ВОСИТЗОДА АБДУҶАЛИЛ
АБДУҶАЛИЛ ВОСИТЗОДА 20 феврали соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтаву дар ҳамон ҷой таҳсил дида, баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М. Киров дар мактабҳои миёнаву ҳафтсолаи шаҳру ноҳияи Хуҷанд, ҳамчунин, дар Омӯзишгоҳи варзишӣ-педагогии Орҷоникидзеобод муаллимӣ кардааст.
Сипас дар рӯзномаҳои вилояти «Ҳақиқати Ленинобод» ва байниноҳиявии «Бо роҳи Ленинӣ» ҳамчун ходими адабӣ, котиби адабӣ, мудири шуъба, котиби масъул ифои вазифа намуда, муддате мушовири адабии шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.
Баъдан, соли 1966, ба Душанбе кӯчида, аввал дар рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон», сипас дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» фаъолият бурдааст.
Аз апрели соли 1969 то июли 1981 муовини сармуҳаррири ҳамин рӯзнома будааст.
Солҳои 1981-1987 сарварии нашриёти «Ирфон»-ро бар уҳда доштааст. Моҳи июли соли 1989 ба нафақа баромадааст.
Аввалин китоби ӯ «Шеърҳо дар бораи табиат» соли 1955 чоп шуда, мавриди диққати хонандагон қарор гирифтааст ва аксари шеърҳои он ба китобҳои хониши синфҳои ибтидоӣ ворид шудаанд.
Китобҳои дигараш «Дар соҳили Сир» (1958), «Ҷавоби Савсан» (1959), «Дилоро» (ҳикояҳо, 1964), «Подоши садоқат» (1968), «Фарзанди Қаратов» (1971), «Оинаи дил» (1979), «Гуфтор бо дил» (1984), «Маснади иқбол» (1987), «Баҳори бехазон» (1990) ва ғ. пайиҳам ба табъ расидаанд.
Соли 1999, ба муносибати 90-солагии зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон шодравон Раҳим Ҷалил, «Меҳрнома»-е ба чоп расондааст.
Мунтахаби ашъори ӯ «Баҳори Аҷам» соли 2001 чоп шуда, «Ашкҳои сӯзон» ном дафтари нави ғазалҳояшро ҳам дар бар гирифтааст.
Соли 2004 маҷмӯаи нави ашъораш «Дидор», ба муносибати 75-солагии зодрӯзи муаллиф, ва мунтахаби асарҳояш «Сармояи умр» интишор ёфтаанд.
Чанде аз асарҳои шоирону нависандагони русу халқҳои бародари шӯравиро, монанди М.Светлов, М.Бажан, М.Терешенко, Г.Леонидзе, Н.Бараташвили, И.Ҷонсуғуров, С.Абдулло, В.Терян, Махдумқулӣ ва ғ. ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп кунондааст.
Ҳамчунин як қатор асарҳои адибони ҳинд, монанди Премчанд, Кришан Чандр, Хоҷа Аҳмади Аббос, Сударшон ва ғ. дар тарҷумаи ӯ дастраси хонандаи тоҷик гардидаанд.
Соли 1958, ба муносибати Конфаронси адибони кишварҳои Осиё ва Африқо дар Тошканд, як силсила шеърҳои шоирони муосири туркро ба тоҷикӣ гардондааст.
Иддае аз офаридаҳои ӯ ба забонҳои мардуми шӯравӣ, аз ҷумла, маҷмӯаи ашъораш «Суруди кӯҳсор» соли 1968 ба забони ӯзбекӣ (дар Тошканд) тарҷума ва чоп шудаанд.
Бо ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва медалҳо сарфароз гардонида шудааст.
Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.
Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
29 июли соли 2005 падруди олам гуфт.