Адибони ӯзбек дар меҳмонии ИНТ

 Адибони ӯзбек дар меҳмонии ИНТ

Дар доираи чорабиниҳои фарҳан­гии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳу­рии Тоҷикистон як гурӯҳ адибони кишвари дӯсту ҳамсоя – раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷид­дин Саид, адиб ва тарҷумони ши­нохта, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Одил Икром ва адиб Шерзод Ирзоев ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Рӯзи 18 апрел бо иштироки ин меҳмонон дар Иттифоқи нави­сандагони Тоҷикистон нишасти хоси адабӣ баргузор гардид. Муо­вини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз перомуни робитаҳои пурсамари адабии Тоҷикистону Ӯзбекис­тон, тарҷума ва чопи осори адибони ӯзбек дар Тоҷикистон ва осо­ри адибони тоҷик дар Ӯзбекистон ва маҳфилу ҷашнвораҳои гуногуни адабӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки ин робитаҳо ба шарофати дӯстиву ҳамкории ду ҷониб бештар таҳким меёбанд.

Дар ин бора ҳамчунин муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод ба таври васеъ изҳори назар кард ва баён намуд, ки ба баракати ро­битаҳои дӯстонаи ду кишвар дар чанд соли охир як зумра адибони тоҷики Ӯзбекистон, аз ҷумла Абдул­ло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ, Юнуси Имомназар, Ҷаъфар Муҳаммад, Шариф Халил, Асадулло Шукуров ва дигарон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Раиси Иттифоқи нави­сандагони Ӯзбекистон Си­роҷиддин Саид дар бораи робитаҳои адабии ду ки­швар, ихлосу самимияти тоҷикону ӯзбекон ва нақши муҳимми адабиёт дар тақ­вияти ин робита батафсил сухан гуфта, чанд китоби тозанашри адибони ӯзбекро ба китобхонаи Итти­фоқи нависандагони Тоҷикистон тақдим намуд. Номбурда бо хушҳолӣ хабар дод, ки се адиби Тоҷикистон – шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Акбар Абдулло, тарҷумон Сайфулло Қулаев ва нависанда Ҳасан Бердиқу­лов ба узвияти Иттифоқи нависанда­гони Ӯзбекистон қабул гардиданд. Шаҳодатномаҳои узвият дар фазои тантанавӣ ба адибони номбурда супорида шуданд.

Дар поёни маҳфил изҳори умед­ворӣ карда шуд, ки минбаъд низ ро­битаҳои адабии ин ду кишвари дӯст тақвияти бештар меёбад.

Дигар хабарҳо