ЗАМИР РАВШАН
РАВШАН ЗАМИР (Валиев Мирзоғанӣ) 23 январи соли 1948 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи №15 ноҳия мебошад.
Аз хурдӣ ба табиат муҳаббати зиёде дошта, баъди хатми мактаби миёна, соли 1966, вориди факултаи фанҳои табиъатшиносии Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров ва соли 1971 соҳиби маълумоти олӣ гардидааст.
Аз моҳи ноябри соли 1971 то ноябри 1972 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмат ва бо рӯзномаи Округи ҳарбии Забайкалйе «На боевом посту» ҳамкорӣ кардааст.
Солҳои 1973-1974 хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар вилояти Ленинобод, аз январи соли 1975 корманди Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, аз соли 1980 то июни 1992 сармуҳаррири он будааст.
Моҳи июни 1992 ба шуъбаи матбуоти Ҳукумати вилоят ба кор гузашта, баъдан дар вазифаҳои сардори Маркази матбуоти Ҳукумати вилоят ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоятӣ фаъолият бурдааст.
Аз феврали 1996 корманди рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», ҳамзамон, аз феврали 2004 то 2009, хабарнигори нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» дар вилояти Суғд будааст.
Ҳикояву таронаҳои Равшан Замир дар китобҳои «Ашки осмон», «Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду», «Мағзи ҷон» ва «Чашми бад» интишор ёфтаанд.
Қиссаи «Парӣ дар киштичаи гул» дар байни наврасону ҷавонон хонандаи бисёр пайдо кардааст.
«Аз Хуҷанд то Макка», «Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман» ва «Нур аз дур» китобҳоеанд, ки баъди сафарҳояш ба Арабистони Саъудӣ навишта шудаанд.
Китобҳои «Ҳамнаво бо субҳ», «Чархи гардон», «Ситораи сапедадам», «Сафои субҳи умед», «Офтоби дили падар», «Нақш дар оинаи дил», «Роҳ ба водии рӯшан», «Уқобони парвозӣ», «Машъал дар зулмоти рӯз», «Поктар аз домони субҳ» ва «Коргоҳи шуҳратёр» (ҳамроҳи М.Хоҷазод) аз офаридаҳои дигари ӯстанд.
Барои саҳми арзанда дар рушди адабиёт ва рӯзноманигорӣ ба дарёфти Нишони «Сухан», Ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил ва Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ мушарраф гардидааст.
Аълочии телевизион ва радиои СССР, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Равшан Замир 1 августи соли 2023 аз дунё чашм пӯшид.