Дови актёр

 Дови актёр

Беш аз ду сол мешавад, ки фил­ми ҳунарии коргардони ҷавон, вале соҳибтаҷриба Муҳиддин Музаффаров бо номи «Дов» дар кинофестивалҳои байналмилалӣ иштирок карда, диққати киношиносону мухлисони сершумор­ро ба худ кашидааст. Коргардон ва ҳунарпешагоне, ки дар филм нақш офаридаанд, бо ҷоизаҳои гуногун сарфароз ва сазовори таҳсину офа­рини ҳаводорону мутахассисони соҳа гардидаанд.

Якбора пош хӯрдани давлати пурқудрате чун Иттиҳоди Шуравӣ ва канда шудани риштаҳои иқтисодии ҷумҳуриҳо, ба гирдоби ҷанги шаҳрван­дӣ гирифтор гардидани баъзе аз ки­шварҳо, паст шудани сатҳи зиндагии мардум, ба хотири рӯзгузаронӣ дигар кардани ихтисосу ҷойи кор ва билохи­ра ба дуздӣ даст задани ду дӯст, ду корманди обрӯманди соҳаи фарҳанг лаҳзаҳои ҷолиби филм аст, ки пеши чашми тамошогар мушкилоти солҳоро зинда мегардонанд. Ҳирси молу сарват дӯстонро аз ҳам ҷудо месозаду риштаи пайванди миёни онҳо канда шуда, ҷойи онро нафрату адоват мегирад. Ин ҳолат бинандаро водор месозад, ки андеша кунад, рухдодҳоро муқоиса намояд.

Нақши қаҳрамонҳои асосии филм – Маннонро ҳунарпешаи театру кино Салоҳиддин Шукурзода ва нақши Қаҳҳорро Абдулмуъмин Шарифӣ иҷро мекунанд. Дар филм ҳамчунин ҳунарпешаҳои дигар чун Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмо­нова ва дигарон нақш офаридаанд.

Филми «Дов» барои Салоҳиддин Шукурзода омади кор, барор ва дови ҳунарӣ гардид. Зеро Салоҳиддин бори нахустин аст, ки нақши қаҳрамони марказиро мебозад. Ва ин интихоби коргардон, ба қавле, бозёфти ӯ гар­дид, яъне Салоҳиддин Шукурзода низ аз зумраи он ҳунарпешаҳои театру синамои тоҷик аст, ки маҳорат, ҳу­нару истеъдоди комиле дорад, бори вазнини нақши марказиро ба хубӣ кашида метавонад. Боз дови дигари Салоҳиддин ин аст, ки дар нахустин синамоозмуни миллии “Тоҷи Сомон” филми ҳунарии “Дов” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардид ва барои нақшофарӣ ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба вай сазовор до­ниста шуд. «Дов» тули беш аз ду сол қариб дар сӣ кинофестивали Осиёи Марказӣ, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳин­дустон ва бисёр мамолику манотиқи дигари олам намоиш дода шудааст. Дар аксари шаҳру ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ин филмро бо шавқ тамошо мекунанд. Ҳангоми дар кохи Маърифати шаҳри Ваҳдат намо­иш додани филми «Дов» шахсан онро ду маротиба бо завқ тамошо кардам ва мехоҳам, ки онро боз бубинам.

Ҳунарпеша 16 декабри соли 1963 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1981, баъди хатми мактаби миёна, орзуҳо ӯро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода меоранд. Баъди супоридани имтиҳонҳо бо сабаби нарасидани холҳои зарурӣ чун шуна­вандаи озод қабул мешавад. Пас аз чанде барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ даъват мегардад. Хизматро дар Ҷумҳурии Муғулистон бо сари ба­ланд анҷом дода, боз ба донишкадаи азизаш меояд. Ниҳоят бахташ омад мекунаду донишҷӯи шуъбаи актёрии ин боргоҳи ҳунар мегардад. Баъди хатми донишкада муддате дар театри «Гаҳвора»-ю театр-студияи «Ҳилоли Аҳмар» ва баъдан дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба ҳайси ёвари кор­гардон кор мекунад. Давраи дар ин даргоҳ кор кардан вақти худро зоеъ нагузаронда, дар таҳияи чанд филми коргардонҳо Муҳиддин Муҳаммадиев ва шодравон Тоҳир Баҳромов саҳм мегузорад.

Роҳи ҷиддиву сарнавиштсози Са­лоҳиддин Шукурзода дар олами ҳу­нар соли 1991 аз Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуруъ мегардад. Беш аз сӣ сол мешавад, ки ин ҳунарпеша дар ҷодаи бозигарӣ софдилонаю содиқона ва боҷуръатона қадам мемонад. Дар ин муддат Салоҳиддин Шукурзода дар беш аз чил намоишномаи театрӣ ва қариб бист филми ҳунарӣ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Тамошобин филми телевизионии «Зиёфати шоҳона»-ро, ки муаллифу коргардон Салоҳиддин Шукурзода мебошад, ёд дорад, ки дар он бо Қиёмиддин Чақалзода ҳамкорӣ на­муда, нақши қаҳрамони марказиро офаридааст, ки хеле хубу хотирмон мебошад.

– Муҳиддин Музаффаров барои ҳунармандон майдоне офарид, ки онҳо тавонистанд истеъдоди нуҳуфтаи худро нишон диҳанд. Яке аз иҷрокунан­дагони ду нақши марказӣ Салоҳиддин Шукурзода мебошад, ки аз иҷрои ин нақш ба хубӣ баромад. Маҳз нақши офаридаи ӯст, ки «Дов» пайи ҳам дар кинофестивалҳо иштирок карда, аз тарафи коршиносон баҳои баланд мегирад ва қатори филмҳои беҳтарин ном бурда мешавад, – гуфт дар суҳбат масъули таблиғи филмҳои «Суғдсина­мо» Зайниддин Орифӣ.

– Театр ҷое нест, ки аз он сарвату зару зевар ба каф орӣ, – мегӯяд Са­лоҳиддин Шукурзода. – Вале он барои ман макони амалигардонии орзуҳоям гашт. Бо устодони бузурги саҳна паҳлу ба паҳлу кор кардану ба таъбири эшон, чанги саҳнаро ҳамроҳ нафас кашидан кайфияту ифтихоре дорад, ки онро танҳо эҷодкорони асили саҳна медонанд. Агар дар ҷомеа қадре ҳам шинохта шуда, обрӯю эътиборе до­шта бошам, онро аз шарофати театр медонам. Ин пешаро худам интихоб кардаам. Ман ба театр ҷавониамро бахшидам, мӯйҳои сиёҳамро ҳамин ҷо сафед кардам ва то умр боқист, тамо­ми неруву ҳастиам, маҳорату истеъ­доду ҳунарамро ба он хоҳам бахшид.

Чанде пештар «Дов» ба рӯйхати филмҳои иштирокчии синамофести­вали Арктика ворид гардид ва ҳайати эҷодии филм низ ба ин фестивал даъват шудааст. Умед аст, ки ҳайати эҷодиаш аз он ҷо ҳам дасти холӣ бар­намегардад.

Амруллоҳи Забир

Дигар хабарҳо