Зикри хайр. ҲАБИБ ИМОДӢ

 Зикри хайр. ҲАБИБ ИМОДӢ

31 июли соли равон дар синни 86-солагӣ дили рӯзноманигор ва нависанда Ҳабиб Имодӣ аз тапидан бозмонд.

Ҳабиб Имодӣ зодаи деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон буда, барои таҳсил ба пойтахти Тоҷикистон омадааст ва соли 1967 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм кардааст.

Фаъолияташро дар нашриёти «Маориф» оғоз бахшида, баъдан дар маҷаллаи «Пионери Тоҷикистон» ва Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон идома додааст. Аз соли 1985 то 1987 дар Афғонистон ба тарҷумонӣ машғул шудааст.

Аз нависандаи марҳум китобҳои «Як даста садбарг», «Деҳқонзодагон», «Ҷасорат», «Бачаи каждум» ва ғайра,

ки қиссаҳову ҳикояҳояшро дар бар гирифтаанд, ба ёдгор мондаанд. «Қиссаи шимол»-и К. Паустовсикй ва романи «Муаллими шамшербозӣ»-и А. Дюмаро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Аз соли 1997 узви Иггифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Бо хушсуханиву фурӯтанӣ дар дилу дидаи ёронаш ҷой дошт ва бо асарҳояш хисоли неки инсониро тарғиб мекард.

Чароғи ёди ин нависандаи хушном ҳамеша фурӯзон бод!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 

Дигар хабарҳо