«Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»

 «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»

19 апрел гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба таҳияи филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо мақсади интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон тӯли се рӯз аз маконҳои таърихию сайёҳии мамлакат, аз ҷумла масҷиди Ҳазрати Мавлоно, Кохи Наврўз, ҚалъаиҲисор ва манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак дидан намуда, маконҳои мувофиқро барои наворбардории саҳнаҳои филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» интихоб менамоянд.

Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамзамон аз павилйонҳо, толори Мактаби кинематографистони ҷавони муассисаи «Тоҷикфилм» ва кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров боздид ба амал оварданд.

Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навои» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон ба навор гирифта мешавад.

Дигар хабарҳо