Ваҳдат – ҷашни баҳамойӣ

Ваҳдат – ҷашни баҳамойӣ

24 июн Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил намуданд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар оғоз ҷамъомадагонро бо ин ҷашни пуршукӯҳ муборакбод гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ваҳдати миллӣ чун омили тақвиятдиҳандаи Истиқлоли давлатӣ сарнавишти Тоҷикистони азизро ба маҷрои сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ, созандагиву ободкорӣ равона сохт, ки дар меҳвари он бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода, мудири бахши робита ва тарҷумаи Иттифоқи нависандагон Абдуллоҳи Раҳнамо, Адибаи Хуҷандӣ, шоираи ҷавон, корманди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Шаҳёд, корманди Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Саидматов ва дигарон дар бораи ваҳдати миллӣ шеърхонӣ ва суханронӣ намуданд.

Дигар хабарҳо