ПАЁМИ САБЗИ ПАЁМ

 ПАЁМИ САБЗИ ПАЁМ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ ва фаротар аз он ба тамоми мардуми шарифи кишвари азизамон муҳимтарин ҳуҷҷатест, ки дар он бо такя ба санаду далелҳои муътамад соли сипаригардида ва барномаи амали оянда бо фарогирии тамоми самтҳои муҳимми давлатдорӣ дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз бозтоби худро ёфтааст. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз дар Паём ҷанбаи ояндабинӣ яке аз масъалаҳои умда ва меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Ин дар худ ҳикмат дорад. Зеро тавре дар Паём ишора гардид, дар минтақаҳои гуногуни олам низоъу мухолифатҳо шиддат гирифта, доираи фарогирии онҳо торафт густардатар мегардад ва илова бар ин, тағйироти босуръати иқлим омили дигарест, ки ташвиши ҷомеаи башариро ба миён овардааст. Мусаллам аст, ки рӯйдодҳои мавриди назар ба низоми муносиботи давлатҳо ва зиндагии инсонҳо бетаъсир намемонад. Бо мавриди назар қарор додани ҳолати бамиёномада Роҳбари давлат дар ибтидои Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати пешгирӣ аз таъсири манфии онҳо зарурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва самароварро таъкид намуданд. Ин нуктаи Президенти кишварро ҳамчун ҳушдор бояд пазируфт. Хушбахтона, тавре дар Паём зикр гардидааст, дар ин самт Ҳукумати мамлакат барномаи мукаммалу устуворро тарҳрезӣ намудааст. Зеро бидуни дидани тадбирҳои муҳимму муассир ҷиҳати муқовимат ба паёмадҳои ногувори рӯйдодҳои номатлуби ҷаҳони муосир амалисозии ҳадафҳои миллӣ, ки қабл аз ҳама ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, бақои ваҳдати миллӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудаанд, даст ёфтан осон муяссар намегардад. Ин масъалаест, ки набояд нисбат ба он бетараф буд ва аз ҳар як сокини кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, истиқлоли давлатиро беҳтарин неъмат медонад, ба ин марзу буми муқаддас арҷ мегузорад ва хешро фарзанди содиқи ин ватани маҳбуб мехонад, тақозо мешавад, ки дар татбиқи он саҳим гардад. Дар Паём заминаи созгор ва роҳҳои расидан ба ин аҳдофи наҷиб ба таври рӯшан нишон дода шудааст ва таъмини заминаи мусоид ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиёти кишвар яке аз онҳост. Аз ин хотир, дар баробари зикри дастовардҳои соли гузашта ҳамзамон дар Паём тарҳрезии барномаи амал барои баъд ироа гардид. Аз ҷумла, Ҳукумати мамлакат мақомоти дахлдорро вазифадор кард, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор то охири соли оянда «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030»-ро, ки фарогири масъалаҳои «рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта» мебошад, таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Дар баробари ин, зикр кардан ба маврид аст, ки яке аз омилҳои муассири ғанигардонии буҷаи давлат пардохти саривақтии андоз ба ҳисоб меравад. Таъмини раванди босуботи он ба сатҳи маърифати молиявӣ ва ташаккули фарҳанги андозсупории шаҳрвандон рабт мегирад. Тадбири муҳимми дигаре, ки дар ин самт ба роҳандозии он дар Паём ишора шуд, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллист. Маҳз ба ҳамин хотир ба ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ин ҷода тадбирҳои судманд биандешанд. Бо дарназардошти зарурат ва аҳаммияти масъалаи мавриди назар Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Он чи зикр гардид, тавре дар боло ишора рафт, як барномаи мукаммалест, ки бо татбиқи амалии он баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва рушди тадриҷии иқтисоди кишвари мо таъмин гардида, ҳамзамон ба ин васила бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, истеҳсолу содироти маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобаткунанда, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, беҳбуд бахшидан ба иқтисоди хонаводагӣ ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагӣ муяссар мегардад.

Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф дар умури давлатдорӣ дар мақоми аввал меистад. Зеро рушду густаришу пешрафти тамоми соҳаҳо, ки барои таҳкими иқтидори давлат ва бақои он заминаи мусоид муҳайё месозад, қабл аз ҳама ба сатҳи маърифати аҳолӣ рабт мегирад. Маҳз маърифат метавонад дар муқобили ҷаҳолат ҳамчун сипари боътимод хидмат намуда, эътиқод ба хурофоту мавҳумотро канор зада, дарки илмии оламу ҳаводиси дар он рухдодаро дар мақоми аввал гузорад. Ба ибораи дигар, маърифат мояи саодату хушбахтиву наҷот ва ҷаҳолат заминагузори фасоду фаност. Ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат дар суханрониҳои хеш гаштаю баргашта ба масъалаи донишу маърифатомӯзӣ таъкид мекунанд. Дар Паёми имсола низ рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳое буд, ки Президенти кишвар дар робита ба он ба таври муфассал изҳори назар намуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидани соҳаи маорифи кишвар ба мақомоти дахлдор супоришу дастури созандаву муфид доданд. Аз ҷумла ба нақши боризи маориф дар пешравии давлат ва ҷомеа ишора карда, ҳушдор доданд, ки «сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».

Нисбат ба мақому мартабаи баланди фарҳанг ва саҳми он дар тарбияву ташаккули инсони комил ва фаротар аз он миллат аз баҳои Президенти кишвари мо, ки дар яке аз мулоқотҳо бо аҳли зиё чанд сол қабл садо дода буд ва дар Паёми имсола аз он – «Фарҳанг – ҳастии миллат» ёд гардид, болотар баҳое нест. Ин ҳарфи Роҳбари давлатамон­ро набояд ҳамчун шиор пазируфт, зеро пандест ҳакимона ва ҳушдорест хирадмандона, ки аз зовияи дуран­дешӣ ва оянданигарии эшон маншаъ гирифтааст. Ин андарз агар аз як сӯ ҷойгоҳи баланди фарҳангро барои мо маълум намояд, аз тарафи дигар нақ­ши муассири онро дар сарнавишти миллат бозгӯ месозад. Он ҳушдорест ба насли имрӯзу оянда ҷиҳати эмин нигоҳ доштани миллати шарафманди тоҷик аз таҳдиду хатарҳое, ки дар ин айёми ноором аз бархӯрди тамад­дунҳо ва омезиши фарҳангҳо барме­оянд. Мусаллам аст, ки ин бархӯрдҳо билохира барои яке бақо ва барои дигаре фано меоранд. Ҳамин аст, ки чунин ҳолат аҳли хиради миллати моро, ки ба фарҳанги пурбори хеш арҷ мегузорад ва дар масири таърих ҳамеша саъй дошта, ки ба он газанде нарасад, ба ташвиш овардаву роҳҳои бархӯрд ба онро ҷустуҷӯ дорад. Пан­ди дурандешонаи Роҳбари давлат дар ин росто беҳтарин тадбир ва ҳидоятест саривақтию ҳадафманд. Тавзеҳи он барои мо чунин маъноро бозгӯ месозад, ки миллат маҳз бо пойдор нигоҳ доштани фарҳангаш метавонад аз ҳама гуна хатарҳо эмин бимонад. Яъне, мо агар фарҳанги арзишманди хешро, ки мояи ифти­хори миллӣ, фарогири адабу ахлоқ, расму оин, анъанот, забон ва маншаи тафаккури миллии мо буда, дар тули ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаву сурати комил мегирад, ҳимоя карда тавонем ва бо таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагӣ онро таҳким бахшему устувор ни­гоҳ дорем, пас метавонем мутмаин бошем, ки заминаи бақои миллати хешро муҳайё кардаем. Тавре Прези­денти кишвар дар Паёми худ ишора намуданд, “тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд кар­да шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд”. Ин маълумотро набояд ҳамчун рақаму нишондоди оморӣ қа­бул кард, балки мебояд бо корбурди тафаккур сари он мулоҳиза намуд, ки ин дастовард дар чӣ шароите ба мо муяссар гаштаву барои ноил шудан ба он чӣ қадар саъю кӯшишу талошҳо сурат гирифтааст. Зеро аз ин 33 сол беш аз даҳ соли он бо нооромиҳо дар кишварамон сипарӣ гардид ва тамоми равандҳои созандагиву ободкориҳо, ки дастовардҳои фарҳангӣ аз ин шуморанд, ҳамагӣ дар муддати хеле кӯтоҳ, яъне понздаҳбист сол ба мо даст додааст. Ин нишондодро барои кишваре, ки ҷанги шаҳрван­диро паси сар кардааст, бо итминон метавон дастоварди бузург донист ва таъкид ба маврид аст, ки он маҳз ба баракати пойдории сулҳу субот, роҳандозии сиёсати фарҳангии со­занда аз сӯйи Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳу ғамхории доимии Роҳбари давлат ба соҳаи фарҳанг насибамон гардидааст. Ҳамзамон Президенти кишвар ба мушкилот ва камбудҳои ҷойдоштаи соҳа ишора карда, ба Ва­зорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дастур доданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ онҳоро ба пуррагӣ рафъ намоянд. Бори дигар нақши муассири фарҳангро дар сарнавишти миллат таъкид карда, иброз намуданд, ки ҳифзу пойдории фарҳанги миллиро ҳамчун як масъалаи бисёр муҳим бипазирем, “зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад”.

Дар баробари масъалаҳое, ки ба онҳо ишора намудем, Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми зан дар ҷомеа, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба мақомоти дахлдор вазифаҳои му­шаххас ба миён гузоштанд, ки иҷрои саривақтии онҳо барои пойдории сулҳу субот, ободкориву созандагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории мо заминаи муосид фароҳам меорад.

Ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро ме­тавон ҳамчун паёми сабз аз ояндаи дурахшону пурсаодати давлату миллатамон арзёбӣ кард. Итминон дорем, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хешро муваззаф медонад, ки амал­карди худро дар чаҳорчӯби он ба роҳ монда, бо хидмати содиқонаю соф­дилона ба давлату миллат рисолати шаҳрвандӣ ва фарзандии хешро адо менамояд.

Сироҷиддин ИКРОМӢ

Дигар хабарҳо