АМИНЗОДА ОЗОД
ОЗОД АМИНЗОДА (Аминова Озод) 1 октябри соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони моҳир Муҳиддин Аминзода, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Соли 1958, баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров соле чанд (1958-1970) дар мактаби №49 ноҳияи Хуҷанд аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.
Солҳои 1971-1987 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» мудири шуъба, аз соли 1987 то давраи ба нафақа баромаданаш раиси шуъбаи Ленинободи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон будааст.
Фаъолияти эҷодияш аз солҳои донишҷӯйӣ (1957) оғоз ёфта, дар тӯли умраш чандин маҷмӯаи шеърашро пешкаши хонандагон гардондааст.
Мавзӯи эҷоди шоира набзу рӯҳи замона буда, армонҳои наҷиби давлатдорӣ, рисолати пешвоёни замона ва характери мардуми одиро моҳирона баён кардааст.
Тасвири зебоиҳои диёр, урфу одати муҳассани мардум ва падидаҳои хуҷастаи зиндагӣ дар осораш мақоми асосӣ доранд.
Китобҳои шоира «Сатрҳои нахустин», «Бо ёди ту», «Чашми бедор», «Дилбари саҳро», «Пайроҳаи сабз», «Сипос», «Ёди ширин», «Неспящие глаза» ва «Зелёная тропинка» (Маскав) мақбули ҳамагон гардидаанд.
Соли 2003, ба муносибати 70-солагии зодрӯзи шоира, китоби ашъори ӯ «Дунёи дил» интишор ёфтааст, ки нуқли офаридаҳояшро дар бар дорад.
Соли 1982 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1996 шарафёби Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардонда шудааст. Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали «Барои меҳнати шоён» ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳайъати нависандагони СССР ба аксари ҷамоҳири шӯравӣ ва бисёр мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Фаронса, Олмон, Булғория, Арабистон ва Эрон сафар кардааст.
Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
7 июни соли 2009 аз олам даргузашт.