Бозшинохт. Ё сухане дар эҳёи ҷойгоҳи шахсиятҳои миллӣ

 Бозшинохт. Ё сухане дар эҳёи ҷойгоҳи шахсиятҳои миллӣ

Содир шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино боиси ибрози чанд андеша пиромуни мавзуи мазкур гардид.

Масъалаҳои калидие  мисли донистани таърихи гузаштаи ниёгон, омӯзиш ва пажуҳиши осори бузургони илм ва адаби тоҷик ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доранд ва ин шева бояд хосси ҷамъи роҳбарон ва ҳомилону алоқамандони улум ва адаб бошад.

Аз оғози фаъолияти давлатии Пешвои миллат ҷиҳати бузургдошти 1100-солагии давлатдории Сомониён дар маркази пойтахт гузоштани ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ, бузургдошт ва ҷовидона кардани чеҳраҳои мондагори таърихи миллӣ, гузоштани номи эшон дар шаҳру навоҳӣ ва муассисаву марказҳои илмиву фарҳангии кишвар, нашри осори безаволи ин симоҳои бузурги таърихӣ ва ниҳоят имрӯзҳо ба тавсиб расидани қарор доир ба таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз”, ҳамчунин, дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат содир шудани фармон дар ин маврид, ки дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ сифати таълими алифбои ниёкон дар муассисаҳои соҳаи маориф бо тариқи беҳтаре роҳандозӣ шаванд, далели ин иқдомоти қобили таҳсинанд.

Ин дастурҳо, бидуни шакку шубҳа, таконе ҳастанд барои эҳёи дарси фаромӯшшудаи хештаншиносӣ, муаррифии чеҳраи воқеии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ,  имкони бори дигар мавриди пажуҳиш ва таҳқиқи ҷиддӣ қарор додани осори бузургони  мо ва бо хатти асл мутолиа намудани таълифоти эшон…

Чаро ин иқдом имрӯз қадами устуворе дар худшиносии миллӣ маҳсуб мешавад ва чаро мо бояд бидуни таъхир дар амалӣ шудани он саҳми бориз гузорем?

Биёед, рӯ меорем ба таърихи на чандон дури миллати тоҷик, ки борҳо аз ҷониби ақвоми дигар  мавриди беадолатиҳо ва тазйиқу таҳриф қарор гирифтааст: Бо ҳама дастовардҳое, ки мо дар бахши илм доштем, дар даврони Шуравӣ чеҳраи хоссе аз миллати тоҷик дар зеҳни ҷомеа тасбит шуд, ки бештар тобиши бадеӣ ва ҳунарӣ дошт. Ин тасвир чунон густарда таблиғ ва бозтавлид шуд, ки оҳиста-оҳиста бахши дигари ҳувияти таърихии хешро ба фаромӯшӣ супурдем. Мо, воқеан, таҳти таъсири ин тасвири илқошуда қарор гирифтем ва қариб фаромӯш кардем, ки ниёкони мо донишмандоне камназир буданд, ки пояҳои бисёре аз улуми ҷаҳонро бунёд гузоштанд.

Ҳатто дар мактабу донишгоҳҳо низ камтар касе медонист, ки Хайём яке аз дақиқтарин тақвимҳои таърихи башаро тарроҳӣ карда буд. Шумори андаке огоҳ буданд, ки дар асари худ «Фи ал-ҷабр вал-муқобала» муодилаҳои дараҷаи сеюмро табақабандӣ карда, ба ҳалли онҳо пардохтааст. Ҳамчунин ӯ асари муҳимми «Шарҳи мушкилоти мусодироти Уқлидус»-ро ба нигориш даровард.

Бубинед, чӣ гуна яке аз олимон ва муаррихони маъруфи Аврупо Ҷорҷ Алфред Леон Сартон дар китоби маъруфи худ “Муқаддима дар таърихи илм” (Introduction to the History of Science) аз Хайём ба унвони яке аз бузургтарин риёзидонони асрҳои миёна ёдовар мешавад: “Хайём аввалин касест, ки ба таҳқиқи мунтазами илмӣ дар муодилаҳои дараҷаҳои якум, дуюм ва сеюм пардохта, таснифоти шоистаи таҳсине аз ин муодилаҳо пешниҳод кардааст ва дар ҳалли ҳамаи шаклҳои муодилаҳои дараҷаи сеюм ба таври мунтазам таҳқиқ анҷом дода, ба ҳалли ҳандасии онҳо муваффақ гардидааст.

Рисолаи ӯ дар илми ҷабр, ки фарогири ин таҳқиқот мебошад, намунаи тафаккури мунтазами илмӣ аст; ва ин рисола яке аз барҷастатарин осори асрҳои миёна ва эҳтимолан барҷастатарини онҳо дар ин илм ба шумор меравад”.

Камтар дар бораи ин ҳақиқат сухан гуфта шуд, ки Ибни Сино бунёнгузори тибби муосир ба шумор меравад ва осораш қарнҳо дар муътабартарин донишгоҳҳои Аврупо тадрис мешуд.

Теъдоди осори таълифшудаи Ибни Сино ба 456 унвон мерасид. Имрӯз ҳудуди 162 асар аз ин мутафаккири бузург дар китобхонаҳои давлатӣ ва хусусии ҷаҳон нигаҳдорӣ мешавад, ки 23 асари он ба забони тоҷикӣ нигошта шудааст. Акнун пурсиш ин ҷост, ки чӣ теъдоде аз осори ӯ ба забони модариаш тарҷума ё мунташир шудааст?

Абурайҳони Берунӣ муаллифи беш аз 160 рисолаи илмӣ буд. Бисёре аз осори ӯ, аз ҷумла «Китоб-ут-тафҳим лил авоили саноат-ут-танҷим» фарогири масоили нуҷум, табиатшиносӣ, ҳисобу ҳандаса, ҳайат (дастгоҳи ҷабрӣ, дорои ду амал, ки тамоми хусусиёти ҷамъ ва зарби аъдоди ҳақиқиро доранд) ва ҷуғрофияву назарияи тақвим, «Мо лил-Ҳинд» – доир ба мушоҳидаҳои сафари ӯ ба Ҳиндустон, «Китоби таҳдид ниҳоят-ул-амокин фӣ тасҳеҳи масофат-ил-масокин» марбут ба соҳаи геодезию ҷуғрофӣ, «Осор-ул-боқия» асари таърихӣ-мардумшиносӣ, “Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб”, «Қонуни Масъудӣ» ва мисли ин аз ҷониби Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Узбекистон дар солҳои 1966-1987 ба нашр расидаанд. Аммо агар иштибоҳ накунам, дар кишвари мо танҳо намунае аз навиштаҳои ӯ ба унвони “Осор-ул-боқия” солҳои 80-уми асри гузашта ба дасти хонанда расид.

Муҳаммад ибни Мусо Хоразмӣ донишманди бузурге буд, ки ҷаҳон ӯро барҳақ «падари ҷабр» (алгебра) меномад. Ӯ барои нахустин бор алгебраро ба дониши мустақил табдил кард, равишҳои ҳалли муодилаҳои хаттӣ ва дараҷаи дуюмро тадвин намуд ва шакли лотинии номи ӯ – Algoritmi – вожаи «алгоритм»-ро ба ҷаҳон бахшид. Имрӯз тамоми ҷаҳони рақамӣ, ҳуши маснуӣ ва фанновариҳои навин амалан бар мероси илмии ӯ устувор аст.

Ал-Форобӣ файласуф ва донишноманависе буд, ки таъсире азим бар андешаи шарқӣ ва аврупоӣ гузошт. Осори ӯ бунёдҳои фикрии улуми қуруни вусторо шакл дод ва бар мутафаккироне чун Ибни Сино ва Ибни Рушд таъсири амиқ бар ҷой гузошт.

Абулаббос Аҳмади ал-Фарғонӣ, ситорашинос ва ҷуғрофидони барҷастаи қарни нуҳуми милодӣ, курашакл будани заминро ба сурати илмӣ исбот кард ва устурлобро қарнҳо пеш аз Ренессанси Аврупо тавсеа дод. Ӯ дар заминаи илми нуҷум китобҳои зиёде таълиф кардааст, ки аз ҷумла инҳоянд: «Ал-Мадхал ило илми ҳайъат ал-афлок ва ҳаракоти ан-нуҷум», ки дорои сӣ боб буда, матолиби китоби Батлимусро ба таври равшантар баён кардааст; «Ал-Комил фи-л-устурлоб»; «Фи санъат ал-устурлоб»; «Ҷадвал ал-Фарғонӣ»; «Рисолат ал-фусул»; «Мадхал фи-л-Маҷастӣ» дар сӣ фасл; «Рисола фи маърифат ал-авқот аллатӣ якун ал-қамар фимо фавқ ал-ард ав таҳтаҳо»; «Ҳисоб ал-ақолим ас-сабъа ва-л-ҷа-довил».

Хоҷа Насириддини Тӯсӣ низ риёзидон, файласуф ва мунаҷҷими бузурге буд, ки бо таълифи асарҳои мондагор ва таъсиси расадхонаи Мароға саҳми бузурге дар пешрафти мусалласот (бахше аз риёзиёт) ва улуми дақиқ дошт. Дар ин раддабандӣ имкон дорад садҳо номи дигарро ёдовар шуд, ки дар риштаҳои мухталифи илм рисолаҳои мондагореро ба мерос гузоштаанд, ки дар рушди тамаддуни башар саҳми бориз доранд. Ва ин танҳо бахше аз мероси азими фикрии тамаддуни мост…

Имрӯз замони он фаро расидааст, ки адолати таърихӣ барқарор шавад.

Насли ҷадид бояд бидонад ниёконаш чӣ касоне буданд ва чӣ нақше дар шаклгирии илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ доштанд. Фарзандони мо бояд дарк кунанд, ки миллати тоҷик  риёзидонон, пизишкон, мунаҷҷимон, файласуфон ва мутафаккирони нобиға ба ҷаҳон арза кардааст, ки андешаҳои онҳо қарнҳо ҷилавтар ва фаротар аз замони худ рафтаанд.

Имрӯз барои ноил шудан ба ин ҳадаф, яъне муаррифии саҳми арзишманди миллати тоҷик дар тамаддуни башарӣ, ниёзманди як барномарезии фарогири давлатӣ ва иҷтимоӣ ҳастем. Бояд осори донишмандони бузург ба забони тоҷикӣ мунташир ва дар ҳоли зарурат тарҷума шаванд, донишомӯзон аз даврони мактаб ва курсиҳои донишгоҳӣ бо мероси илмии ин нобиғаҳои миллат ошно гарданд, мутолиаи осорашон дар барномаҳои донишгоҳӣ гунҷонда шавад ва бо иқдоми АМИТ ва дигар марказҳои пажуҳишӣ конфронсҳои байналмилалии илмӣ бо ҳузури пажуҳишгарони барҷастаи ҷаҳон ба гунаи бештаре, ки ҳаст ва дар сатҳи баланд баргузор гардад.

Таблиғоти ин нобиғагони фазои илм ва адаби форс-тоҷик аз тариқи расонаҳои миллӣ ба таври густурда ва мудаввом роҳандозӣ шаванд. Дар шабакаҳо ва расонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои блогнависон низ чеҳракушоӣ ва тарғиби осори ин бузургон саҳим хоҳанд буд.

Ҳамчунин, зарур аст ёду номи ин бузургон ҷовидона шавад; донишгоҳҳо, марказҳои таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳо ба номи онҳо номгузорӣ гарданд, барояшон  муҷассама сохта шавад ва осорхонаву китобхонаҳои илмӣ таъсис ёбанд.

Зимнан, ниҳодҳои масъули илмию таҳқиқотӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаи илмро мебояд, ки бо такя ба ташаббусҳои фарҳангиву тамаддунофарини Пешвои миллат дар самти эҳё ва арҷгузорӣ ба мероси гаронмояи ниёгон фаъолияти худро тақвият бахшанд. Ҷалби бештари муҳаққиқон ба омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ, таҳияи матнҳои илмӣ-интиқодӣ, анҷом додани пажуҳишҳои байнисоҳавӣ ва муаррифии дастовардҳои илмии аҷдодон дар фазои байналмилалии илмӣ метавонад заминаи устувореро барои эҳёи пайванди наслҳои имрӯз бо ганҷинаи бузурги маънавию фарҳангии миллат фароҳам созад.

Ин раванд дар баробари таҳкими ҳувияти миллӣ, барои боло бурдани мақоми илмии кишвар ва муаррифии саҳми воқеии тоҷикон дар рушди илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.

Миллате, ки донишмандони худро фаромӯш кунад, дер ё зуд истиқлоли фикрӣ ва ҳокимияти маънавии хешро аз даст хоҳад дод.

Ба вижа имрӯз, ки бархе неруҳои сиёсӣ дар минтақа бо исрори фазоянда талош мекунанд таърихро бознависӣ карда, мероси мондагори мутафаккирони бузурги моро ба номи худ сабт кунанд. Гоҳе ин раванд чунон ошкор ва густохона дунбол мешавад, ки дигар сухан танҳо аз як ихтилофи илмӣ нест, балки набарде барои ҳофизаи тамаддунии миллатҳост.

Шояд битавон таърихро барои муддате таҳриф кард, аммо пинҳон сохтани ҳақиқати миллате, ки ба ҷаҳон илм, хирад ва нури маърифат бахшидааст, ҳаргиз мумкин нахоҳад буд.

Бахтиёр ҲАМДАМ

Дигар хабарҳо