«Акси садои Осиё»

 «Акси садои Осиё»

Ҳунарманди Сирки давлатии Тоҷикистон Мастона Собирзода дар Фестивал-озмуни XIII байналмилалии сирк таҳти унвони «Акси садои Осиё» сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Инчунин таваҷҷуҳи махсуси раиси шаҳри Нур-Султон ва директори Сирки Беларусро соҳиб шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбоналӣ Зоиров.

Мастона Собирзода ҳунари худро миёни 50 нафар ҳунармандони ҷаҳонӣ дар номинаи «Алвон», яъне гимнастикаи ҳавоӣ муаррифӣ намуд.

Ба гуфти Қурбоналӣ Зоиров, дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ бори аввал аст, ки намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии сиркӣ ҳакамӣ мекунад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, директори Сирки давлатии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода дар ин озмун ба ҳайси узви ҳайати ҳакамон ширкат намуд.

Дигар хабарҳо