ДОНОХОНОВ ЭШМУҲАММАД

 ДОНОХОНОВ ЭШМУҲАММАД

ЭШМУҲАММАД ДОНОХОНОВ 5 майи соли 1947 дар деҳаи Дуғдонаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст.

Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, таҳсилро дар мактаби миёнаи деҳаи Бошқайнар идома додааст.

Баъдан хонадонашон ба ноҳияи Колхозобод кӯч баста, Эшмуҳаммад дар мактаби миёнаи №48 соҳиби номаи камол гаштааст.

Сипас ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд дохил шуда, соли 1969 хатмаш кардааст.

Солҳои 1969-1981 дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод», солҳои 1981-1983 дар рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи Коммунизм»-и ноҳияи Ҷилликӯл фаъолият бурдааст.

Аз соли 1983 дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳозира «Халқ овози») ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёт ва санъат, муовини сармуҳаррир ва мухбири махсус дар вилояти Хатлон кор мекунад.

Ҳикояву қиссаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Комсомоли Тоҷикистон», «Халқ овози», «Адабиёт ва санъат», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати», «Муштум», «Фирӯза» ва ғ. чоп шудаанд.

Китоби қиссаҳояш «Кулфат» (1990) ва «Қуюн» (1992) дар Тошканд аз чоп баромадаанд. Соли 1999 китобаш «Оёғи ердан узилган аёл» («Зане, ки пояш аз замин канда шудааст») дар Хуҷанд интишор ёфтааст. Соли 2000 қиссаи «Қуюн» («Тӯфон») бо таҳриру иловаҳои нав дар Душанбе чоп шудааст.

Маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳояш «Кӯнгил мулки» («Мулки дил») соли 2004 ба табъ расидааст.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эшмуҳаммад Донохонов 12 сентябри соли 2020 вафот кард.

 

Дигар хабарҳо