Ҳамкории дурахшон
Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев 16-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои кинотеатри Кохи Наврўз кушодашавии Рўзҳои кинои Ўзбекистон баргузор гардид, ки дар он киношиносон, ҳунарпешагон ва дўстдору ҳаводорони соҳаи синамо ҷамъ омада буданд. Дар маросими кушодашавии Рўзҳои кинои Ўзбекистон нахуст директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сухан ронда, дар баробари хайрамақдам гуфтани меҳмонон ба кишвари офтобрўяи тоҷикон, аз ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаву малака миёни синамогарон, ки бо иқдомоти сарварони ҳарду кишвар амалӣ карда мешавад, изҳори хушнудӣ намуд. М. Шоҳиён ҳамчунин изҳор дошт, ки бо ташрифи ҳамкорони ўзбек дар ин рўзҳо гуфтушунидҳо бобати банаворгирии филми бадеии «Ахтарони адаб», ки аз ҳаёт ва фаъолияти адибони маъруф Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҳикоят мекунад, баргузор хоҳад шуд.
Хамчунин, зимни суханронии хеш муовини раиси Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон Шуҳрат Ризоев аз истиқболи гарми мардуми тоҷик изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки халқҳои тоҷику ўзбек тули қарнҳои зиёд паҳлуи ҳам зиста, адибон осори гаронмоя эҷод намудаанд.
Ҳайати кории синамогарони ўзбек чор филми калонҳаҷми бадеиро бо номҳои «Абдулло Орифов», «Таҳаввулот», «Судя», «Зинда бод ҳамсар!» бо худ оварданд. Намоиши филмҳои мазкур дар кинотеатрҳои пойтахт ва шаҳру навоҳии Ҳисор, Ваҳдат, Варзоб сурат гирифт.