Гиромидошти олим

 Гиромидошти олим

Моҳи августи соли 2024 дар Тоҷикистон 100-солагии ада­биётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта мешавад. Ин чорабинӣ дар асоси «Ҷадва­ли баргузории ҷашну сол­гард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» доир мегардад.

Бахшида ба 100-сола­гии Соҳиб Табаров баргу­зории ҳамоишу конфронс ва барномаҳои маърифа­тиву фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.

Номбурда профессори фахрии Донишгоҳи мил­лии Тоҷикистон ва До­нишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садрид­дин Айнӣ, муаллифи беш аз 800 асару таълифоти илмӣ буд. Офаридаҳои нахустини Соҳиб Табаров диққати устод Айниро ҷалб намудаанд.

Соҳиб Табаров дар таҳқиқи осори Николай Островский, М. Е. Салтиков-Шедрин, Пай­рав Сулаймонӣ, Алӣ Хуш, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва дигарон саҳми босазо гу­зоштааст.

Олим барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдул­ло Рӯдакӣ, Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимии Акаде­мияи миллии илмҳои Тоҷи­кистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Шараф», се ордени «Нишони фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Дигар хабарҳо