АНИСУ МУНИСИ ДИЛИ РАМИДА

Дар ин олами азаливу абадӣ ҳар халқу ҳар сарзамин тақдири хоссаи хешро дорад, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу қисматсоз бо кору пайкор ё бекориву бепайкории фарзандонаш хубтару равшантар ва ё бадтару тиратар мешавад.

Дар оғози қарни 20 халқи тоҷик, халқе, ки дар фарҳанг ва бахусус ҷузъи муҳими он — сухани бадеӣ монандаш холиқ зиёд нест, дар арсаи тақсимоти қаламрави забону фарҳангаш қариб бесарзамин бимонад. Ва дар ҳамин давраи тақдирсоз сарнавишт ба сарвақти ин халқи шариф пуштибони донову тавоноеро чун Айнӣ фиристод, ки айни худаш, яъне ҷафокашидаву заҳматкаш, вале аз он бештар худшиносу худогоҳ, миллатдӯсту ватанпараст, пуркору пурталош ва пурорзуву пурумед буд. Ӯ бо як сари танҳо бо як дунёи бесарону ҳақкушон сарбасар шуд ва собит намуд, ки халқаш кист ва чӣ ҳаққу ҳуқуқи заминиву замоние дораду бояд ба даст биёрад.

 Хушбахтона, дар ин кору пайкор сарнавишт бузургмардонеро ҳамдаму ҳамқадами устод Айнӣ кард, ки бузургтаринашон инсоне кабиру шоире шаҳир Абулқосим Лоҳутӣ буд.

Лоҳутӣ ба зоҳир аз ин халқу ин сарзамин набуд, вале решаҳое дошт амиқ дар ин нангу фарҳанг, ки бо табъу завқи табиӣ розу ниёзҳои Айниву айнитинатонро хуб дарёфт ва по ба пои онҳо ба хидмати «умеди дили рамида»-аш — Тоҷикистон  камар баст. Метавон гуфт, ки хидмати шеъру шоир ба Ватани мушаххаси тоҷикон ва миллати тоҷик аз ин шоири ошиқу содиқ шурӯъ мешавад. Ӯ сифатҳои умдаи ин миллату ин сарзамини бостониро бо ифодаҳои тозаву дилрас баён намуд, аз гузаштааш пурсӯзу пуралам сухан гуфт ва бо умеду бовар ба фардояш рӯ овард.

Рафиқон, агарчӣ на ман тӯсиям,

Абулқосим — авлоди Фирдавсиям, —

гуфта буд шоир ва натанҳо авлоди оддии он шаҳсутуни кохи сухани Аҷам, балки идомабахши сазовортарини каломи меҳанпарастонаву халқдӯстонаи он муҷассамаи ғуруру ифтихор ҳам буданашро бо корҳое шоистаи ному мактаби ҳакими тӯсӣ собит намуд.

Абулқосим Лоҳутӣ, ҳарчанд ки ба тақозои замон дар ҳама ҷо фарзанди коргар зикр шудааст, аз хонадони номвару шарифе бархоста буд. Бобову бобокалонҳояш олимону фозилони замон, мударрису соҳибмадрасаҳо будаанд ва собиқаи коргарии хонадон танҳо аз падарбузургаш оғоз мешавад, ки бинобар тангдастӣ ба кафшдӯзӣ рӯ меорад. Аммо дар чор-панҷ пушти маълумаш ҳамагон донову бино ва босаводу соҳибзавқ будаанд ва шеър мегуфтаанд. Аз он ҷумла, падараш Аҳмади Илҳомӣ соҳибдевон, ба гуфтаи худи Лоҳутӣ соҳиби «беш аз сад ҳазор мисраъ шеър» ва бародари ҷавонмаргаш Абулҳасани Субҳонӣ шоире соҳибқареҳа будаанд.

Пояи дигари маънавии ин хонадон эҳсоси шадиди меҳанпарастиву инсондӯстӣ будааст, ки қарнҳо идома ёфта, дар фаъолияти бародарбузурги Лоҳутӣ — Абулҳусайни Илҳомӣ ба авҷи воқеият расидааст. Мавсуф бо заҳматҳои фаровон пизишки номдор ва баъдан сарвари ин соҳаи шаҳри Кирмоншоҳ мешавад ва аз мушаххасоти фаъолияти ӯ табобати ройгони нодорон ва дастгириву дилбардории корафтодагон будааст, чунон ки Лоҳутӣ зикр мекунад:

Ӯ кунун як пизишки пурхирад аст,

Ҳикматаш баҳри мардумон

                                             мадад аст,

Бенавоён сипосдори вайанд,

Ранҷбарҳо рафиқу ёри вайанд.

Гумон меравад, ки як решаи маҳбубиву машҳурии устод Лоҳутӣ дар ҳамин асилзодагии ӯст. Асилзодагие, ки ба ном нест, балки ду пояи деринаву устувор дорад — аввалан, майлу таваҷҷуҳи беҳад ба донишу хирад, ки боиси завқу салиқаи баланд гардидааст ва дуюм, инсонгароии волову ватанхоҳии самимонаву содиқона, ки бунёди ҳар шахсияте, бахусус шахсиятҳои комили фарҳангист.

Маҳз ҳамин сифатҳо Лоҳутиро нагузошт, ки бо ҳама табъу завқ, ному мақом ва шароиту имкониятҳои фароҳамаш орому осуда бизияд ва аз динмардиву дарвешгароиву фориғболӣ буриду ба талошу мубориза ва исёну шӯришу инқилобҳо пайваст. Ҳанӯз дар порашеъре, ки дар ҳабдаҳсолагӣ суруда буд, оҳанги бебунёдии ҷавру зулм басо рамзӣ ба гӯш мерасад:

Кунун бояд май хӯрд дар каронаи рӯд

Зи дасти соқии гулчеҳра

                                    бо таронаи рӯд.

К-аз эътидоли рабеӣ

                         шикаст савлати дай,

Аз он сипас, ки тану ҷони халқро

                                                  фарсуд.

Эҳсоси шадиди ҳақиқатхоҳиву адолатҷӯӣ, тоқатнопазирӣ ба зулму истибдод ва хории инсонҳо Лоҳутиро аз як фарди ҳақгӯю ҳақхоҳ то ба дараҷаи шахсияти бузурги исёнкору инқилобӣ ва сарвари шӯрише расонд, ки дар таърих бо номи «Шӯриши Лоҳутихон» маълуму машҳур аст. Яъне, дар Шарқ ва шояд дар Ғарб ҳам ӯ аз нодир шоиронест, ки натанҳо ростиву дурустии ҷомеа, ҳақиқату адолати иҷтимоӣ, бародариву баробарии инсонҳоро дилрасу нишонрас сурудааст, балки тиру камон дар даст дар ин роҳ сина сипар кардаву ҷонбозиҳо намудааст.

Барои дарки муҳаббати инсонӣ, самимияти шоирӣ ва садоқати ғоявии Лоҳутӣ далелҳои равшан зиёданд. Пеш аз ҳама, шеърҳои бисёр самимиву боварбахше, ки чун барномаҳои ҳаёту фаъолият ва муборизаи сиёсии шоир қабулу мақбул мешавад ва ҳамагон бо онҳо ошноянд.

Баъдан, муроҷиату баёнияҳое, ки Лоҳутии сарвари шӯриш баъди пирӯзиҳои инқилобӣ шахсан ба таваҷҷуҳи мардуми шаҳру вилоят равона мекунад ва низ саршори самимияту масъулияти як инсону муборизи инқилобианд. Аз ҷумла, баёнияи зерин, ки мухотабаш шаҳрвандони Табрезанд:»Аҳолии муҳтарами шаҳр ва соири ҳамватанони гиромӣ! Ягона эҳтимоми омоли мо — фидоиёни Ватан истиқлоли мамлакати азиз ва таъмини саодати ҳамватанон аст. Чун масъулияти ҳифзи шаҳр дар уҳдаи мост, ба номи шарофати низомӣ иқдоме, ки мухолифи интизом ва зидди осоиши мардум аст, набояд сар бизанад ва ҳеҷ кас ҳаққи таарруз ба касе надорад. Агар аз афроди низомӣ ва ғайра ба аҳде тааррузу музоҳимат бишавад, маҳкум ба муҷозоти шадид ва эъдом хоҳад шуд. Зинда бод Эрон ва поянда бод озодиву истиқлоли Ватан!»

Муроҷиати дигар ба ҳамсафон:

«Бародарони ватанпарасти ман! Ин ҳусни ният ва муҳаббати бародаронаи аҳолии Табрезро, ки дар сояи мардиву дурустӣ ва дисиплину шарофат ҳосил кардаед, нигоҳ бидоред!»

Ва боз: «Бародарон! Ҳоло ки мехоҳед шарофати озодихоҳӣ ва номуси муҷоҳадату мардии худро ба олам собит кунед, бидонед, ки ғорату мардумозориву тааддӣ ба бетарафону асноф мутааддиро аз ҳар шарофате маҳрум мекунад. Бузургтарин василаи пешрафт дисиплин аст».

Ва, ниҳоят, мавқеи инсонии Лоҳутии инқилобӣ, ки дар фарҷоми бади исёнаш пеш гирифт. Вақте ки бино бар омилҳои мухталиф, аз ҷумла бадаҳдии онҳое, ки ёриву дастгирӣ ваъда карда буданд, аҳволи исёнгарон бад мешавад, ӯ ду роҳ дошт: муборизаро идома дода,ҳама, аз ҷумла худро ба қурбонӣ додан, ё ба муқовимат хотима бахшида, ҳамсафони боқимондаашро эҳтиёт кардан. Лоҳутӣ бо роҳи дуюм рафта, ҳамроҳи ҳамсафони зиндамондааш ба Иттифоқи Советӣ паноҳ бурд ва дар ҳамон ҳоли таҳлукабору марговар ҳам ба мавқеи инсониву муборизии худ содиқ монд: «То охирин ҷанговарам ба он соҳил нагзарад, ман аз ин соҳил нахоҳам рафт!»

Ормони умрбоди Лоҳутӣ баъди шикасти исёнаш он буд, ки бо дастгирии Давлати Шӯравӣ боз ба Эрон баргардад ва муборизаашро барои озодии халқу Меҳан бо режими зархариди империализми Ғарб идома бидиҳад. Яке аз ҳарбиёни шӯравӣ шаҳодат додааст, ки дар чанд сафараш ба Озарбойҷони Эрон шоҳиди меҳру муҳаббати самимии мардум ба Лоҳутӣ будааст. Ба гуфти ӯ, одамони оддӣ самимона ҳаводори Лоҳутӣ будаанд ва то дер бовар доштаанд, ки ӯ бармегардаду онҳоро аз зулму асорати шоҳ раҳоӣ мебахшад. Худи Лоҳутӣ ҳам дер гоҳ итминон дошт, ки фурсати идомаи муборизаи бевоситааш фаро мерасад ва имкон меёбад, ки инқилоби ормониашро барои саодати заҳматкашони Ватанаш амалӣ бисозад.

Мутаассифона, сафинаи умеду орзуҳои Лоҳутии адолатхоҳу ҳақиқатҷӯ дар Меҳанаш ба соҳили мақсад нарасид ва ормони озодиву ободии Эрон ба дил, ба нахусткишвари бародариву баробарӣ — Иттифоқи Советӣ ҳазимат кард. Ин замон ӯ аллакай дар доираҳои бузурги сиёсии шӯравӣ, ки инқилоби Эронро калиди инқилобҳои дигари Шарқ медонист ва барои сотсиалистӣ кардани Эрон мекӯшид, машҳур буд ва метавонист дар ҳар гӯшае аз кишвари шӯравӣ осуда зиндагиву кор бикунад. Ва зиндагиву кор ҳам кард. Зиндагӣ дар пойтахти кишвари шӯравӣ, ки ба ҳар хориҷӣ муяссар набуд. Кор дар идораҳои муътабаре, аз ҷумла, Кумитаи марказии ҳизби коммунист ва Коминтерн, ки имтиёзи камназир ҳисоб меёфт.

Вале, чунон ки худи шоир дар  «Тарҷумаи ҳол»-и дастнависи хеш зикр мекунад, «сахт аст ҳоли шоире, ки аз диёри худ, аз халқи ҳамзабони худ дур афтода бошад. Чун шунидам кишваре бо номи Тоҷикистони Советӣ ҳаст, ки дар он ҷо осори Фирдавсиву Саъдиро халқ ҳамчун дар Эрони ман мехонаду азиз медорад, аз партия хоҳиш намудам маро ба он ҷо фиристад».

Лоҳутӣ шоирона — бо дилу рӯи кушод  ба Тоҷикистон омад, ҳама умеду орзӯ ва умри боқиашро бо он пайваст ва самимона «Ватани дувум»-у  «умеди дили рамидаи хеш»-аш хонд. Чунон ки баъдан мегӯяд, «Ман тоҷикону пойтахти онҳо — Душанберо ҳамчун Ватани азизам дӯст медорам ва касе ба хомӯш кардани оташи муносибату муҳаббате, ки ба халқи тоҷик дорам, қодир нест!»

Шоире, ки аз дурӯиву садзабонӣ ба дод омада, «Ҳама доди ватанхоҳӣ занад, аммо намедонам ватанхоҳӣ ва гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳарду!» мегуфт, муборизе, ки барои диловариҳои воқеии содиқонааш бо мукофоти олии Эрони инқилобӣ — нишони Сатторхон сарафроз гардида буд, чакомасарое, ки таронаҳояшро озодихоҳони сангарҳои кишвараш чун суруди миллӣ тараннум мекарданд, ҳаргиз наметавонист бо як изҳори муҳаббат, ҳарчанд самимиву дилрас ҳам бошад, қаноат бикунад. Вай бо тамоми ҳастӣ ба ин мардуму ин сарзамин омехту пайи хидмати фарзандӣ кӯшид, барои бунёди ҷумҳурии комилҳуқуқи шӯравии Тоҷикистон ва таъсису такмили аркони маънавии он заҳмат кашид, барои хидматҳои бедареғаш ба Тоҷикистону халқи тоҷик бо ҷоизаи баландтарини сиёсии замон — ордени Ленин қадр карда шуд ва дар матну батни ин хидматҳосуруди миллии диёри орзӯю ормонҳои шоириву инсониаш — Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро офарид, ки ним қарн дар фарози кишвар танинандоз буд… — яъне, ҳама кореро, ки ба нафъи халқу кишвари тоҷик метавонист, ба ҷо овард.

Чунон ки устод Айнӣ ба қалам додааст, Лоҳутӣ, ба лойу чал ғӯтида, барои халқи тоҷик «машинаи чоп, ки дар ҳолати ҳамонрӯзаи Тоҷикистон аз як кӯҳи тилло ҳам азизтар буд» низ овардаасту барои таъсиси нашриёти тоҷикӣ ҳам кӯшидааст ва мудири нашриёт ҳам будааст. «Ин Нашриёт дар ҳамон вақт аз ходимони илмӣ, адабӣ ва маъмурӣ танҳо ба ҳамин Лоҳутӣ ва аз асбоби техникӣ танҳо ба ҳамон машинаи дар лой мондагӣ соҳиб буд» — ин суханони устод Айнӣ хидмати Лоҳутиро дар бунёдгузории табъу нашр дар ҷумҳурии навтаъсиси мухтори Тоҷикистон беҳтару бештар аз ҳар санаде нишон медиҳанд. Баъдан Лоҳутӣ мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти Кумитаи марказии ҳизби ҷумҳурӣ ҳам будаасту муовини вазири маориф ҳам, китобҳои дарсӣ ҳам навиштаасту дар таъсиси мактабу дорулфунунҳо низ саҳми арзандае гузоштааст.

«Рафиқ Лоҳутӣ, — меафзояд устод Айнӣ, — дар мавзӯи ҳар соҳае, ки шеър навиштааст, дар он соҳа бо кору амал ҳам иштирок кардааст». Яъне, Лоҳутӣ дар шеър зиндагӣ доштааст, адабиётро ба қадри имкон ба ҳаёт наздик кардааст, ба зиндатар шудани эҳсосу идроки адибон мусоидат намудааст, шеърро, адабиётро аз ғору хонақоҳу чилахонаҳо батамом берун кашида, дар хидмати зиндагӣ ва зиндагон гузоштааст.

Устод Айнӣ, ки дар аниқу дақиқ баён кардани мақому манзалати шахсиятҳои адабӣ назир надошт, боз гуфтааст, ки «Агар адабиёти классикии форсу тоҷикро ба занҷире нисбат диҳем, он гоҳ як сари он дар дасти  Абулқосим Фирдавсӣ ва сари дигараш дар дасти Абулқосим Лоҳутӣ мебошад». Ин суханони устоди сахтгиру серталаб ишора ба он аст, ки Лоҳутӣ ба боғи тозабунёди адабиёти навини тоҷик чун насими рӯҳбахше ворид шуда, ба он рангу бӯи назаррабову дилкаше бахшид, ҳунари ҳазорсолаи шоирии тоҷику форсро ба ниёзи  замону арзишҳои нав корбаст намуда, бо ҳар асараш адибони ҷавонро сабақи устодонае дода, ба роҳи дурусти эҷод ва масъулияти адабиву адибӣ ҳидоят кард.

Воқеан, Лоҳутӣ, ба ибораи худаш, «гиганте» буд, ки дасту дилаш ба ҳама кор мерасиду мечаспид. Таълифи либреттоҳо, ки барои адабиёти мо жанри нав ва барои театри замонавиамон басо зарур буд, тарҷумаи осори драмнависони ҷаҳонӣ барои театрҳои драмаву мусиқӣ, ба актёрҳо омӯхтани забону баёни тоҷикӣ, навиштани матни суруду таронаҳои ширини замонавӣ, ки гоҳе аз завқи он дили бузург ҳамроҳ бо оҳанг эҷод мешуданд, мутолиаи асарҳои зиёде, ки аз адибони пиру ҷавон мерасиданд, маслиҳату машваратҳо ба онон… — корҳоеанд, ки дар рушди забону адабиёт, таъриху фарҳанг, завқу салиқа ва тафаккуру ҷаҳонбинии миллатамон нақшҳои носутурданӣ гузоштаанд.

Тибқи санадҳои маншур нақши Лоҳутӣ натанҳо дар ривоҷи шеъри Тоҷикистон, тарбияи табъу завқи баланди адибон ва мардум, бо адабиёти классикӣ ва суннату анъанаҳои ҳазорсола маҳкаму табиӣ пайвастани адабиёти навини тоҷик, балки дар таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сарҷамъии қувваҳои адабӣ ва таълиму тарбияи адибони ҷавони тоҷик низ камназир аст. Ӯ дар омода намудани нахустанҷумани нависандагони Тоҷикистон фаъолона иштирок кард, ҳамроҳи устод Айнӣ кори онро ба роҳ монд, дар оғозаш се соат ба тоҷикиву русӣ маърӯза хонд, дар сухани ҷамъбастиаш натиҷаҳои анҷуманро хулоса ва вазифаҳои оянда, яъне бартараф намудани камбудиҳо, аҳамият ба танқиду худтанқидкунӣ, донишу ҳаёт омӯхтани адибон ва роҳ надодан ба гурӯҳбозиву ҳуҷумҳои беасос ба Иттифоқи нависандагонро муайян сохт. Раиси фахрии Иттифоқи нависандагон эълон шудан ва дар нахустанҷумани Иттифоқи нависандагони шӯравӣ аз номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маърӯза карданаш далелҳои дигари мақому манзалати инсониву шоирии Лоҳутианд.

Назари ҳар кас ба халқу сарзамин, урфу одат, суннату анъана, ҷаҳонбиниву фарҳанги он аз муносибаташ ба афроди мушаххаси он маълум мешавад. Муносибати Лоҳутӣ ба тоҷикону Тоҷикистон аввалан аз он ҳама корҳое, ки барои равнақи маорифу фарҳанги кишвари мо кардааст ва баъдан аз ашъори ба фарзандони соҳибноми он бахшида ва номаҳои пурмеҳраш ба онҳо равшан аст. Як мукотибаи ӯ бо устод Айнӣ чӣ қимате дорад! Саршори муҳаббату самимият, бетакаллуфиву бетаоруфӣ, дӯстдориву садоқат, табъу завқи баланд ва ҳиммату ҷавонмардианд он номаҳо ва чун шеър ё пораи самимитарини асаре мутолиа мешаванд. «Дар Кумитаи Марказӣ монда, дохили хидмат шудаам. — менависад Лоҳутӣ, — илтимос ин ки агар коре дошта бошед, ба банда бинависед. Хидмате аз дастам биояд, дареғ нахоҳам кард. Агар ҳам рӯзе гузоратон ба Маскав афтод, манзили ман манзили худи Шумост». Ин соҳибдили бузург натанҳо оид ба амнияти шаҳсутуни адабиёти тоҷик меандешад, ба ҳифзи саломатӣ ва таълифи осори нав таҳрикаш мебахшад, аз вазъи хонадону фарзандонаш мепурсад, барои эҳтиёҷоташ пул мефиристад, ба чопу интишори китобҳояш мусоидат мекунад, балки ба масъалаҳое низ таваҷҷуҳ менамояд, ки дар назари аввал ҷузъӣ метобанд. «Дирӯз, 27 моҳи декабр (1938 — Н.Қ.) дар идораи ҷамъияти нависандаҳо фаҳмидам, ки билети аъзоии Шуморо ҳанӯз ҳам бароятон нафиристодаанд. Кофта ёфтам, имзои Гуркиро дорад, билети рақами 7. Аз тарафи Шумо имзо карда гирифтам.» «Ба рафиқони Ӯзбакистон раҳмат, ки масъалаи курорти Шуморо таъмин мекунанд. Агар натавонанд, бинависед, ки аз ин ҷо таъмин кунам».

Бояд гуфт, ки ин ҳамдамиву ҳамфикрӣ ва ёриву ғамхорӣ ҷонибайн ва ихлоси устод Айнӣ ҳам ба ҳамсафи бузургаш ба ҳадде будааст, ки дар як сафари ӯ ба Самарқанд, бино бар номуайянии рейс ва таъхир кардани поезд се бор шахсан барои истиқбол ба вокзал баромадааст!

Фахр дорам, ки мардуми тоҷик

Мешуморад маро рафиқу шарик,

К-аз нахустин қадам, ки ӯ озод

Дар раҳи зиндагии нав бинҳод,

То ба ин дам, ки шуд қарин ба камол,

Ҳамраҳаш будаам ба ҳар аҳвол, — 

мегӯяд шоир ва комилан ҳақ аст, чунки ҳатто дар охирин нафасҳояш ҳам аз кишвари мо — аз ин умеди дили рамидааш ёд овардаву дар сурати рух надодани инқилоби заҳматкашони Эрон дар солҳои наздик ба Тоҷикистон бурдани турбаташро васият намудааст.

 Саодату бузургии Лоҳутист, ки ба Ватани дувумаш содиқонаву пурбор хидмат намуд ва сарафрозии халқу давлати мост, ки ба қадри чунин шахсияти дар шукуфоии моддию маънавиамон басо саҳим расидаанд ва бовар дорем, ки минбаъд ҳам сазовор қадрдониаш хоҳанд кард.

Низом Қосим,

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо