АМИРХОН САФАР

САФАР АМИРХОН 20 марти соли 1952 дар деҳаи Толеъи Нави ноҳияи Мӯъминобод ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1973, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар мактаби маълумоти ҳамагонии №11 ноҳияи Вахш, Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №38 ва мактаби маълумоти ҳамагонии № 8 шаҳри Кӯлоб омӯзгорӣ кардааст.

Аз соли 1980 ба сифати хабарнигор ва муҳаррири Кумитаи садо ва симои вилояти Кӯлоб (Хатлон) ва муҳаррири калони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат кардааст.

Ҳоло мудири шуъбаи адабиёти муосири Муассисаи нашриявии «Адиб» мебошад.

Ашъораш тавассути маҷмӯаҳои «Гули Наврӯз» (1989), «Чашмаи толеъ» (1993), «Хок ва оташ» (1993), «Ҷилваи хаёл» (2003), «Чатри гул» (2010) ва «Чароғи меҳр» (2014) дастраси хонандагон гардидаанд.

Ҳамчунин, намунаҳои эҷодиёташ дар маҷмӯаҳои муштараки «Наврӯз муборак!»,«Баҳодурон», «Падарнома», «Меҳри Хатлон», «Навсафар» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2015).

Дорандаи медали «Барои меҳнати шоён» (1978). Аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо