Ба муносибати 75-солагии адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон

 Ба муносибати 75-солагии адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон

МУҲТАРАМ АБДУРАҲМОНИ АБДУМАННОН

Шумо аз донишмандони пешсафи замони мо дар бахши адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ маҳсуб меёбед, ки масъалаҳои умдаи шеъри муосири тоҷик, таърихи адабиёти тоҷикии даврони шўравӣ, назария ва нақди адабиёт, робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ мавзуъҳои марказии тадқиқоти илмиву адабиатон мебошанд. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳатон дар шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил карданатон Шуморо чун инсони фарҳангпарвару миллатдўст ба роҳи илму адаб раҳнамун кард. Ҳамин адабиётдўстиву фарҳангпарвариатон буд, ки чун дигар арбобони илму адаби тоҷик риштаи фаъолияти илмиву адабии худро ба ҳавзаи адабии Тоҷикистон пайваста, барои пешрафти илму адаби миллати куҳанбунёди худ хидмати арзанда анҷом додед. Солҳои 1968-69 сарбози қатории Қувваҳои мусаллаҳ будед. Солҳои 1970-72 аспиранти Институти АИ ИҶШС дар шаҳри Маскав ва соли 1973 дар ҳамон институт дар мавзуи «Қасида ва анъанаҳои он дар эҷодиёти Маликушшуарро Баҳор» рисолаи номзадӣ дифоъ кардед, ки ин тадқиқот Шуморо чун олими навроҳу боистеъдод миёни ҷомеаи адабии кишвар ошно гардонид. Ҳамин буд, ки солҳои 1973-1990 дар Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон ба фаъолияти илмӣ ҷалб гардида, дар вазифаҳои муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1991-1998), мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (1998-2005), муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ (2005- 2010), котиби масъули АМИТ «Ховар» (2010-2017) кору фаъолият доштед. Аз октябри соли 2017 муовини сармуҳаррири Маркази тарҷумаи назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданатон Шуморо боз дар ҳалқаи аҳли адаб қарор дод .

Аз соли 1984 узви ИН Тоҷикистон ва аз соли 1978 узви Иттифоқи журналистони ИҶШС мебошед.

Шумо муаллифи китобҳои «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо», ҷ. 1 (бо Х. Мирзозода ва А. Сайфуллоев), «Дониш», 1984; «Абулқосим Лоҳутӣ» (бо Х. Отахонова ва Ҳ. Шодиқулов), «Адиб», 1987; «Нуқтаи назар», «Адиб», 1990; «Пиндорҳо ва ингорҳо», «Адиб», 2006; «Фурўғи чеҳраҳо», «Адиб», 2015, 2019; «Ламҳае ба роҳи рўзгор», 2017; беш аз дусад мақола дар матбуоти ватаниву хориҷӣ ҳастед, ки ин навиштаҳо солҳо барои навомўзон чун сарчашма хидмат хоҳанд кард.

Осори тарҷуманамудаи Шумо ба мисли романҳои «Такрори дарсҳои гузашта»-и Сергей Баруздин (1984), «Виҷдон»-и Одил Ёқубов (1984), қисса ва ҳикояҳои «Ишқи аввали Балададаш»-и Элчин (1986), «Субҳи ин ҷо сокит аст»-и Борис Василев (1988), «Хорпушти олиҳиммат»-и Юрий Збанатский (1988), намоишномаи «Падаркуш»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (1996) ва ғайра низ имрўз дар ин бахши адабӣ арзишманд арзёбӣ мешаванд.

Ҳамчунин Шумо осори «Дар ошёни дилҳо» (ашъори шоирони ватаниву хориҷӣ дар ситоиши устод Мирзо Турсунзода, бо Зоҳир Аҳрорӣ), 1981; Умари Хайём. «100 рубоӣ» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), 1984, (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), 2002, мураттаб ва дастраси хонандагон намудаед, ки як самти фаъолиятатонро пурбор кардааст.

Соҳиби унвонҳои Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994), орденҳои Шараф-дараҷаи 1, Дўстӣ (2005), медали 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2007) буданатон нишони қадрдонии давлат ва ҷомеа барои заҳматҳои пайвастаи Шумо ҷиҳати рушди илму адаб мебошад.

 Мо, ҳамқаламон, бо Шумо ифтихор дорем ва ба синни мубораки 75-солагӣ расиданатонро самимона шодбош мегўем. Орзумандем, ки бо рўйи сурху сари сабз барои пешрафти илму адаби тоҷик боз ҳам асарҳои хубу хонданиро ироа намоед.

Дигар хабарҳо