АЛИДОД ХУШОМАД

ХУШОМАДИ АЛИДОД(Алидодов   Хушомад Худодович) 10 октябри соли 1973 дар деҳаи Шоди ноҳияи Шуғнон (ҳозира Роштқалъа)-и ВМКБ ба ҷаҳон омадааст.

Дар кӯдакӣ аз падараш ятим мондааст.

Соли 1980 ба мактаби миёнаи зодгоҳаш қадам гузошта, соли 1991 хатм намудааст.

Соли 1992 муҳассили бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Хоруғ гардида, соли 1997 бомувафаққият анҷомаш додааст.

Баъди хатми донишгоҳ ва ду соли омӯзгорӣ дар зодгоҳаш ба Идораи телевизион ва радиои ВМКБ ба кор гузашта, аз соли 2013 вазифаи муовини сардори идораи мазкурро бар уҳда дорад.

Шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Муаллифи        маҷмӯаҳои        ашъори«Ситораборон» (2009) ва «Гулчароғ» (2012) аст.

Соли 2000 дар озмуни вилоятӣ (бахши публитсистика ва наср) бахшида ба 75-солагии таъсисёбии ВМКБ сазовори ҷойи аввал гардидааст.

Соли 2010 дар озмуни умумиҷумҳуриявии

«Ман дар СССР зистаам», ки аз ҷониби Радиои Озодӣ роҳандозӣ шуда буд, низ ҷойи аввалро гирифтааст.

Соли 2012 дар машварати шоирони ҷавони ҷумҳурӣ ширкат варзидааст.

Аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо