Ҷамолиддин Каримзода. Ашъор

 Ҷамолиддин Каримзода. Ашъор

ПАЙКАРТАРОШ

Шаб ҳам кунун зи нимаи худ даргузаштааст,
Дунёст ҳамчу пайкари яхбастае хамӯш.
Бар чеҳрааш нишаста ғубори дурушти санг,
Аз дур зарби тешаи ӯ мерасад ба гӯш.

Вақте зи санг пархаи санге ҷудо кунад,
З-он ҷой тарҳи чеҳраву абрӯ шавад аён.
В-аз зарбаҳои теша бар он мармари сафед
Охир тане ба дида битобад чу зиндагон.

Охир тане ба олами зебову дилнавоз
Ҳампои зиндагониву аҳли башар шавад.
Аз нав ба ранги мозии худ дар нигоҳҳо
Бо он вуҷуди сангии худ ҷилвагар шавад.

Пайкартароши пир вале ғарқаи хаёл
Созад бар ӯ назора ба андӯҳи дарднок,
3-ожангҳои чеҳраи ӯ қатраҳои ашк
Афтад ба сони қатраи борон ба рӯи хок.

Охир чаро, чаро ҳама хунобдаркашон
Ин марди покро ба асорат нишондаанд?
Дар чашми ӯ, ки барқи ҳақиқат ба ҷилва буд,
Хомӯш кардаанду ба хокаш фишондаанд.

Шом асту боз аз сари нав мерасад ба гӯш
Ҳар дам садои тешаи пайкартароши пир.
Кӯбад ба теша боз тани мармари сафед
Бо шӯру шавқу заҳмату эҳсоси беназир.

То ин ки боз ҳайкали қурбоние дигар
Вай офарад ба қудрату эъҷози тешааш
В-он ҷовидона ҳамраҳи мо зиндагӣ кунад,
Бошад ба хоки зиндагӣ пайванд решааш.

 

МАНЕКЕНҲО

Манекенҳо чи бисёранд ҳар ҷо,
Ба дӯконҳои деҳу шаҳру бозор,
Ба саҳну пешгоҳи ҳар мағоза,
Манекенҳо, манекенҳост бисёр.

Ба танҳошон ба ҳар ҷое, ки бинӣ,
Либоси тозаву озода доранд,
Ба дилҳо бо либосу сурати хеш
Чи эҳсоси ғарибе мегузоранд.

Вале дар зиндагӣ ҳам чун бубинӣ,
Басеро гар ба сурат одамонанд,
Валекин бо манекенҳои беруҳ
Чу як себи ду тақсиманд монанд.

Дар онҳо нест ҳисси одамизод,
Дар онҳо нест руҳи одамона,
Дар онҳо нест дарди зиндагонӣ,
Дар онҳо нест аз сӯзе нишона.

Дар онҳо нест бӯи орзуе,
Дар онҳо нест ишқеву баҳоре,
Дар онҳо нест андӯҳи дили кас,
Дар онҳо нест дарди кору боре.

Дар онҳо нест парвое зи ҳастӣ,
Дар онҳо нест фарқи буду нобуд.
Дар онҳо ишқу савдои диле нест,
На парвои ғами кас, на ғами худ.

Дар онҳо ҳаст аммо кибри ҷовид,
Ҳавову ҳасрати суратпарастӣ,
Ғуруру нозҳои бехудона,
Ба сайру базму ҳушёриву мастӣ.

Ба сурат чун ҳубобе гарчи ҳеҷанд,
Вале аз шакли худ маҳ метарошанд.
Ва пиндоранд, олам тор гардад,
Ба рӯи ӯ агар онҳо набошанд.

Ва аз ин саҳна меояд дареғам,
Манекене ҳамебинам чу ҳар бор
Ва мегӯям ба худ, дар инчунин давр
Манекенӣ магар бар мост даркор?!

 

ХАЁЛ

Оҳ, мехоҳам, ки бигрезам аз ин ғавғои шаҳр
Хештанро то раҳо аз шӯру аз ғавғо кунам.
З-ин ҳама атрофиёни хештан ҷӯям канор,
Боли худ бикшояму рӯ ҷониби саҳро кунам.

Бӯсаҳо гирам зи сангу хоки кӯҳистони худ,
Сар фуруд орам ба пои нағмаҳои обшор.
Нашъаҳо гирам ман аз овози мурғони ҳаво,
Чашм дӯзам бар шукуфтанҳои гулҳои баҳор.

Раҳ бигирам аз миёни ҷангалистонҳои сабз,
Бигзарам аз сангрезу аз камарҳо беҳарос.
Ҳамзабон бо чашмаҳои дури кӯҳистон шавам,
Пой бигзорам ба ҳар як шаххаву роҳи шинос.

Баргузорам дарду доғамро ба роҳи селрав,
Лонае монам ба тоқи кӯҳ монанди уқоб,
Ҳар пагоҳӣ саҷдаҳо орам зи болои ситеғ
Умрбодӣ бар шукуфтанҳои рӯи офтоб.

Бар қади гулбуттаву бодому шохи ёсҳо
Бишканам, то метавонам ман ҳама армони худ.
Лек бо шӯре, ки дар ҷону ҷигар дарёфтам,
Ман намегунҷам дигар дар мулки кӯҳистони худ.

Дигар хабарҳо