ЗАЙНИДДИН ХУДОЙДОД
ХУДОЙДОДИ ЗАЙНИДДИН 15 марти соли 1980 дар деҳаи Ялдамичи ноҳияи Рашт ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1997, баъди хатми мактаби миёнаи №26, вориди факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шуда, соли 2003 хатмашкардааст.
Баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳаш баргашта, дар шуъбаи маорифи ноҳия ба ҳайси мушовири фанҳои забон ва адабиёти тоҷик оғози фаъолияти корӣ намудааст.
Муддате дар ҷамоати деҳоти Қалъанак котиб будааст.
Дар айни ҳол сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия мебошад.
Офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои шеърии «Хандаи субҳ» (1999), «Диле, дил…» (2002), «Сапедоро» (2006) ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Лоиқ Шералӣ «Падида».
Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.