашта ба хонандагон ошно буд. Фаъолияти рӯзноманигорияшро аз рӯзномаи маҳаллии «Қаротегини советӣ» оғоз намуда, баъдан дар пойтахт идома доду вусъат бахшид. Муддате дар Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҳамчун муҳаррир ва сипас дар рӯзномаҳои бонуфузи «Маориф ва маданият», «Адабиёт ва санъат» ҳамчун ходими адабӣ ва мудири шуъба пурмаҳсул кор кард. Дар ҳамин солҳо ҳамчун шоир ва рӯзноманигор соҳибном шуд ва навиштаҳояш пайваста пешкаши хонандагон мегардиданд.

Як давраи тӯлонии фаъолияти равоншод дар нашриёти «Адиб» сипарӣ шудааст ва ӯ дар таҳияву таҳрири як силсила китобҳои хуби бадеӣ саҳми муносиб гузоштааст.

Маҷмуаҳои ашъори «Суроғ» (1989), «Хӯшабанд» (1992), «Хокистари сиришк» (1996), «Исёни сукут» (2000), «Қаламрави таманно» (2003), «Бомдоди нилуфар» (2007), «Сувари фитрат» (2012) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Соли 1997 бо китоби ашъори «Хокистари сиришк» соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардид. Дорандаи ордени «Шараф» буд ва аз соли 1993 дар сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор дошт.

Ёду номаш гиромӣ бод!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ  НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 

                              ***                                                                  

Ҳоҷӣ Мурод, шоири дилдодаи Ватан,

Буд масти шодмониву аз бодаи Ватан.

 

Аз хомааш бирехт ҳазорон чакомаҳо,

Аз ӯ бимонд беш зи андоза номаҳо.

 

Худро фидои бахту нишоти Ватан намуд,

Тасвирҳои тоза ба мову ба ман намуд.

 

Ёдаш ба хайр бод, суханҳои ӯ ба ёд,

Зикре аз ин азизи сухан боду зинда бод! 

                                                                     Парда ҲАБИБ

 

Дигар хабарҳо