Суханронии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар оғози машварати адибони ҷавон Диёри арҷмандам зинда бодо! Баланди дилписандам зинда бодо! На камтар аз Самарқанду Бухоро – Душанбею Хуҷандам зинда бодо! Имрӯз шаҳри бостонию ҷавони Хуҷанд дар радифи Душанбеи азизамон бе муболиға ба маркази адабии кишвар табдил ёфтааст. Намояндагони адибони ҷавони тамоми гӯшаву канори мамлакат, ки […]
Вакилони муҳтарам! Меҳмонони арҷманд! Аз Анҷумани 15-уми нависандагони Тоҷикистон панҷ сол гузашт. Дар ин давра саҳми фаъолонаи давлати мо дар сиёсати ҷаҳонӣ, ташаббусҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натанҳо иштироки пайваста дар чорабиниҳои байналмилалӣ, балки баргузор намудани онҳо дар мамлакатамон обрӯю нуфузи кишварро бамаротиб афзуданд. Ин панҷсола давраи таҳкими ваҳдату саодати […]Идома...
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнавишти тамоми инсоният, бахусус халқҳои кишвари бузургтарини асри бист – Иттифоқи Советӣ нақши абадие барҷо гузошт. Истилогарони Ватани беканори ин халқҳо золимона ҳазорон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокинони онро қурбон намуданд. Ҳам дар раҳгузари он боди самум ва ҳам ҳазорон километр дур аз он хонадоне набуд, ки заҳри […]Идома...
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2024 фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, пеш аз ҳама, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи шаҳрвандон дар руҳияи худшиносию […]Идома...
Маърузаи муовини аввали раис Ато Мирхоҷа дар маҷлиси садорати ИНТ, 25-уми октябри соли 2024 Муҳтарам раис, Муҳтарам аъзои садорат! Адибон, чун тамоми мардуми кишвар, имсол шоҳиди ҳодисаву рӯйдодҳои фараҳбахши сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ гардиданд, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нуқтаи баландтарин ва ҳусни зебои хотимаи онҳо ба ҳисоб овардан мумкин аст. Ин соли баракатбор […]Идома...
Суханронии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тибқи қарори анҷумани хеш аз соли 1991 ғайриҳизбист, лекин дар ҷабҳаи тафаккуриву маънавӣ аъзояш ҳамеша дар паҳлуи Ҳизби Халқии Демократӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои бунёдкору созанда буданду ҳастанд. Фаъолияти созмони эҷодии мо дар самтҳои гуногун сурат мегирад, лекин самтҳое ҳастанд, […]Идома...
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, пеш аз ҳама, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат, сазовор пешвоз гирифтани 26-солагии Ваҳдати миллӣ, 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ташвиқи меҳанпарастӣ, худшиносию […]Идома...
Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнавишти тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ нақши абадие барҷо гузошт. Истилогарони Ватани беканори ин халқҳо золимона ҳазорон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокинони онро қурбон намуданд. Ҳам дар раҳгузари он боди самум ва ҳам ҳазорон километр дур аз он хонадоне набуд, ки заҳри он ҷангро начашида […]Идома...
(Суханронӣ дар маросими таҷлили 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода) Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед, Чун гули санг зи куҳсормаро ёд кунед. Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок, Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед. Ҳар гаҳе, ҷом ба каф,масту гаронҷон хонед Шеъри Хайём […]Идома...
(Маърӯзаи ҳисоботии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар Анҷумани 15-уми нависандагони мамлакат) Вакилони муҳтарами анҷуман, ҳамқаламони азиз, меҳмонони арҷманд! Имсол соли чорабиниҳои муҳими сиёсие буд, ки халқу давлатамон бо сари баланду рўи сурх гузаронданд. Бахусус, интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омилҳои муттаҳидсози ҷомеа табдил ёфта, ваҳдати устувори мардум ва дастгирии комили сиёсати […]Идома...



