Балладаи Роғун

Балладаи Роғун

Низом ҚОСИМ

Шоири халқии Тоҷикистон

 

Аё Роғун,

Аё эй ормони осмонӣ —

ҳамдаму ёри ҳазоронсолаи

шабҳои тору тираи тоҷик!

Аё Роғун,

Аё эй ҳамғами садасраи шамъу  чароғи хираи тоҷик!

Аё Роғун,

Аё эй ҷовидона шарҳи рўшанфикрӣ,

эй тафсираи тоҷик!

Ту дар андешаи ин халқи нуронӣ

Ҳазорон сол будӣ Кохи анвораш,

Ҳазорон сол —

Андар зулматистони замонҳо

Будаӣ ҳамдарду ҳамдам, ёру дилдораш.

 

Ту гўӣ, буд Юсуф аслан ин миллат,

Ки андар чоҳи зулмат

Буд умре ҳамдамаш андешаи рўшан;

Ту гўӣ, нахли сабзи ормонҳо буд,

Ки ҳосил будаш аз қаъри сияҳгил

Шоху баргу решаи рўшан.

 

Аё Роғун,

Ҳазорон сол тоҷикро

Ту чун нури басар будӣ,

Чу ҳамроҳи сафар будӣ

Ва дар парвоз бар авҷи хаёлу орзўҳои мунираш

болу пар будӣ…

***

Яки дар ормону орзу нурофаринат модари ман буд,

Ки дар шабҳои зулмонӣ

Зи нури аллааш ин даҳр рўшан буд

Ва аз гулҳои уммедаш

Хазонрезони умраш беҳ зи гулшан буд.

 

Дилашро гарчи деви тирагӣ умре сияҳ мекард,

Вай он дилро,

Ба монанди чароғи хираи бобоӣ,

Бо хуни дилу ашки мунаввар тоза карда,

Нури шабҳои сиёҳу ёри раҳ мекард;

Шабу рўзи сиёҳашро,

Ба монанди варақҳои сиёҳи умр,  таҳ мекард

Ва фарзандони рўшанботини худро

Ба рағми дилсиёҳиҳои қисмат

Бо сафедиҳои мўю дил

Арўси дилрабо мекард,

шаҳ мекард…

Чунон дилгир буд аз тирагӣ модар,

Ки номи тифлакони хешро бо рўшанӣ пайваст:

«Мунаввар» монд он якро

Ва «Равшан» дигариро,

Бо «Мунира» дар ба рўи тирагии бахт гўё баст…

 

Аё Роғун,

Ту, яъне, орзую ормони ҳар нафар,

ҳар хонадон будӣ,

Ту дар ҷону дили мо

Солҳое пеш аз ин нақбҳои хеш

Сўи рўшноӣ

нақбҳои беш бикшудӣ…

***

Аё Роғун,

Ту нури зўрбахши ҳастии моӣ,

Ту нури рўшанисози беҳин ҳамдастии моӣ,

Ту рўшансози дилпайвастии моӣ.

 

Бибахшо бар мани наздикбини хеш,

Бибахшо бар мани умре зи суди хеш дуру

бо зиёни худ қарини хеш —

Зи тарси нону хўрдан

бурдамат аз ёд, вои ман,

Зи бими ҷону мурдан

бурдамат аз ёд, вои ман,

Шуд аз афзун дағалкории қисмат

дар дилам эҳсос номавзун,

Ба ҳам омехт дар фикру хаёлам

нону ҷону

рўғану Роғун…

Ватан

аз бахти бад

чун зери бори шўру ғавғо монд

Ва мардум

хастаҷон аз дасти ғамҳо монд,

Ба шодӣ зумрае буду набудат —

чархҳоятро ба савдо монд;

Надонистанд,

Ки рўзе

баҳрамон

чун чархи гардун қадр хоҳад дошт,

Ки рўзе

аз барои ҷисми Меҳан

Ҳамчу дил,

яъне, ки беамсол гардонандаи хун,

қадр хоҳад дошт…

 

Аё эй кони нуру рўшноӣ,

Ман

барои тирақалбӣ,

тирафикрӣ,

тираҷонӣ

аз ту, инак, узр мехоҳам…

Барои он ки рўшанфикр бошам баъд аз ин,

Рўшан бикун роҳам,

Бикун рўшан диламро,

низ ҷонамро,

Бисоз аз хеш огоҳам…

 

Аё Роғун,

Ки баъди бас шабу рўзони зулмонӣ,

Пас аз он пошхўрданҳои айёми парешонӣ

Ба мисли зарраҳои нур кардӣ халқи моро ғун,

Намон дигар, парешони ҷаҳон бошем,

Ба чанги зулматистони ҷаҳон бошем;

Шуд аз ту рўшанистон манзили мову сарои ман,

Кунун бо дасти нуронӣ

Ва зўри поки руҳонӣ

Сари моро,

дили моро

бикун рўшан…

Ба руҳи ормонии падар савганд, эй Роғун,

Ки умраш сарфи Норак шуд,

Ки аз пурнур азмаш нур арзону қаторак шуд,

Ки аз роҳи адолат рафту моро одилӣ омўхт;

Қасам бо модар, эй Роғун,

Ки бар мо зўри дарки хушгилӣ,

хушгавҳарӣ,

хушмаҳфилӣ омўхт,

Ки умре сўхту моро ҳамин рўшандилӣ омўхт,

Ки дигар,

то ки ҳастам,

дар мадори нур хоҳам буд!

Қасам бо дидаи рахшони дилдорон,

Қасам бо ёрии ёрон,

Дигар як умр ёри нур хоҳам буд!

 

***

Зиҳӣ, ашъори нуронӣ,

К-аз аввал буд Роғунро

Чу як ҳамдил,

чу як анбози руҳонӣ!

Агар оғози шеъру шоирӣ

Он тоҷики бедордил,

Он тирачашми синарўшан буд,

Ҷаҳон даҳ қарни дигар

Нурбор аз табъҳои ҳамчунон оина рўшан буд,

Ки ҳар як сатрашон як ноқили анворро мемонд,

Ки зулматро зи дил меронд,

Дилро сўи нури ҷовидон мехонд…

 

Аё Роғун,

Ба дунёи парешон карда моро ғун,

Ту захми пушти Айниро даво кардӣ,

Зи нав Бобои миллатро бапо кардӣ,

Ба Турсунзода овози дигар додӣ,

навин овоза бахшидӣ,

Ба Шириншоҳу Махсум зиндагии тоза бахшидӣ,

Ба мардум вусъати фикру назар додӣ,

Ватанро қаҳрамониҳои дигар,

қаҳрамонҳои дигар додӣ!

 

Аё Роғун,

Туӣ имрўз як сарманшаи ашъори гарму поку нуронӣ,

Ки бо ҳар сатр —

ноқилҳои нурат —

решапайванди дилу ҷонӣ!

 

Агар аз Рўдакӣ то ҳол бинмуда

Суруду шеъри дилрас халқи моро ғун,

Дигар шеъре туӣ —

пайвандсози халқи мо,

Роғун!

 

Зиҳӣ, даҳқарна он ашъор,

Зиҳӣ, машъалбадастони замон —

Муъмин Қаноат,

Лоиқу Бозор,

Ки шуд бо ҳалқаҳои ҷонашон

он дилкушо ашъор

бо имрўз пайваста,

Ки шуд аз тинати пурнурашон

он ноқили анвор

бо имрўз пайваста;

Намуда васф ҷумла нури Норакрову Роғунро,

Намуда нурполо пайравиҳо ноқилони нурро —

шаҳсатрҳои поку мавзунро,

Ки бар рагҳои кишвар мебаранд аз ҷон мураттаб ҷонфизо хунро…

Аё Роғун,

Дигар ҳар шеър

Бояд,

ҳамрадифи ноқилони ту,

шавад гармибару пурнур,

Яъне,

гарму рўшан бар дилу ҷонҳо шавад манзур!

 

***

Аё Роғун,

Туро ҳамфолҳо,

ҳамболҳои мо

бино карданд,

Ба дасти худ,

ба азми бешикасти худ

бапо карданд,

Бидеҳ изнам,

ки бо онҳо бигўям ман

Ду-се ҳарфе

зи номи шоири ҳамқисмати Меҳан

(Ки гарчӣ ҳамраҳи онҳо набудастам,

Аз аввал хешро

бо сатрҳои гарму нуронӣ

ба ноқилҳои нуру нор пайвастам):

«Аё ҳамфолҳои нурбахши ман,

Таҳамтанҳои зеби зини Рахши ман,

Аё дарёдилони ҳамканору ҳамшиори

нурофар рўди Вахши ман,

Агар бо нуру нори манзилам

пайванди Роғуни шумоям ман,

Барои гармии ҷону дилам

як умр мадюни шумоям ман!

Аё ҳамболҳои зўрбахши ман,

Ки бо гармии дил сардии афзунро ба сар бурдед,

Ба дилҳо гармӣ овардед,

бас дилро наафсурдед,

Гули уммед хандондед,

азбас худ напажмурдед;

Муборак бар шумо фарҳодии даврон,

Муборак бар шумо нурофарин Роғон,

Муборак бар шумо

иҷрои беамсол паймон,

ин руҷуи азму имон,

иртифои руҳу виҷдон!»

 

***

Натанҳо мо туро аз обу аз гил сохтем, эй НОБ,

Натанҳо мо туро аз ҷону аз дил сохтем, эй НОБ,

Ту ҳам обу гили моро зи дигар сохтӣ чандон,

Ту ҳам ҷону дили моро зи дигар сохтӣ чандон,

Ту қад афрохтиву  низ қад афрохтем он гуна мо афзун,

Ту сар афрохтиву низ сар афрохтем он гуна, эй Роғун!

Дили дарёи мо дам хўрду гардон кард чархатро,

Сари болои мо чун нусхае аз чархи гардун гўиё,

овард чархатро,

Ки чун гардуни гардон

нурбахши сарзамин бошӣ,

Ба мисли Меҳри гардун

бар дилу ҷонҳо қарин бошӣ!

Ту аз сидқу вафову азми мо бишнохтӣ моро,

Ту аз санги садоқат,

оҳани безанги ҳиммат

сохтӣ моро!

 

Аё Роғун,

Табиӣ сарбаландиҳои миллат гашт сарбандат,

Баландиҳои ҳиммат сарбаландӣ дод садчандат,

Дили пурнури мардум Кохи нурат кард,

Сабурат кард чун худ,

пурғурурат кард,

Ба заҳмат остонатро

пурахтар осмон бинмуд,

Раҳи хокии Меҳан —

ин раҳи поку раҳи афлокиатро —

асли Роҳи Каҳкашон бинмуд…

 

***

Аё Роғун,

Ки рамзи орзуи мардуми моӣ,

Маҳу Хуршеди моӣ,

анҷуми моӣ,

Дигар серем —

пурнуру фаровон гандуми моӣ,

Дигар сармасти тақдирем —

нуронӣ майиву дар хуми моӣ!

Агар то ҳол

дар аҳду вафову

устувориву матонат

будӣ исботу гувоҳи мо,

Туӣ пурнур баъд аз ин

ба сўи Рушд роҳи мо;

Агар якчанд будӣ васлаи душманкуши мо,

Баъд аз инӣ рамзи қалби дўстдору дўстхоҳи мо!

 

Аё Роғун,

Натанҳо аз ту дунёи умеди мо мунаввар шуд,

Зи ту ҳар қатра оби Тоҷикистон боз гавҳар шуд,

Зи ту ҳар зарра хокаш беҳтар аз зар шуд

В-аз ин бартар —

Зи ту ҳамҷону ҳамдил Халқу Сарвар шуд,

Ҳама соҳибватанҳоро дилу афкор дигар шуд!

 

Аё Роғун,

Аё эй бар дилу бар ҷон қарин,

Эй Нораки асри навин,

Сарчашмаи нуру умеду ормони мо

Ва ҷовид

Офтоби дигари

пурнур мулки беҳ зи ҷони мо!

Аё Роғун,

Яқин, бо вусъату паҳно

ба ҳар як фарди Меҳан

вусъату паҳнои афкору назар додӣ,

Ватанро қаҳрамониҳои дигар,

қаҳрамонҳои дигар додӣ!

 

Ту рўшантар намудӣ олами зебои миллатро,

Ба дунё пешкаш кардӣ наку дунёи миллатро,

Зи анвор офаридӣ ҳайкали зебои миллатро,

Сари болои миллат —

Сарвари волои миллатро!

 

Аё Роғун,

Ту дигар барқафшон

дидаи ояндабини халқи мо ҳастӣ,

Ҳамора пурҷило тоҷи яқини халқи мо ҳастӣ,

Дили саршор аз анвору нори халқи мо ҳастӣ

Ва барҷо пайкара

бар Офтоби бахти миллат –

Пешвои устувори халқи мо ҳастӣ!

Дигар хабарҳо