Зикри хайр. МУРТАЗО ЗАЙНИДДИНЗОДА

 Зикри хайр. МУРТАЗО ЗАЙНИДДИНЗОДА

5-уми октябр қалби яке аз устодону олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, узви ИНТ Муртазо Зайниддинзода дар синни 65-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Муртазо Зайнидинзода 30 декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1976 мактаби миёна, соли 1981 факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 1987 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм карда, рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» дифоъ намудааст.

Барои хидматҳои шоиста дар соҳаи маориф ва илм бо унвонҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998), «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», ордени «Дӯстӣ» (2009), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010) сарфароз гардид.

Ӯ муаллифи китобу дастурҳои «Машъалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино» (2008), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2015), «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» (2016), барномаи таълимии адабиёти Иттиҳод (2005) ва Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005) аст. Китоби дарсии «Адабиёти ҷаҳон барои синфҳои 10-11» (2001) низ бо заҳмати ӯ дастраси хонандагон гардидааст. Марҳум муаллифи зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбариаш солҳои 1993-1996 дар мақоми муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ оид ба корҳои таълим ва тарбия оғоз гардида, солҳои 1999 — 2001 ба сифати мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, солҳои 2001-2002 муовини сардори қисми таълими ДДМТ, сармутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Соли 2005 ба ДДМТ баргашта, то соли 2008 ба сифати сардори Идораи таълимию методӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2008-2011 декани факултети журналистикаи ДМТ, аз соли 2013 то 2022 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ будааст.

Марҳум узви Иттиҳоди тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015) буд.

Муртазо Зайниддинзода барои хидматҳои барҷастаи илмию адабӣ ва ҷамъиятӣ бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи ИНТ ба номи Садириддин Айнӣ (2021) сазовор гардида буд.

Хотираи адиб, олим ва дӯсти азиз дар дилу ёдҳо боқӣ хоҳад монд.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо