Вориси тарзи адибони Самарқанд

 Вориси тарзи адибони Самарқанд

Адаш ИСТАД

Самарқанд дар аввали асри XX мактаби адабии неруманде дошт. Дар ин мактаби адабӣ Нақибхони Туғрал, Саидаҳмади Васлӣ, Фахриддини Роҷӣ, Саидаҳмади Аҷзӣ, Сипандӣ ва Писандӣ, Гулханӣ ва Ҷавдат барин шоирони машҳур гирд омада буданд. Дар бораи обрўи баланди мактаби адабии Самарқанди аввали асри XX Тамҳид дар як шеъраш гуфтааст:

Бувад табъи баландашро баназму наср устодӣ,

Касе гар пайрави тарзиадибони Самарқанд аст.

Аз шоирони аввали асри X X — и Самарқанд то инқилоби октябр танҳо Нақибхони Туғрал тавонист девони ғазалиёташро ба табъ расонад.

Қорӣ Масеҳои Тамҳид дар ҷаҳони дигар – ҷаҳони адабиёти классикӣ сайр дошт, ки онро навпардозон куҳна мешумурданд. Аммо вай мутмаин буд, ки адабиёти ҳақиқӣ он сабкест, ки ў менигорад ва ҳамин хоҳад монд ва “навпардозиҳое”-ро, ки рух медиҳанд, намепазируфт. Қорӣ Масеҳои Тамҳид ғазал, қасида, манзума менавишту китоб мекард. Китобҳои нодирро дарёфт намуда, бо хати зебои хеш нусха мебардошт. Асосан китобдориро пешаи хеш қарор дода буд.

Ҳамин тавр, бо муъҷизае аз фалокати зиёикушии соли 1937 сиҳат гузашт, вале соли 1948 давраи дувуми истибдоди зиёикушӣ оғоз ёфт. Аввал худашро бурда ҳабс карданд ва баъд омада ба се ароба ҳамаи китобҳои нодир ва дастхатҳояшро бор карда бурданд.

Қорӣ Масеҳо соли 1957 аз зиндон баргашт. Ба шиносаш Раҳмонбердӣ Эгамбердиев гуфтааст, ки “НКВД ба ғайри дастхатҳои бисёри нодир ду девони ғазалиёт, чандин манзума (достон), қасидаҳои маро сўзондааст, кошкӣ, худи маро месўхтанду дастхатҳоямро даст намекофтанд. Кошкӣ, дар ҳабс мемурдаму ин фоҷиаро намедидам”.

Қорӣ Масеҳои Тамҳид чӣ одами матинирода будааст, ки дар поёни умр, яъне аз соли 1957 то 1976, яъне дар бист соли боқимондаи заъфи пирӣ ва дардмандӣ боз неруе дар оташи боқимондаи дилаш дарёбад ва зиёда аз 16 ҳазор мисраъ шеър нависад.

Ин шеърҳо, хушбахтона, аз ҷониби донишмандони машҳур — узви Академияи Ню-Йорк, олими соҳаи кайҳоннавардӣ Шавкат Воҳидов ва шарқшинос Камол Воҳидов дар шакли китоб дар Тошканд аз ҷониби нашриёти “Фан” соли 1995 ба табъ расиданд.

Дар бораи донишмандии ў соатҳо ҳарф метавон зад . Раҳмонбердӣ Эгамбердиев ёдовар шуд, ки боре ў бо Ҳабиб Юсуфӣ дар суҳбати Тамҳид будаанд ва Қорӣ Масеҳо оид ба мазмун ва сифоти як байти Бедил ду соати тўлонӣ суханронӣ кардааст. – Бо Қорӣ Масеҳо бисёр нишастан хатарнок буд, – гуфт Р. Эгамбердиев, – зеро доимо таҳти назорат буд. Ба ҳамин сабаб мо аз ин марди фозил барои афзоиши дониши худ дигар истифода карда натавонистем.

Бо ибтикори камина ва кўшиши рўшанфикрони Самарқанд барои реабилитатсияи ҷамъиятиаш як ҷашни ўро дар соли 1996 дар Самарқанд ба нақша гирифтем. Зеро Қорӣ Масеҳои Тамҳид 105-сола шуда буд. Ба ин муносибат ҳокимияти ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, Маркази филологияи Донишгоҳи Самарқанд ва гузари Ялангбек ҷамъомади ҷашнӣ оростанд.

Дар ин ҷамъомад бори аввал оид ба эҷодиёт ва рўзгори Қорӣ Масеҳои Тамҳид аз ҷониби донишмандони варзида Ботурхон Валихоҷаев, Шавкат Шукуров, Садрӣ Саъдиев, Михаил Абрамов, Амон Воҳидов, Абдусалом Самадов, Комилхон Каттаев, муовини ҳокими ноҳияи Сиёб Амриддин Пўлодов, раиси шўрои гузари Ялангбек Зиёмурод Султонов, писару духтари шоир гузоришҳои илмӣ ва тарҷумаҳолӣ карда шуд ва ҳақиқати ҳол баён гардид. Қорӣ Масеҳои Тамҳид ба мақоми сазовори худ, яъне ба паҳлуи шоири классик Нақибхони Туғрал гузошта шуд. Мухаммаси нави шоири ҷавон Нормурод Каримзода ба як ғазали Тамҳид ва сурудхонии набераи шоир Наргиси Мунҷазиб ба матни бобояш, шеърхонии мактабиён аз ашъори Тамҳид гувоҳ бар он буданд, ки Амонулло Махсум Солеҳзода Қорӣ Масеҳои Тамҳиди Фазоилчаманро мошини истибдоди истолинӣ ва марги физиологӣ, яъне ҷисмонӣ натавонистанд, бикушанд. Дар ин бобат худи шоир чунин пешгўӣ кардааст.

Мо харидори қумоши маърифат  ҳастему бас,

Ҳақ дар ин бозор аз рўи карам даллоли мост.

Рўзгори мозии мо гарчи босахтӣ гузашт.

Бешак истиқболи даврондавраи иқболи мост.

Болта Ортиқзода нақл карданд, ки «пас аз баргаштан аз ҳабс низ масъулини давр Қорӣ Масеҳоро зери назорат нигоҳ медошт ва мо ба хонаашон рафта, аз ҳолашон хабар гирифта наметавонистем.

Вале рўзе аз Душанбе Сотим Улуғзода омаданд ва ҳарчанд мушкилоти ин масъаларо фаҳмондам, боисрор такрор мекарданд, ки то ин классики зиндаро набинам, ба Душанбе намеравам. Сипас ман ба хонаашон рафтам, маро ба даромадан роҳ надода, хабар доданд, ки касеро қабул намекунанд, зеро бемори бистарианд! Улуғзода рўзи дигар боз маро ба ҳавлии Қорӣ Масеҳо фиристода, таъкид карданд: Агар зарур бошад, хоки дарашонро бўсед, вале иҷозати дидорбиниро ба даст оред.

Ман боз ба таги дари ҳавлии Тамҳид омадам ва ба наздикони шоир фаҳмондам, ки меҳмон бузургтарин адиби тоҷик, классики муосир Сотим Улуғзода аст, инро ба худи Қорӣ Масеҳо расонида, кай қабул карданашонро маълум кунед.

Сипас хабар оварданд, ки фардо дар фалон соат биёем.

Вақте ки рўзи дигар ба таги дари ҳавлии Қорӣ Масеҳо расидем, Улуғзода истоданду даст болои дил ниҳода гуфтанд: дилам аз ғояти ҳаяҷон тап-тап мезанад.

Чун ба хонаи Қорӣ Масеҳо даро- мадем, пирамарди нурониеро дар пешгоҳи хона ба курсии бисёр му- наққаши шоҳона нишаста дидем. Он қадар аз сару рўяш нур меборид, ки тасвир наметавон кард!

Баъди вохўрдӣ ва ҳолпурсӣ ба мо дар кунҷи ин хона дар атрофи сандалӣ ҷой доданд.

Дар байн хомўшӣ ба амал омад. Бузургии ин устоди сухан он қадар таъсире, дошт, ки ман худро чун мўрчае дар назди фил ҳис мекардам ва сухане ба забон оварда наметавонистам. Хушбахтона, Улуғзода як шеъри калони Тамҳидро аз ёд бо овози марғуладор, бо як самимияти хос ба хондан сар карданд.

Вақте ки шеър тамом шуд, Қорӣ Масеҳои бемадор даст ба дастмонакҳои тахти худ такя дода, рост шуданд ва ба ҷониби Улуғзода шитофтанд, ки ба расми миннатдорӣ аз ҷабинашон бибўсанд. Улуғзода бошанд аз ҷои худ хеста, ба ҷониби Тамҳид давидан мехостанд, аммо пойҳои дарозашон дар даруни сандалии хурд дармонда буд.

Сипас ҳар ду классики зинда ҳамдигарро ба оғўш гирифтанд ва аз чашмонашон ашки шашқатор мешорид.

— Инро навишта, чоп кардан даркор, — гуфта будам ман.

— Ман инро кайҳо навистаам, — гуфтанд Ортиқзода.»

Сипас касе омаду мавзўи суҳбатамон дигар шуд ва ман тафсилоти ин вохўриро пурсида натавонистам.

Ҳоло Улуғзода ҳам дар қайди ҳаёт нестанду Ортиқзода ҳам.

Тамҳид оид ба вазъи замонааш дар як ғазали худ чунин байтҳо дорад: Ҳарчанд хуррам аст гулистон,вале чӣ суд?

Гашта кунун нишемани чуғзукалоғҳо.

З-оҳанги дилнавоз хамўшанд булбулон,

Боло гирифта қар-қару ғавғои зоғҳо.

Дилҳо шуда ба захми ситам хаста, эй табиб,

Ку марҳами илоҷ ба ин дарду доғҳо.

З-ин оҳи оташин, ки зи дилшуъла баркашид,

То боми чарх бар шуда дудаз димоғҳо.

Тамҳид гуфтае, ки ба дил дошт, гуфту рафт,

Шояд қабули халқ шавад ин балоғҳо.

Шодравон Раҳмонбердӣ Эгамбердиев, ки аз дўстони Ҳабиб Юсуфӣ буду камина солҳои 1964-69 дар донишгоҳи Самарқанд ба шунидани маърўзаҳои илмии ў шарафёб шудааст, нақл карда буд, ки ҳам нозирону ҳам душманони шахсии Тамҳид забон як мекунанд, ки ўро бикушанд. Хеле нороҳат буданд, ки чаро бо ин қадар азобҳои аз сар гузаронидааш умри дароз дида истодааст. Барои ин кор қотилеро бо маблағи калон киро мекунанд. Ба қотил мефаҳмонанд, ки Тамҳид иблис аст ва куштани чунин одам кори савоб мебошад.

Қотил дар даст ханҷари бараҳна ба ҳавлии Тамҳид медарояду зуд берун меояд ва ба онҳое, ки хабари марги Тамҳидро интизор буданд мегўяд: Шумо ба ман гуфтед иблис, иблис… О ин одам фариштахисол аст! Ман фариштаро кушта наметавонам. Ва ханҷарро ба замин зада гурехта меравад.

Тамҳид ҳаёти пурхатари худро дар шеъре чунин баён мекунад:

Надида хотири осудае зи дасти рақибон,

Ба хоку хун чу шаҳиди ҷафо тапидаму рафтам.

Набуд як нафас аз умр бегумони хатарҳо,

Мисоли оҳуи ваҳшатгузин рамидаму рафтам.

Охирин шоири классики тоҷик Тамҳиди Фазоилчаман соли 1976 дар кулбаи фақиронаи худ дар гузари Ялангбеки Самарқанд дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт. Ман он вақт дар Душанбе мезистам. Ин хабарро нашунидаам, маълум, ки аз адибони тоҷик касе низ нашунидааст. Касе аз адибони тоҷик шарафёб нашудааст, ки як пои тобути ўро бардорад. Масъулин бошанд назорат кардаанд, ки дар маросими мотам касе нутқ накунад. Вопасин классикро ҳамсояву ҳамгузарҳояш ба роҳи охирин гусел кардаанд. Бо вафоти Тамҳид ҳунари хаттотиву хушнависии тоҷикӣ низ мурд. Зеро ў охирин шогирди хаттоти машҳур Мирмуҳаммади Зарринқалам буд.

Дигар хабарҳо