Фарҳанги китобдорӣ дар замони истиқлол
Ба муносибати Рӯзи Китоб
Дар низоми сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба китоб ва китобхонӣ мақоми шоиста дорад. Пешвои миллат бо эътимод ба ин матлаб, ки “Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст» ва “китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврас” мебошад, нашри осор, бунёди нашрияҳои нав ва таҷдиди суннату фарҳанги китобхониро таҳти таваҷҷуҳ ва парастории ҳамешагии худ қарор дод. Ҳамин арзиш ва ҷойгоҳи китобхонӣ дар тафаккури миллӣ буд, ки дар тақвими санаҳои таърихиву миллии тоҷикон 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб арзи ҳастӣ намуд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2007 эълом доштанд.
Ҷиҳати табаҳҳури лозими ҷомеа бо осори классикони адабиёти тоҷик ба нашри силсилаи панҷоҳҷилдаи “Ахтарони адаб” асос гузошта шуд, ки он шомили мероси муътабари адабиёти классикии форсу тоҷик хоҳад буд. Дарозои даҳ соли охир тавассути нашриёти “Адиб” “Осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ», нуҳ ҷилд «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Рубоиёт»-и Умари Хайём, қасоиди Хоқонии Шарвонӣ, “Маснавии маънавӣ”, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, маснавиҳо ва девони Аттор Нишобурӣ, Девонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Сайидои Насафӣ, Соиби Табрезӣ, Бедили Деҳлавӣ ва баргузидаи ғазалиёти шоирони дигар ва дар умум наздики панҷоҳ ҷилд аз ин силсила ва чандин асарҳои олиқадр аз шумори осори диниву маърифатӣ ва ахлоқӣ ба дасти хонанда расидаанд. Дар идомаи силсилаи корномаҳои илмии хеш Пешвои миллат худ ҳамчун аҳли китоб бо таълифоти гаронмояашон дар саргаҳи марҳалаи нави худшиносӣ ва худогоҳии мардуми тоҷик дар асри имрӯз қарор гирифта, ба василаи силсилаи асарҳои ҷовидонаи худ чароғи маърифат ва маънавиёти ҷомеаро барои имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар равшану мунаввар доштаанд. Нахуст бо назардошти созгор омадани ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир ба афкор ва андешаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва зарурати таваҷҷуҳи амиқ ба фалсафаи инсон ва ҷаҳони ботинии ӯ бо такя бар ҳақиқати инсоншиносии ӯ зарурати таҳқиқи ин афкорро ба хотири ҳидояти инсони сайёра дарк намуда, маҷмуи баррасӣ, биниш ва диду назариёти хешро дар китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” фароҳам оварданд, ки соли 2012 аз чоп баромад. Мабоҳиси меҳварии қобили аҳамияти ин асар дар истиқрори пайванди андешаҳои Мавлоно бо сарнавишти башар таҷассум дорад, ки ба таъкиди Пешвои миллат ин афкори маҳфуз дар осори ҷовидонаи Мавлоно “имрӯз беҳтарин ва муассиртарин таблиғгари ваҳдати инсоният, садоқату дӯстӣ ва ҳамкории созгор бо тамоюлот ва тақозоҳои рӯз ва ормонҳои бузурги башарият аст. Беҳуда нест, ки ин осор ва боз ҳам қабл аз ҳама “Маснавӣ” аз осори хонданитарин ва пурнашртарин дар Ғарбу Шарқ, бахусус Амрико ва Аврупо аст”.
Таълифи китоби арзишманди “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки муҷаллади аввали он дар соли 2016 ва ҷилди дувуми он дар соли 2020 ба нашр расид, ба марҳалаи нави бузургдошти забони давлатӣ ва сарнавишти таърихии он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошт, зеро ин асар ба зоти хеш баробари бар пояи сарчашмаҳои муътамади адабиву илмӣ муқаррар намудани сарнавишт ва ҷуғрофиёи таърихии забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик ба таври амиқ собит намуд, ки ин забони ғаноманд дар тули қарнҳо барои башарият хидмат намуда, ҳамчун забони умумиҷаҳонӣ дар ривоҷи илму адабиёт, фарҳанги умумиинсонӣ нақши муассир гузоштааст. Албатта, шинохти аҳдофи нигориш ва дидгоҳҳои тозаву муттакӣ бар омӯзаҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар асоси ин таълифоти арзишманд хостори як баррасии ҷудогонаву амиқ аст, вале ба вуҷуд омадани он ҳамчун як китоби пурарзиши илмӣ дар қатори таълифоти дигари Пешвои миллат чун “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” ва амсоли ин дар навбати аввал таваҷҷуҳи амиқи роҳбари давлати тоҷиконро нисбат ба ташаккули ҳамаҷониба ва татбиқи бисёрҷабҳаи сиёсати забонӣ ва маърифати таърихии сарнавишти он бозтоб мебахшад. Маҳз чунин муносибат ба яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ – забони давлатӣ аз он башорат мерасонад, ки дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат сарнавишт ва ҷойгоҳи таърихии забони тоҷикӣ дубора ва бо сурати комилан барҷаста ва натиҷаи ибтикороти суманди пуштибони ҳақиқии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардида, ба тахтгоҳи ҳақиқии хеш менишинад.
Дар нашри аввали китоби “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои муаззами миллат нақшу мақом ва ҷойгоҳи таърихии 25 тан шахсиятҳои бузурги миллати тоҷикро шарҳу тафсир намуданд, ки ин бузургон дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ ва андешаи бузурги инсонӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Дар нашри дувум ин чеҳраҳо ба 30 нафар расиданд, ки ҳамагӣ шореҳи шинохти симоҳои бузурги миллатро дар оинаи андеша ва афкорри Пешвои миллат ба шумор мераванд.
Дар канори ин бевосита бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат рӯи чоп омадани силсилаи осоре аз қабили “Таърихи ҷомеи тоҷикон” дар шаш ҷилд, Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ, осоре дар силсилаи “Тоҷнома”, ки дар доираи он беш аз 20 ҷилд осори адабиву таърихӣ ва сарчашмаҳои муҳим рӯи чоп омаданд, “Донишномаи Сомониён” дар се ҷилд, “Донишномаи Рӯдакӣ” дар ду ҷилд, “Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик”, “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон” дар як ҷилд, “Энсклопедияи миллии тоҷик” дар шаш ҷилд ва чандин китоб дар силсилаи “Китобхонаи мактаб” ва садҳо кутуби дигар аз илму адаби гузаштагон, ки бештарини онҳо бори аввал ба ҳуруфи имрӯза чоп шудаанд ва даҳҳо иқдомоти дигар, аз қабили таҷдиду тармим ва бунёди китобхонаҳои нав, таъсиси дӯконҳои китобфурӯшӣ дар ҳама манотиқи кишвар аз эҳёи бузургдошти китоб ва суннати китобхонӣ, аз татбиқи муваффақонаи ин ибтикороти густардаи фарҳангӣ паём мерасонанд. Баробари ин, дар доираи барномаҳои эълони соли 2009 ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам бо ибтикори Пешвои миллат ба нашр расидани китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ ва ба тамоми хонаводаҳои мардуми кишвар дастрас шудани он воқеан ибтикор ва корномаи беназири Сарвари давлати мо буд, ки дар амри таҳкими шуури маънавию динӣ, худшиносиву худогоҳӣ нақши муассир гузошт. Баробари ин, дар Паёми солонаи хеш Пешвои миллат дар ин замина ибтикори тозаеро рӯи даст гирифтанд, ки он дар идомаи чунин тадбироти муҳиму наҷиб китоби бузург ва ба таъбири худи Пешвои миллат “Сарчашмаи худшиносии миллӣ”-и мардуми тоҷик – “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадони Тоҷикистон дастрас шуда, соли 2023 дар ҳошияи ин иқдом озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» баргузор шуд. Ин ҳадяи маънавӣ воқеан ба сиришту андеша ва тафаккури ҳар фарди ватандӯст ва худогоҳи тоҷик такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар ҷаласаи бузургдошти 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар идомаи ташаббуси боло “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳама хонаводаи Тоҷикистон тақдим карда шавад. Бо ҳадафи ҷалби густардаи мардум ба китобхонӣ ва ташаккули маънавиёти ҷомеа аз соли 2019 бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардид. Ҳоло соли шашум аст, ки озмуни мазкур давом дорад. Баргузории озмуни мазкур дар давраҳои мухталифи шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ башорат аз он овард, ки воқеан имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолеаи китоб таваҷҷуҳ намуда, новобаста ба синну сол дар амри хондану аз бар намудани осори фаровони адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт ва тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш нақши муассир гузоштанд. Хоса, ширкат ва ҳузури фаъоли кӯдакону наврасон дар ин озмун гувоҳ аз он дод, ки насли имрӯзи кишвар зербинои кохи муҳташами маънавиёт ва маърифату дониши хешро аз имрӯз тавассути андӯхтаву омӯхтаҳои хеш аз осори ниёкону адибони имрӯзи кишвар ва ҷаҳон истеҳком бахшида, дар шинохти ҷаҳони муосир бо диду назари нав роҳ мекушоянд. Ҳузури густарда ва фаъоли намояндагони касбу кори гуногун ва наслҳои мухталиф дар озмун бори дигар ҳақиқати ин андешаҳои судманди Пешвои миллатро дар робита ба фарҳанги мутолеа ва китобхониву китобдории тоҷикон дар масири таърих собит намуд, ки барҳақ фармудаанд: “…Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд”.
Бар ин асос ва бо натиҷагирӣ аз самараҳои матлуби соли аввали баргузории озмуни мазкур дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дастур доданд, ки “ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад”. Ҳамакнун самараҳои шаш соли баргузории озмунро мо ба таври барҷаста мушоҳида мекунем, ки батадриҷ фарҳанги китобхонӣ ва китобдорӣ дар кишвари мо рушд мекунад.
Афзун бар ин, ба ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва мақомот дастур дода шуд, ки барои таъсис додани китобхонаҳо дар ниҳодҳои хеш тадбирҳои амалӣ андешанд. Ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар ин арса имкон фароҳам оварда истодааст, ки барои таъсисёбии китобхонаҳои соҳавӣ ва умумӣ дар мақомот ва ташкилоту идораҳо иқдомоти шоиста аз сар гирифта шуда, аз ин роҳ барои ҷалби доираи васеи кормандони соҳоти мухталиф, табақаҳои иҷтимоӣ ва афроди синну соли гунонун мусоидат карда шавад.
Қобили таъкид аст, ки қомат афрохтани бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар айёми Наврӯзи соли 2012 ҳамчун маҳсули бузурги корномаҳои Пешвои миллат дар мутобиқат бо меъёрҳои замонавии байналмилалӣ ва бо корбандии усулҳои меъмории шарқӣ ҷараён гирифт, таҷаллии барҷастаи сиёсати фарҳанггустарӣ ва маърифатгароии Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Ин тадбири наҷиб имконият фароҳам овард, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун нишони бузурги фарҳанги олии китобдории тоҷикон дар асри имрӯз таҷассуми равшан пайдо кунад, зеро аз таърих бароямон равшану ҳувайдост, ки ҷойгоҳи китоб ва китобхона дар масири таърих дар андешаву афкор ва пайкорҳои мардуми тоҷик махсус ва хеле муҳим будааст. Гувоҳи равшани ин ҳақиқат мақоми барҷастаи китобхонаи “Савонеҳ-ул-ҳикмат” дар низоми давлатдории Сомониён ба шумор меравад, ки бешак пояҳои аслии илми китобдориву китобшиносии башариро бунёд ниҳодааст. Бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, коркарди тарҳу меъмории махсуси он, ки таҷассумгари тасвир ва сурати худи китоб маҳсуб мешавад, бори дигар ин ҳақиқатро собит намуд, ки Пешвои миллат мақоми таърихии китобхонаро дар фарҳанги тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барқарор карда, дар амри сууди маънавӣ ва рифъати ҷойгоҳу мақоми китоб саҳми беназир гузоштанд.
Дар пайванд бар чунин маҳсули корсозиҳои Пешвои миллат метавон афзуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи бевосита ба эҳдои силсилаи коху қасрҳои фарҳангӣ низ дар амри ҷалби ҳарчи бештари ҷомеа ба маънавиёт ва фарҳанг нақши бориз мегузорад. Зуҳури чунин кохҳои муҳташам пеш аз ҳама ба эҳёи муҳимтари суннатҳои мусиқии классикӣ, падидаҳои фарҳанги миллӣ, таъсиси гуруҳҳои ҳунармандони мардумӣ, инчунин дар ҳудуди онҳо бунёд ёфтани китобхонаҳо, аз ҷумла китобхонаҳои электронӣ, роҳи тавсеаи фарҳанги суннатии тоҷикиро дар ҷодаи рушди ҳунар ва фарҳанги китобдориву китобхонӣ ҳамвор намуд. Насли имрӯзи маърифатпарвари тоҷик бар пояи маҷмуи ин иқдомот ва ташаббускориҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи таблиғи фарҳанги китобдории тоҷикон, ривоҷи суннатҳои оини китобдориву китобшиносӣ, мутолеаи осор ва ташаккули маърифат ва маънавиёти хеш ҳақиқати фармуда ва ҳидоятҳои зерини Пешвои миллатро дар ҷону ҷаҳони хеш кашф хоҳанд кард: “Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”.
Нуралӣ НУРЗОД