Бузургмеҳри Баҳодур

 Бузургмеҳри Баҳодур

Фарҳанги кӯҳистониён

 Бомдод аввал ба истиқболи Хуршед омада,

Фитрату фарҳанг меёбанд кӯҳистониён.

Баъди фатҳи қуллаи нав дар ҳарими осмон,

Нашъати авранг меёбанд кӯҳистониён.

Аз навои чашмаҳою аз суруди бодҳо

Ҳар замон оҳанг меёбанд кӯҳистониён.

Дар сухан, дар кор аз рангу риё бегонаанд,

Ҳол дида ранг меёбанд кӯҳистониён.

Ганҷи беранҷе надорад кулбаи сангинашон,

Ризқи худ аз санг меёбанд кӯҳистониён.

Баски осон нест рафтан аз раҳи кӯҳу камар,

Роҳи ному нанг меёбанд кӯҳистониён.

Вусъати андешаҳою рӯҳҳои бешикаст

Аз муҳити танг меёбанд кӯҳистониён.

 

Шаб

Шаб чу оина маро акс накард,

Ҷурми оина набуд,

Хонаам торик аст!

 

Нурнӯшӣ

Чашми зан равшан шуд,

Дили мард аст аз он равшантар,

Нурро нӯшиданд.

 

Рангин

Гар талошу ҷаҳди ман рангин накард умри маро,

Мисли ҳиндуҳо

Бар саропоям ҳазорон ранг мепошам!

 

Нигоҳи дигар

 Биё, ба хок бингарем,

Ба зери хок хуфтаанд

Ситораҳои бешумор!

 

Алла

Хоби ман нороҳат,

Кӯдакӣ рафта дигар,

Алларо пазмонам!

 

Офтобпараст

Аз ниёгонам, ки офтобпараст буданд,

Танҳо як офтобпараст мондаст,

Аммо он ҳам ҳамеша таҳи дандон аст.

 

Ташхис

Дар ман нишонаҳои дарди ишқ аст,

Дардҳоямро ту бо чашмони шаффоф

Медиҳӣ ташхис!

 

Шабнами хуршед

 Қатраҳои оби ҷабини духтари деҳқон,

Ки чунин зебо шадда бастааст,

Шабнами хуршед аст!

 

Марг

Хараки пеши дарвоза холист,

Пирамарди ҳамсоя наметобад,

Ранги дарвоза аҷаб дилгир аст…

 

Кашф

Ман Кимиёгари ҷавҳари Ишқам,

Ба кашфиёти ман таваҷҷуҳ намекунанд,

Аммо ба кафши нави ман таваҷҷуҳ мекунанд.

 

Шабчароғ

 Дар куштани мо дасти таре дорад вақт,

Парво на ба симу на заре дорад вақт.

Бар қолабу қонуни касе тобеъ нест,

Қонуну қарори дигаре дорад вақт.

 

Ин вақт ба соҳибназарон номард аст,

Парво накунад ба дарди мо, бедард аст.

Як лаҳза зи дасти он наем осуда,

Як фоҷиаро ба рӯзи нав сар кардаст.

 

Ин соати умр бехато мегардад,

Валлоҳ, ки бо амри Худо мегардад.

Монандаи сайёди басе сахткамон –

Бо тири аҷал ба қасди мо мегардад.

 

Он дам, ки Худо барои мо фармудаст,

Бигрехтан аз дасти аҷал бесуд аст.

Аз вақти ба кас дода каме кам накунад,

Аз вақти ба кас дода каме н-афзудаст.

 

Барномаи тирамаҳ ҳама ёд будаст,

Аз рафтаву аз гузашта фарёд будаст.

Аз хиш-хиши барги рӯи раҳ фаҳмидам:

Ҳатто ки зи шоха барг ношод будаст.

 

Чашмам нигарон ба санъати чашми шумо,

Дил гум занад аз назокати чашми шумо.

Бе завқи хаёлу шавқи девона шудан

Рафтан натавон ба хилвати чашми шумо.

 

Аз захми забонатон даво меҷӯям,

Аз теғи ҷафоятон вафо меҷӯям.

Гармии дилам зи бас худодод бувад,

Аз синаи сангатон садо меҷӯям

 

Дар оинаҳо акси шумо мебинам,

Дар лаҳни шумо лутфи Худо мебинам.

Ин шоири шӯридадили танҳоро,

Сад ҳайф, ки аз шумо ҷудо мебинам.

 

Дар марзи дилам боғу чаман бишкуфта,

Гулбайту ғазалбарги сухан бишкуфта.

Аз дафтари ман атри дуо меояд,

Гулҳои дуои дили ман бишкуфта.

Дигар хабарҳо