АФАРДӢ САЙФ РАҲИМЗОД

 АФАРДӢ САЙФ РАҲИМЗОД

САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ 20 ноябри соли 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи Балҷувон ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1975 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Баъдан корманди Телевизиони тоҷик, рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», раиси Кумитаи киносозони ҷумҳурӣ будааст.

Чанд сол бо мутахассисини шӯравӣ дар Афғонистон кор кардааст.

Як муддат раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон будааст.

Ҳикояву қиссаҳояш аз соли 1973 чоп мешуданд.

Муаллифи китобҳои «Ситораҳои сари танӯр» (1984), «Аз ёдҳо, азёдҳо» (1987), «Васвасаҳои Зикривайҳ» ё «таронаҳои хоки тӯтиён», (1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003), «Чашми саҳар» (2014), қиссаҳои «Таронаҳо ва тавбаҳо» ва «Доғистон» мебошад, ки дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд.

Намунаҳое аз осораш ба русӣ, украинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд.

Дар заминаи қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» филми ҳамноми ҳунарӣ бардошта, ҳамчун таҳиягари синамо ном баровардааст.

Чанд филми мустанадаш мақбули тамошобинон ва дар кинофестивалҳои байналхалқӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1995).

Пас аз вафоташ, соли 2002, сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

20 майи соли 2005 ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.

Дигар хабарҳо