Зикри хайр. АСАД ГУЛЗОДАИ БУХОРОӢ

 Зикри хайр. АСАД ГУЛЗОДАИ БУХОРОӢ

29-уми майи соли равон шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Асад Гулзодаи Бухороӣ дар 90-солагӣ чашм аз ҷаҳон барбаст. Марҳум то охири умр дар зодгоҳи худ – шаҳри Бухоро зиндагӣ дошт ва барои тарғибу тарвиҷи забону адабиёти тоҷикӣ аз роҳи тадрис, рӯзноманигорӣ ва эҷоди ашъор хидматҳои шоён кард.

Равоншод хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буд ва баъди хатми ин боргоҳи илм дар чанд мактаби тоҷикии вилояти Бухоро аз забону адабиёти тоҷик таълим дод ва сипас дар ширкати радио ва телевизиони ин вилоят фаъолияти тӯлониву пурбор дошт.

Аз ин шоири пуркору фидоӣ маљмуаҳои ашъори «Насими Бухоро», «Хатти пешонӣ», «Бухоро», «Шукуфаҳои Бухоро», «Намози рӯи барг», «Нафаси баҳор», «Гули мурод», «Арзи сипос» ва «Паёме аз Бухоро», ки дар шаҳрҳои Душанбеву Бухоро ва Тошканду Теҳрон чоп шудаанд, ба ёдгор монданд.

Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Ёду номаш ҳамеша гиромӣ бод!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо