ЮСУФӢ ЮНУС

 ЮСУФӢ ЮНУС

ЮНУС ЮСУФӢ 15 марти соли 1955 дар деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1972, вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1976 ба итмом расондааст. Муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар Театри халқии Панҷакент мудири бахши адабӣ будааст. Пас аз сафари хидматӣ дар Афғонистон (солҳои 1987-2000) дар рӯзномаи ноҳиявии «Зарафшон» вазифаи мудири шуъбаи адабиётро бар уҳда доштааст. Ҳоло мудири шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» мебошад.

Аз ҷумлаи носирони муваффақи ҷумҳурӣ буда, навиштаҳояш дар авроқи васоити ахбори умум, маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва мустақими «Садоҳо хомӯш намешаванд», «Зан ва анкабут», «Афсонаи Ҳафтдодарон», «Оташафрӯз», «Шинак» ва ғ. чоп шудаанд.

Романи «Оташафрӯз» дар мавзӯи ҷанги миёни артиши шӯравӣ ва чирикҳои афғонӣ баҳс мекунад ва ин фоҷиа дар мисоли пуштисаркардаҳои як нафар тоҷикписар дунболагирӣ ва, дар маҷмӯъ, ҷанг маҳкум карда мешавад. Романи «Шинак» ҷабру ситами бегонагон бар миллати мо ва аз роҳи маданияту фарҳанг посух гуфтани тоҷикон ба онҳоро бо ёрии рамзу тамсилу устура баён месозад ва ҳамагонро ба бедорӣ ва ҳамеша омода будан барои ҳифзи марзу бум даъват мекунад.

Забони офаридаҳои Юнус Юсуфӣ суфтаву равон, банду басташон қавӣ, ҳадафашон муайяну мушаххас буда, дар онҳо ҷаҳони ботини қаҳрамонон, тазодҳои рӯҳиву равонии онҳо дар лаҳзаҳои ҳассос ба ҳалқаи тасвир оварда шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2022).

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо