М. Мирзоаҳмад: Бахтиёр Худоназаров гуфт: «Ту дар ин кино нақш меофарӣ»

 М. Мирзоаҳмад: Бахтиёр Худоназаров гуфт: «Ту дар ин кино нақш меофарӣ»

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» Мирзоумари Мирзоаҳмад яке аз ҳунарпешагони шинохтаи Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ аст, ки меҳмони меҳмонхонаи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» гардид. Муддати чил сол аст, ки номбурда дар саҳнаи театр бо нақшҳои рангини хеш дили тамошобинро дар даст дорад. Меҳмони мо дар ин қадар муддати фаъолияти эҷодӣ наздики 100 образи гуногунро офаридааст. Имрӯз ифтихор дорад, ки бо ҳунарпешагони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ин саҳнаи бузург бозӣ мекунад. Аз кӯдакӣ тамошобини театри мазкур буд ва дар ниҳоят худ ҳунарпешаи он гашт. То имрӯз дар намоишҳои «Ашрофпараст» (нақши Журден), «Панҷ зани Афандӣ» (нақши Афандӣ), «Абдуи Хуҷандӣ» (нақши Қорипоччо), «Моҷарои як саёҳат» (нақши хизматгор), «Табиби паррон» (нақши домоди пир), «Зани оҳанин» (нақши мулло Сувон) ва дигарҳоро бо маҳорати хос офаридааст.

Инак, суҳбате, ки бо мавсуф кардем, пешниҳоди хонандаи ҳафтанома мегардад:

— Хуш омадед ба меҳмонхонаи нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат». Дар оғози суҳбат мехоҳем, ки барои хонандагони мо аз рӯзгори кӯдакиву наврасиатон ёдовар шавед, ки шояд пайванде ба театр дошта бошад.

— Аз рӯйи гуфтаи волидайнам, дар ав- лоди мо ягон санъаткор набуд. Модари зиндаёдам омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик буданд. Маро аз сабаби он ки фарзанди ягона будаму дар хона танҳо, ҳамроҳи шогирдони худ ба Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бурданд. Он вақт театри мазкур номи Пушкинро дошт. Бинои боҳашамату зебои театрро бори аввал медидам. Вақте ки вориди бино гардидам, олами афсонаро мемонд. Толор калону зебо, тозаву барҳаво. Курсиҳои мувофиқ, зери по қолинҳо, дар саҳна пардаи зардӯзӣ…

Муғанниён мусиқиро ҷӯр мекарданд. Зеро намоиш дар жанри мусиқӣ, аз рӯйи асари «Темурмалик»-и устод Сотим Улуғзода буд. Ҳамин ки парда кушода шуд, мисли оҳанрабо саҳнаи ҷаззоб маро ба худ ҷалб кард. Барои мани кӯдак ҳайратовар буд, ки чӣ хел саҳна тағйир меёбад. Дар саҳна рассомон дарёи Сиру мавҷзаниҳояш, киштии Темурмалик ва баъзе ҷузъиёти дигарро тасвир карда буданд. Баромади ҳунарпешаҳо, зебову адабӣ сухан кардани онҳо диққати маро ба худ мекашид. Ва аз ҳамон вақт пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд дар оянда ҳунарпеша шавам.

Аввалҳо падару модарам ҷиддӣ намепиндоштанд ва розӣ ҳам набуданд. Шабҳо хобам намебурд. Ҳамеша хаёл мекардам, ки бояд шабу рӯз ҷойи ман театр бошад. Ин хаёлоти рангин маро ором намегузошт. Аз падарам ҳамеша хоҳиш мекардам, ки маро ба театр ба- ранд, зеро бинои театр аз мо дур набуд.

Агар хато накунам, аз синфи чор-панҷ сар карда, мустақилона ҳама намоишҳоро медидам, ҳатто такрор ба такрор. Ба ман дар баробари намоишҳо ҳаёти пасипардагии ҳунарпешаҳо аҷоиб менамуд. Кунҷкобона аз ҳаёти онҳо фаҳмидан мехостам. Аллакай медони- стам, ки ин ё он намоиш чӣ қадар давом мекунад. Аз пушти театр, аз он ҷо, ки истгоҳ буд, назора мекардам ва медонистам, ки кадом ҳунарпеша дар кадом пардозхона аст. Беқарор будам, ки кай онҳо мебароянду мебинамашон. Даме ки оҳиста-оҳиста пайи ҳам баромада мерафтанд, барои ман аҷиб буд, ки дар зиндагӣ чӣ тавр бошанд. Дар арафаи хатми мактаби миёна ба мақсади аз овони хурдсолӣ пешгирифтаам устувор мондам. Модарам мехостанд, ки касби он касро интихоб кунам… Аммо ман майл надоштам. Сипас падариам гуфтанд, ки биё, очаш, чун ин касбро дӯст медорад, ҷояш театр аст. Як рӯз баъд аз сари мо нагӯяд, ки падару модарам розӣ набуданд.

— Ҳамин тавр, дар ҷойи хостаатон донишҷӯ шудед…

— Хушбахтона, баъди хатми мактаби миёна соли 1978 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудам. Боиси ифтихор аст, ки аз устодони бузурги санъати тоҷик, пеш аз ҳама, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Аскар Абдураҳмонов, Хушназар Майба- лиев, дотсент Назар Назаров, инчунин аз Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Фаррухи Қосим, Шамсӣ Қиёмов, профессор, санъатшинос Низом Нурҷонов, муаллимони нутқи саҳнавиам, нависанда Салоҳиддини Солеҳ, Ҳотам Нуров ва бисёри дигар сабақ омӯхтам.

Аз овони донишҷӯӣ дар пойтахт дӯстони зиёд пайдо кардам, ки аз гӯшаву канорҳои гуногуни ҷумҳуриамон буданд. Сарфарозам, ки бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Зебунисо Муродова, корманди Театри давлатии лӯхтак ва Абдумуъмин Шарифӣ, корманди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва дигарон дӯстӣ пайдо кардам.

— Пас аз хатми ин боргоҳи ҳунару санъат Шуморо чӣ мунтазир буд?

— Гурӯҳи моро барои кор кардан дар Театри Бохтар тайёр карда буданд. Аммо ман пайи орзуҳои кӯдакӣ ба Хуҷанд баргаштам.

Баъди хатми донишкада, соли 1982 ба Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба кор даромадам. Ва хушбахтона, то имрӯз тӯли чил сол аст, ки бетанаффус дар он кор мекунам. Сарвари онвақтаи театр Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон оҳангсоз, сардирижёри теар Одилҷон Назаров маро ба кор қабул карданд.

Тавре ки дар боло гуфтам, вақте ки дар хурдсолӣ бори аввал ба тамошои театр рафта будам, намоишномаи «Темурмалик» аз рӯйи асари устод Сотим Улуғзода рӯйи саҳна гузошта шуда буд. Замоне ки ба театри мазкур ба кор даромадам, ҳамон вақт бори дувум устоди арҷмандам, арбоби ҳунару санъати тоҷик, равонашон шод бод, Ислом Саломов ин намоишномаро ба саҳна мегузоштанд. Ва ин барои ман фоли нек буд. Зеро маҳз тамошои ҳамин намоиш маро ошиқи ҳунар кардааст.

 — Корро дар театр бо чӣ гуна нақшҳо оғоз намудед?

— Шояд барои санҷиш буд, ду нақши кӯчаки тамоман гуногунро ба ман супориданд. Дар театр бо устодон, поягузорони санъати Театри соҳили Сир ба мисли Ҳунарпешаҳои халқӣ, равонашон шод бод, Тоҷихон Султонова, Муътабархон Иброҳимова, Ойниҳол Усмонова, Даврон Алиматов, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Солеҳ Фармонов, Аҳмадҷон Парпиев ва бисёри дигар кору фаъолият кардам, аз онҳо омӯхтам. Ислом Саломов ҳамчун устод ва падари маънавӣ солиёни зиёд дар театр дастгирам буданд. Якчанд муддат устоди санъати тоҷик Сайрам Исоева низ саркоргардони театр шуд. Дар намоишҳои онҳо нақшҳо офаридам. Инчунин ба театри мо бисёр коргардонҳои машҳури Тоҷикистон ва берун аз онро даъват мекарданд. Аз ҷумла, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов панҷ сол саркоргардон буд, бо ӯ ҳамкориҳои зиёд кардем. Намоишҳои ин коргардон чандин маротиба дар озмуни театрҳои касбӣ «Парасту» соҳиби шоҳҷоиза шуданд. Ба хориҷа бисёр сафарҳо доштем. Бо дигар коргардонҳои машҳури кишвар ва хориҷ Ҳунарпешагони халқӣ Шавкат Халилов, Давлат Убайдуллоев, Абдулҳафиз Қодиров низ ҳамкорӣ кардаам. Коргардони маъруф, Арбоби санъати Ӯзбекистон Олимҷон Салимов ва бо коргардони Фаронса Кристов Петрие низ муддате бо мо буданд.

— Фаъолияти имрӯзаи Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

— Ҳоло саркоргардони театрамон коргардони ҷавону умедбахш Суҳроб Шехов мебошад. Аввалин намоишномае, ки ӯ ба саҳна гузошт, асари драманависи машҳури Фаронса Ж. Д. Молйер бо номи «Табиби паррон» буд. Намоишро тамоман тоҷикона, бо сару либоси тоҷикона, бо номҳои тоҷикона пешниҳоди тамошобин кардем. Боиси хушнудист, ки бо он се маротиба дар озмунҳои бонуфуз, дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия, дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон ва моҳи апрели соли ҷорӣ бошад, дар шаҳри Смоленск иштирок намудем. Суҳроб Шехов то акнун чандин намоишномаро барои тамошобини синну соли гуногун ба саҳна гузоштааст.

Чанде пеш ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоиши «Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё» даҳ рӯз меҳмони театри мо буданд. Мо низ баъди он ба пойтахт сафари ҳунарӣ доштем. Бо намоиши мазҳакавии « Келини ҷойдорӣ», ки асари драматурги ӯзбек Нурулло Аббосхон аст. Онро дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ пешкаши мардум кардем. Ҳоло кор болои асари «Оилаи хунхор» рафта истодааст, ки он низ дар таҳияи Суҳроб Шехов мебошад. Ногуфта намонад, ки имсол барои мо соли хурсандии дигар низ буд, зеро дар муддати қариб ҳашт моҳ Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ пурра аз таъмир баромад. Ҳам дохил ва ҳам беруни бино симои дигар гирифт. Ба раиси вилояти Суғд барои ин дастгириаш изҳори сипос мекунем. Азбаски жанри театри мо мусиқӣ-мазҳакавӣ аст, дар он ҳам сарояндагон, ҳам навозандагон ва ҳам раққосаҳо фаъолият мекунанд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев дар намоиши «Суруди нотамом»-и Абдусалом Отабоев нақши Озарро бозӣ кард.

— Чандин сол дар Театр-студияи ҳаҷвии «Хандинкамон» низ фаъолият доштед. Ин театр-студия чӣ гуна созмон ёфта буд ва ба шумо чӣ дод?

— Станиславский гуфтааст:

«Агар ду ҳунарпеша қолинчаеро ба замин партофта, рӯйи он нишаста, суҳбат карда истода бошанд, алакай театр ҳисоб меёбад».

Соли 2003 собиқ раиси Вилояти Суғд Қосимҷон Раҳбарович Қосимов дар асоси гурӯҳи «Ҳозирҷавобон»-и Исфара, ки пешсафу муваффақ буд, тавсия дод, ки дар Хуҷанд як театр-студияи ҳаҷвӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамин тавр, Театр-студияи ҳаҷвии «Хандинкамон» таъсис ёфт. Ва маро чандин маротиба сарвари театр, ҳаҷвнигори шинохта Муқимҷон Абдуфаттоев ба кор даъват кард. Намедонистам, ки чӣ тавр дар ду ҷой кор кунам. Чун дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ корамон зиёд буд, бисёр ба сафарҳои ҳунарӣ мебаромадем, дар озмунҳо иштирок мекардем… Соли 2006 шомили ин гурӯҳ шуда, зиёда аз даҳ сол ҳамроҳашон фаъолият кардам. Гарчанде ки онҳо он вақт ҳунарпешагони касбиву ҳирфаӣ набуданд, истеъдоди худододашон маълум буд. Аз мактаби эшон низ баҳраҳо гирифтам. Аз ҷумла, Гулбаҳорхон Ғаффорова, Сулаймон Саидғозиев, Муқимҷон Абдуфаттоев аз ҳамон вақт ҳунару маҳорати зиёд зоҳир менамуданд.

— Имрӯз бо кадом ҳунарпешаҳо ҳамкорӣ доред?

— Бо Ҳунарпешашони халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Зулфия Тӯйчиева, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Неъматҷон Дӯстматов, Абдуҳамид Каримов, Абдураҳмон Ашӯров, ҳунарпешагон Асрор Камолиддинов, Ҳакимҷон Аҳмадов, Орифаннисо Ғафурова, Сурайё Хоҷазода ва дигарон ҳамкориву дӯстӣ дорам.

— Аз нақшофариҳоятон дар филмҳо чӣ гуфтан мехоҳед?

— Солҳои ду ҳазорум шодравон Бахтиёр Худоназаров вақте ба Хуҷанд омада, филмеро бо номи «Падари маҳтобӣ» ба навор гирифтанӣ шуд, маро дидан баробар гуфт:

— Ту дар ин кино нақш меофарӣ!

Ин аввалин нақшам дар кино буд, ки мактаби бузургеро мемонд.

Худи Муқимҷон Абдуфаттоев сенарияҳо навишт ва чанд филм рӯйи навор омад. Тамошобинон хуш истиқбол карданд. Фиттаҳои ин наворҳо бисёр ба фурӯш ҳам рафтанд. Баъди фосилаҳое, соли гузашта коргардони «Суғдсинамо» Муҳиддини Музаффар маро ба филми «Дов» барои ҳунарнамоӣ даъват намуд. Бо бисёр ҳунарпешагони машҳур, аз ҷумла, бо ҳамсабақу дӯстам Абдумуъмин Шарифӣ нақш офаридам. Тарзи кори коргардон Муҳиддини Музаффар, ки ҷавону серталаб мебошад, хушам омад. Умуман, дар кино кам нақш офаридам. Шояд, бо сабаби дар музофот зиндагӣ доштан ба ёди коргардонҳои кино дер-дер мерасам. Орзу дорам, ки дар филмҳо зиёд нақш бозӣ кунам.

-Ташаккур барои суҳбати самимию хотирмон.

— Саломат бошед.

Суҳбатнигор Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

Дигар хабарҳо