ДИЁРӢ БОЛТАҚУЛ

 ДИЁРӢ БОЛТАҚУЛ

БОЛТАҚУЛ ДИЁРӢ 6 апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1941 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст.

Аз соли 1932 муаллими мактаб, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон, хабарнигори рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар Самарқанд будааст.

Асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекард, ки дар китобҳои «Баҳори меҳнат» (1933), «Гулҳои ҳаёт» (1934), «Қалами мо» (1935), «Дар меҳмонии пионерон» (1936), «Барги сабз» (1948), «Кӯли булӯрин» (1954), «Баҳори орзу» (1960) ва ғ. фароҳам омадаанд.

Аз соли 1948 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

28 декабри соли 2004 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо