ДАВЛАТ ҚУВВАТ
ҚУВВАТ ДАВЛАТ 26 апрели соли 1952 дар деҳаи Табушни ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ таваллуд шудааст.
Соли 1970, баъди хатми мактаби миёна, ба хизмати низомӣ рафта, соли 1973 вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гардидааст.
Соли 1977, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор пардохтааст.
Ширкатвари фестивали ХI шоирони ҷавони шӯравӣ дар шаҳри Қизил (1982) будааст.
Аз даврони мактабхонӣ шеър менавиштааст.
Соли 1977 силсилаи ашъораш бо сарсухани Бозор Собир дар «Садои Шарқ» ба чоп расидааст.
Соли 1983 аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Пайрави дил» мунташир гаштааст.
Баъдан офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Боли самандар» (1988) ва «Шаҳри ишқ» (2002) ба чоп расидаанд.
Ҳамчунин, муаллифи гулчини «Хуршедҳои гумшуда» (Теҳрон, 1999) мебошад.
Доир ба таърихи диёр ва шахсиятҳои шоистаи Масчоҳ чанд китоб, монанди «Шерони Масчоҳ» (2003), «Родмардони Палдорак» (2001), «Олиҳиммат» (2002) ва ғ. таълифу мунташир намудааст.
Ҳамчунин, муассиси рӯзномаи шахсии «Гулбонг» будааст.
Маҷмӯаи нисбатан мукаммали назму публитсистикааш соли 2012 таҳти унвони «Ҷароҳати шафақ» интишор ёфтааст.
Ҳамон сол дар Хуҷанд маҷмӯаи ашъораш бо номи «Паёми фардо» бо ҳуруфи кириллӣ ва алифбои ниёкон аз чоп баромадааст.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
11 апрели соли 2004 бо дунёи фонӣ падруд гуфт.