Озмун
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» озмуни ҷумҳуриявиро аз рӯи номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Расми беҳтарин», «Навори беҳтарин» ва «Акси беҳтарин» байни муҳаққиқон роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо, инчунин криосфера ва тағйирёбии иқлим дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар шабакаи интернет эълон менамояд.
Ба ғолибон аз рӯи ҳар номинатсия барои ишғоли ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мукофотҳои пулӣ дода мешавад.
Довталабон маводи пешниҳодиро ба озмун ҳамроҳ бо ариза то 20 марти соли 2025 ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи шҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-34 метавонанд ирсол намоянд.
Телефон барои маълумот: 221-64-34
e-mail: v.farhang@mail.ru