Андешаҳо дар остонаи Рӯзи ваҳдат

 Андешаҳо дар остонаи Рӯзи ваҳдат

Абдунабӣ САТТОРЗОДА

Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатии худ дастовардҳо, бидуни шак, зиёд дорад, аммо яке аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ буд. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст.

Дар бораи он ки таҷрибаи дар зоти худ нодири сулҳи тоҷикон натанҳо аҳаммияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷуҳи фавқулоддаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ медод. Дабири кулли вақти СММ ҷаноби Кофе Аннан, ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шурои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».

Муқовимати сиёсию низомие, ки 5 майи соли 1992 дар байни неруҳои сиёсӣ ва маҳаллии онвақтаи ҷумҳурӣ оғоз гардид, пасон, ба «ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ» табдил ёфт. Бо сипарӣ шудани се соли муборизаи шадиди мусаллаҳона, расонидани хисороти ҳангуфти ҷонию молӣ, бехонаю беҷою макон гардидани садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат тарафҳои даргири тоҷик ба натиҷае омаданд, ки бо идомаи он хавфи аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва халалдор шудани тамомияти арзии он бештар мегардад. Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2004 дар арафаи ҷашни Рӯзи ваҳдат аз мавҷуд будани нақшаи ба се бахш тақсим кардани хоки Тоҷикистон дар он солҳо дарак дода буданд. Дар чунин вазъияти ҳассос маҳз дарки зарурати ҳифзи якпорчагӣ, тамомияти арзӣ ва давлатдориву давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аз тарафи ҷонибҳои сулҳи тоҷикон ва аксарияти кулли мардум кишвари моро аз порашавӣ, миллатро аз беватанию бедавлатӣ, аз беномунишонию бандагӣ раҳонид.

Зарурати дарки манфиатҳои миллӣ он вақт бар ҳамаи хоставу ғаразҳои гурӯҳию мазҳабӣ, маҳаллию қавмӣ, мансабталошию молу сарватҷӯиҳо бартарӣ ёфта буд, онҳоро фурӯ нишонда, пахш карда буд. Натиҷаи ҳамин боло гирифтани дарки ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи тоҷик ва мавридшиносии фавқулодда буд, ки мо ба шарофати онҳо ба дарёфти оштии миллӣ ва сулҳу салоҳ, ризоият, оромиву осудагӣ мушарраф гардида, ба озодии баён ва эътиқод, чандандешӣ, низоми бисёрҳизбӣ, таъсиси ниҳодҳои демократӣ ва шаҳрвандӣ рӯ овардем.

Аз зарурати сулҳу оштӣ ва музокирот сухан оғоз кардан он вақт ҳанӯз маънои онро надошт, ки ҷонибҳо ба пуррагӣ аз он ҳимоят менамуданд. Фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар он солҳо дар Тоҷикистон чунон сохта буданд, ки касе агар аз сулҳу салоҳ сухан оғоз мекард, ё хоин эълон мешуд ва ё кушта мегардид. Ва лоф аз неруву лашкари сафдари хеш зада, дар кӯчаву хиёбонҳо намоишкорӣ мекарданд ва ошкоро ба ҳамлаву задухӯрдҳои рӯёрӯӣ омодагӣ мегирифтанд. Равшан буд, ки дар он рӯзҳо неруҳои сулҳхоҳ дар муқобили тарафдорони муқовимат ва задухӯрд хеле заиф буданд.

Ман борҳо шоҳиди он будам, ки Музокирот ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ба бунбасте медаромад ва ҳайатҳои музокиракунанда ва аъзои КОМ гумон мекарданд, ки муқовимату мухолифат аз сар гирифта мешавад. Вале, хушбахтона, роҳбарият саривақт ҳозиру нозир мешуданд ва душвортарин мушкилотро ҳаллу фасл намуда, тамоми масъулиятро бар дӯши худ мегирифтанд.

Дар муҳимтарин санадҳое, ки дар ҷараёни Музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд, як нукта гаштаю баргашта таъкид ёфтааст, ки тарафҳо «барои таъмини риояи манфиатҳои олии халқ ва давлати тоҷик азми қатъӣ дошта», «бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бузурги худ барои ояндаи халқ ва давлати тоҷик… ба созиш расиданд».

Рамзист, ки яке аз нахустин санадҳое, ки дар Музокироти сулҳ ба имзо расонданд, Изҳороти якҷояи иштироккунандагони Музокироти байни тоҷикон «Дар бораи масъалаи ҳифзи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар таърихи 19 апрели 1994 буд. Ҳанӯз он вақт муқовимати сиёсию низомӣ дар авҷ буда, то сулҳу оштӣ се солу ду соли дигар буд. Ин худ шоҳиди равшани он аст, ки миллати тоҷик табиатан ва таърихан ободгар аст, на вайронгар. Он вақт ҳанӯз намедонистем, ки кай сулҳу оштӣ ба даст меояд, аммо ғами онро мехӯрдем, ки як гӯшаи ободу зебои диёрамон хароб нагардад. Ингуна масъулиятро танҳо касоне дарк мекунанд, ки дар баробари ватани худ, халқи худ масъулият доранд.

Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафа ва рафти Музокироти сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, аз ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ ва давлатдории тоҷикон иборат буд. Зеро дар он вақт, дар воқеъ, хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва тозабунёди Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он, ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона қисмат шудани он таҳдид мекард.

Барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркориро гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳоте, ки солҳои 90-ум карда будем, роҳ надиҳем, бояд онро ҳаматарафа омӯхт ва дар мактабу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таълим дод. Ба ман гуфтанд, ки соли чаҳорум аст, ки дар факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси «Сабақҳои сулҳи тоҷикон» таълим дода мешавад. Ин ташаббус шоистаи дастгирист.

Ҳанӯз ҳам барои ҳаматарафа омӯхтани раванди сулҳи тоҷикон ва сабақҳои омӯзандаи он фурсат ва имконот вуҷуд дорад. Аксари шоҳидони бевосита ва иштироккунандагони он воқеаҳо ва раванди сулҳу оштии миллӣ, ки имрӯз манбаи асосӣ ва ягонаи боэътимод мебошанд, ҳастанд. Бо гузаштани ҳар сол ин имконот ва фурсат камтар ва тангтар хоҳад шуд. Зеро ба истиснои санадҳои расмии Музокирот, ки дар маҷмуаву китобҳои алоҳида ба чоп расидаанд, дигар маводи марбут ба он дар дасти шахсони алоҳида аст. Ҳамаи ин маводи бисёр муҳимро дар як ҷо бояд гирдоварӣ кард ва омӯхт. Вагарна бо мурури замон ин саҳифаи таърихамон низ мисли бисёр саҳифаҳои дигари он номуайян боқӣ хоҳад монд.

Ба назарам, замони таъсиси маркази таҳқиқие расидааст, ки ташаббускори гирдоварӣ, таҳқиқу тадқиқ ва табъу нашри ин маводи парешон, вале бисёр арзишманд шавад, ин кор барои дарки дурусти равандҳои даврони истиқлолият дар кишвар, аз ҷумла раванди сулҳу оштӣ ва таълиму тарғиби он ба шогирдон ва ҷавонони кишвар мусоидат хоҳад кард.

Шароити феълӣ аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарвари Тоҷикистон бо исрор тақозо мекунад, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдате, ки дорем, бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем, ҳифз намоем ва ба камол бирасонем. Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеамон табдил диҳем. Агар мо имрӯз тавонем, ки ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, бузургтарин сабақе хоҳад буд, ки аз раванди сулҳу ваҳдатамон бардоштаем.

Дигар хабарҳо