АНСОРӢ ФАЙЗУЛЛО

ФАЙЗУЛЛО АНСОРӢ 20 марти соли 1931 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1947 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1951 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расонда, фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси омӯзгори кафедраи забон ва адабиёт оғоз кардааст/
Солҳои 1953-1959 сардори шуъбаи бадеию мусиқии Радиои кишвар, 1959-1960 сармуҳаррири барномаҳои адабию драмавии Телевизиони Тоҷикистон будааст.
Соли 1962 курси дусолаи Мактаби олии адабиётро (дар Маскав) ба итмом расонда, чанд сол узви коллегияи Киностудияи «Тоҷикфилм», мудири бахши адабии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ва муҳаррири калони Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст.
Дар тамоми анвоъи маъмулии назми тоҷикӣ ҳунарозмойӣ карда, ба гунаи шоири таронасаро соҳиби иззату маъруфияти хосе гардидааст.
Чакидаҳои хомааш дар маҷмӯаҳои «Калхот ва кабӯтар» (1954), «Гулдастаи дӯстӣ» (1956), «Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй» (1976), «Офтоб дар роҳ» (1956), «Дур аз шаҳр» (1957), «Гулшан» (1958), «Имтиҳон» (1961), «Шарофат» (1963), «Тори илҳом» (1963), «Буттаи гул» (1969), «Оинаи дил» (1973), «Сарвати дил» (1982), «Китоби Ватан» (1991), «Ситораи муҳаббат» (ба забони русӣ, 1967) ва ғ. чоп шудаанд.
Файзулло Ансорӣ чун драматург дар пешрафти адабиёти тоҷик хидмати шоён карда, ҳамчун асосгузори драмаи манзуми тоҷикӣ сазовори эътирофи умум гардидааст.
Намоишномаҳои «Имтиҳон» (1958), «Ҳаёт ва ишқ» (1958), «Модар, мебахшед!» (1960), «Иҷоранишин» (1961), «Ҳукми модар» (1962), «Қиссаи нотамом» (1963), «Оинаи махмалпеч» (1965), «Шаҳр дар оғӯши ту» (1966), «Баъди имтиҳон» (1971), «Висол» (1972), «Як либос атлас» (1972), «Модар нигарон буд» (1972), «Актрисадухтар» (1973), «Зинапоя» (1974), «Тӯй барпо нашуд» (1978) ва ғ., ки маҳсули қалами ӯ мебошанд, аз ҷониби тамошобинон ба хубӣ пазируфта шудаанд ва солиёни дарозе саҳнаи театрҳои номии кишварамонро оро додаанд.
Либреттои операҳои «Пӯлоду Гулрӯ» (дар асоси романи ҳамноми Раҳим Ҷалил) ва «Шарофат» (бар матни достони ҳамноми муаллиф) зодаи қалами ӯстанд.
Чандин асари адибони русу ҷамоҳири собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Тарҷумаҳои осори худи ӯ ба забони русӣ дар ду маҷмӯа («Солнце в пути» ва «Улыбка любви») ба табъ расидаанд.
Барои заҳмати пурсамари эҷодӣ ва таҳкими равобити адабӣ бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Белорусия мукофотонида шудааст.
Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
28 апрели соли 1980 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт.
Мадфанаш дар ҳамон ҷост.

Дигар хабарҳо