Маҳфили пур аз латофат

22-юми май ба муносибати 75-солагии адиби шинохта Латофат Кенҷаева дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил раиси ноҳия Ашўралӣ Ҷалилзода, намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ва аҳли фарҳангу маорифи ноҳия иштирок карданд.
Маҳфил бо рўнамоии китобҳои тозанашри Латофат Кенҷаева оғоз ёфт ва сипас барномаи адабӣ бо гардонандагии шоир ва рўзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур пешкаш гардид.
Хонандагони МТМУ №51-и деҳаи Ғазантарак аз рўзгору фаъолияти адиби соҳибҷашн намоишеро ба саҳна гузоштанд. Дар идома адибон Раънои Зоирдухт, Эгамназари Соҳибназар, Адибаи Ҳабиб ва дигарон дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти Латофат Кенҷаева сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки Латофат Кенҷаева 55 сол боз дар арсаи адабиёт заҳмат кашида, китобҳои зиёди манзуму мансурро ба чоп расондааст. Нақши ин адиби шинохта махсусан дар рушди адабиёти кўдакон ва наврасон назаррас мебошад.
Мавриди зикр аст, ки чунин маҳфил рўзи 24-уми май дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара низ баргузор гардид.