Забони ҳазорсолаи илм
Солҳост, як андешаи нодуруст дар ҷомеа реша давонидааст, ки мувофиқи он гӯё дар асрҳои миёна забони форсӣ забони адабиёт буду забони арабӣ забони илм. Ин ки забони арабӣ забони илм буду дар тамоми паҳнои хилофат забони давлатдорӣ ва коргузорӣ буд, ҷои баҳс нест. Инчунин, арабӣ забони адабиёт низ ҳаст, ки бо он на танҳо худи арабҳо, балки аҷдоди мо низ, дар давраи ба қавли Абдулҳусайни Зарринкӯб “ду қарни сукут” на танҳо осори адабӣ эҷод кардаанд, балки осори тоисломиро ба ин забон тарҷума намуда, барои наслҳои минбаъда нигоҳ доштаанд. Аммо забони арабӣ дар ҷойи худаш, ҳадафи мо забони форсии тоҷикист.
Забони форсӣ, ки бештар бо адабиёташ машҳури олам гаштаасту имрӯз мо бовар дорем, ки забони бузурги адабиёт аст, бо шеъру достону маснавиву ҳикояву панду насиҳат маҳдуд намешавад. Забони форсӣ дар таърих, махсусан баъди асри X забони комили илму техника, тиб, сиёсат, дипломатия ва давлатдорӣ будааст, ки дар зер намунаҳои барҷастаи осори илмиро бо ин забон дида мебароем.
Аввалин асари форсӣ дар соҳаи тиб «Ҳидояту-л-мутаъал-лимин фӣ-т-тиб»-и Абубакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии бухорист, ки дар миёнаҳои асри X таълиф ёфтааст. Ба навиштаи устод Абдувалӣ Шарифзода: “Дар «Ҳидояту-л-мутаъаллимин фӣ-т-тиб» вожаҳои зиёди қадимаи марбут ба номи растаниҳо, доруҳо, бемориҳо, узвҳои бадан ва ғайра зикр шудаанд. Аз ин бармеояд, ки Рабеи Ахавайнии бухорӣ пеш аз Ибни Сино ва берунӣ ба истилоҳсозии форсӣ-тоҷикӣ даст задааст ва саҳми ӯ дар ин мавзуъ хеле назаррас мебошад”.
Асари дигари муҳимми ин давра китоби муаллифаш номаълуми “Ҳудуд-ул-олам” аст, ки соли 982 навишта ба ҷуғрофиё бахшида шудааст ва нишон додааст, ки забони форсӣ барои ифодаи истилоҳоти ҷуғрофиёӣ имконият дорад.
Ибни Сино китоби “Донишномаи Алоӣ”-ро солҳои 1024-1037 дар самти мантиқ, табииёт, ҳайат, мусиқӣ ва мобаъдуттабиа (метафизика) ва риёзӣ навиштааст. Ин асар яке аз намунаҳои аввалин ҷамъоварии дониши мавҷудаи замона ба забони форсии тоҷикӣ аст. Ибни Сино ҳангоми таълифи асар як силсилаи истилоҳоти навро эҷод кардааст.
Асари дигари барҷастаи илмӣ дар забони мо “Китоб-ут-тафҳим ли авоили синоат-ат-танҷим”-и Абурайҳони Берунӣ аст. Ин асарро Берунӣ ҳам ба забони арабӣ ва ҳам ба форсӣ таълиф кардааст. Гарчанде унвони китоби мазкур ситорашиносист, қисми зиёди онро ҳандаса, арифметика ва алгебра фаро гирифтааст. Ин китоб бо услуби бисёр равону сода навишта шуда, ҳамчун як китоби дарсӣ барои омӯхтани чизҳои ибтидоии илмҳои мазкур муҳим аст. Доир ба истилоҳоти илмии Берунӣ Мирзоҳасани Султон таҳқиқоти арзишманд анҷом додааст.
Барои ба забони фалсафа табдил ёфтани забони форсӣ хидмати Носири Хусрав бағоят бузург аст. Ӯ муҳимтарини осори фалсафии худро маҳз ба ин забон навишта, ба ҷойи вожаҳои арабӣ аз форсӣ истифода кардааст.
Баъдан, Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ солҳои 1113-1115 шоҳасари «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро навишт, ки қадимтарин донишномаи тиббии форсӣ тақрибан 750 000 калима дорад. Он дар сатҳи «Қонун»-и Ибни Сино баҳо дода шудааст ва истилоҳоти тиббии форсиро ба меъёр даровард, ки ба шаш асри баъдии адабиёти тиббӣ таъсир гузошт.
Дар ҳамин давра Умари Хайём, ки дар ҷомеаи мо бештар чун рубоисаро шинохта мешавад (ҳол онки ӯ бузургтарин риёзидон ва ситорашиносу файласуфи барҷаста аст), асари мондагори “Наврӯзнома”-ро ба форсӣ эҷод кард, ки дар он дар бораи тақвим ва таърихи ҷашни Наврӯз маълумот додааст.
Ба забони комили илмӣ табдил ёфтани форсӣ дар замони Насируддини Тӯсӣ сурат гирифтааст, ки ӯ бо ин забон бештар аз 25 асар эҷод кардааст. Яке аз мондагортарин ва машҳуртарин асарҳои форсии Тӯсӣ “Зиҷи Элхонӣ” мебошад, ки баъди 12 соли мушоҳидаҳои астрономӣ, соли 1272 ба итмом расида, дар он ҷадвали ситораҳои равшан ва координатаҳои 279 шаҳр, инчунин ҷадвали синусу косинусҳо оварда шудаанд. Бояд таъкид кард, ки то ин замон зиҷҳо – ҷадвалҳои астрономӣ асосан ба забони арабӣ навишта мешуданд. Дар бораи устурлоб, тарзи истифодаи он асари “Бист боб дар маърифати устурлоб”-ро низ ба форсӣ таълиф кардааст. Шоҳасари Тӯсӣ “Ахлоқи Носирӣ” низ ба форсӣ нигошта шудааст.
Аз шогирдони мактаби Тӯсӣ Шамсуддин Муҳаммад Мунаҷҷими Вобканавии Бухорӣ (1254 — тақр. 1335) низ зиҷи худро бо номи “Зиҷи муҳаққақи Султонӣ” ба забони форсӣ навиштааст, ки то имрӯз се дастхатти он омада расидааст, дар Китобхонаи Айя-София (№ 2694), Китобхонаи Улумӣ дар Язд (№ 546) ва Китобхонаи парлумон дар шаҳри Теҳрон (№ 6435) нигоҳдорӣ мешаванд. Шамсуддини Бухорӣ аввалин бор дар ҳамин асараш дар бораи ҳодисаи гирифтаи ҳалқашакли Офтоб маълумот додааст.
Донишманди дигаре, ки бо забони форсӣ асарҳои бунёдӣ навиштааст, Қутбуддин Маҳмуд ибни Масъуди Шерозӣ аст. Асарҳои форсии ӯ “Тарҷумаи Таҳрири уқлидус” ба ҳандаса, “Ихтиёроти Музаффарӣ” ба ситорашиносӣ, «Дуррат-ут-тоҷ ли ғуррат-ид-Диббоҷ» ба илмҳои табиӣ, илоҳиёт, мантиқ, ахлоқ, ирфон, ситорашиносӣ, риёзӣ ва мусиқӣ бахшида шудааст.
Баъди Тӯсӣ забони форсӣ ба забони комили илмӣ табдил ёфта, дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон ҷойи арабиро танг кард. Беҳуда нест, ки яке аз бузургтарин асарҳои астрономии мусалмонон – “Зиҷи ҷадиди Курагонӣ” ё “Зиҷи Султонӣ”, ки натиҷаи фаъолияти қариб 30-солаи донишмандони барҷаста бо роҳбарии Мирзо Улуғбек маҳз ба забони форсӣ нигошта шуда буд. Натиҷаҳои ин асар то ду қарни баъд аз дақиқтарин ва саҳеҳтарин натиҷаҳои астрономии дунё ба шумор мерафт.
Баъди марги Улуғбек ва пош хӯрдани ҳалқаи илмии Самарқанд Алии Қӯшчӣ осори форсиро ба Истанбул бурд ва тавассути тарҷума ба забонҳои аврупоӣ донишҳои гузаштагони мо ба Аврупо интиқол ёфтанд.
Ин ҷо як чизи дигарро бояд қайд кард, ки таъсиру фарогирии забони форсӣ аз ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон берун рафта, дар Ҳинд низ мақоми баланд касб мекунад. Масалан, Фариддуни Мунаҷҷим – ситорашиноси дарбори Шоҳиҷаҳон “Зиҷи Шоҳҷаҳонӣ”-ро ба форсӣ таҳия кард.
Ин асарро ситорашиноси ҳинд Пандит Нитянанда ба санскрит тарҷума кард. Соли 1587 асари “Лиловатӣ”-и Бҳаскара II (1114-1185, риёзидон ва мунаҷҷими асримиёнагии Ҳиндустон) аз тарафи Абулфайз Файзӣ ва солҳои 1634-35 китоби дигари Бҳаскара II – “Биҷангита” аз тарафи Атоуллоҳ Рашидӣ ба форсӣ тарҷума гардиданд. Бояд таъкид кард, ки “Лиловатӣ” ва “Биҷангита” аз машҳуртарин китобҳои риёзиву ҳандасаи Ҳинди асримиёнагӣ буданд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки Атоуллоҳ Рашидӣ писари Аҳмади Лоҳурӣ – меъмори тоҷик аст, ки сармеъмори Тоҷмаҳал буд. Рашидӣ ҳамчунин
китоби “Хулосат-ул-ҳисоб”-и Баҳоуддини Омулиро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст. Писари дигари Аҳмади Лоҳурӣ Лутфуллоҳи Муҳандис аст, ки риёзидон ва муаррихи шинохта буд ва асари “Девони Муҳандис”-ро ба форсӣ эҷод кардааст.
Баъдан роҷаи Роҷастон – Савай Ҷай Сингҳ (1688-1743) дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон (Ҷайпур, Деҳлӣ, Банорас, Муттра, Уҷайн) расадхонаҳо бунёд карда, барои муҷаҳҳаз гардонидани онҳо намунаи олоти расадхонаҳои Мароғаву Самарқандро истифода бурд. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои астрономиаш ӯ «Зиҷи ҷадиди Муҳаммадшоҳӣ»-ро ба форсӣ таълиф кардааст.
Аз охирин матнҳои классикии илмӣ, махсусан дар соҳаи астрономия китобҳои “Манозир-ул-кавокиб” ва “Рисола фи-аъмол-ил-курра”-и Аҳмади Дониш ва “Мухтасари илми афлок ва илми арз”-и Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзови Ҳайатии Хуҷандӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, забони форсии тоҷикӣ дар тули беш аз ҳазор сол забони илму ҳикмат, аз ҷумла илмҳои дақиқ буда, ин рисолати худро бо зарфияту қудрати хосса анҷом додааст.
Ризои Баҳромзод



