САВОРИ  АСПИ  САФЕД

 САВОРИ  АСПИ  САФЕД

 (Ба муносибати 70-солагии нависандаи  навовар ва соҳибҳунар Муаззама Аҳмадова)

 Муаззама Аҳмадова чун дурахши раъди рахшон, ба сони гули нозбўи навбаҳорон, мисоли чаҳ-чаҳи булбули саҳаргоҳон ва шилдироси гўшнавози оби чашмасорон мафтунгару хушнаво, ботаровату хушсадо ба саҳнаи адабиёт ворид гашт ва ҳамчунин тару тоза, ҷавон ва шукуфону ноком аз он берун рафт. Оре, омаду рафти вай ҳар ду покиза, ногаҳонӣ ва сапеду некў буд. Чун афсонаи зебову хуши бачагон, чун лолаи навшукуфтаи навбаҳорон, чун рўймолчаи ба сад умеду орзу бо меҳр дўхташудаву дастгардон нашудаи духтарони ошиқ ў зуду рўшан вориди майдон гашту ҳамчунон зуду нобаҳангом аз миён рафт ва ҳамин тавр чун лаҳза, ба сони зудӣ тару тоза ва ҷавон хоҳад монд. Вай савори аспи сафед ба сафари роҳи дилҳо баромада буд, хиромону бо кулвори ҳунари воло роҳ паймуд ва ин роҳаш идома дорад, вай ба сафар баромадааст, аммо ин сафараш охир надорад, аммо аҷиб сафаре, ки ў ҳар даму ҳар лаҳза сўйи мо меояд, савораи аспи сафед аз некўи, сафедӣ, покизагӣ, одамгарӣ, вафову садоқат, дўстдорӣ ва дилшиносиву дардрасӣ бо мо сўҳбат мекунад. Оре, танҳо ҳунармандони воқеӣ, тозаназар ва покнияту навгаро имкон доранд, ки аз як чунин сафаре бебозгашт имкони баргаштан дошта бошанд, яъне умри дубора ёбанд…

Ба ин маънӣ дар бораи Муаззама чизе навиштан ҳам масарратбахш асту ҳам мушкил ва гузашта аз он риққатовар, вале вазифаи инсонӣ ва виҷдонии мо аҳли нақду адаб ҳам иборат аз он аст, ки ин ҳама ҳиссиёти шахсиро паси сар карда, дар бораи ин қабил ҳунармандони воқеӣ ва нотакрор сухани воқеӣ гуфта бошем.

Банда Муаззамаро ҳангоме шинос шудам, ки дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» кор мекард. Баъд донистам, ки вай бахши ғоибонаи Институти омўзгории Хуҷандро, ки он солҳо банда низ дар он ҷо ба сифати устод кор мекардам, хатм намуда будааст. Ва боз баъдтар огоҳ гаштам, ки ў зодаи деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара (мавлудаш 20 феврали соли 1952) будааст. Хушбахтона, ба банда насиб шуда буд, ки боре дар ин деҳаи зебоманзари пур аз рангҳо ва сербоғу роғ, ки дар соҳили рўди шўху зебои Исфара ҷойгир аст, меҳмон шудаву одамони меҳмондўсту хушгуфтор ва аксиягўяшро аз наздик дида бошам. Мешавад гуфт, ки Муаззама чун фарзанди ин хоку замин аз ин ҳама зебоиву накўиҳо барои худу эҷодиёташ хеле чиз гирифтааст ва баръакс, шояд беҳтарин ёдгорие, ки ин деҳи хушманзар ба мардуми мо ато кардааст, шахси Муаззама ба сифати як зани худшинохта, инсони шариф ва нависандаи навовар бошад.

Ҳаминро таъкид кардан лозим аст, ки дар адабиёти муосири тоҷик, балки дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс суннате ҳукмрон буд, ки заноне, ки ба фаъолияти адабӣ машғул шудаанд, ҳама майл ба таълифи шеър доштаанд: Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисо, Макнуна, Дилшоди Барно, Тоҷуддавла ва даҳҳо дигар бонувони суханварро ном бурдан мумкин аст, ки дар шеъру шоирӣ дасти ҳунар ёфта ва ба сифати шоира дар таърихи адабиётамон нақши босазоеро ишғол намудаанд. Дар садаи бист, дар замони нав низ кўшишҳо асосан ба ҳамин самт майл доштааст. Агар занон то солҳои ҳафтод насре таълиф карда бошанд, ҳама аз доираи ҳикоя, ё хотираву ёддошт ва ё лавҳаи лирикӣ берун нарафта буданд. Магар кўшиши шоираи тавоно Гулрухсор, ки дар айни шавқу шўри шеънависӣ ва камолоти шоирӣ якбора ба таълифи румон барин як жанри калонҳаҷм даст зад ва натиҷааш достони «Занони Сабзбаҳор» гардид. Гулрухсор баъдтар низ ба насрнависӣ машғул мешавад ва як намунаи бахудхоси насри вай китоби «Зан ва ҷанг» (дар чандин нашр) мебошад. Аммо наметавон гуфт, ки ин ҳама моҳияти аслии эҷодиёти вайро ташкил намудаанд. Ба ҳар навъ Гулрухсор, пеш аз ҳама, ба сифати шоираи тавоно ва навовари адабиёти муосири тоҷик шинохта шудааст ва аз ин ҷиҳат ҳам машҳўр ва писандидаи мардум мебошад.

Аммо насрнависии ҳирфаӣ аз байни занон ба номи Муаззама иртиботи бевосита дорад (ҳарчанд маълум гашт, ки вай дар таълифи шеър низ қувва озмудааст). Имрўз сафи хонумҳои носир хеле афзудааст ва ин имкон дорад, ки дар бораи насри занон ва ҳатто адабиёти бонувон бо диди хосу дарунмоя, мушкилот ва масоили ба зиндагии иҷтимоӣ ва равонии эшон хос дар адабиёти тоҷик сухан ба миён оварда бошем. Албатта, ин мавзўи дигар ва мавриди баҳси дигар аст. Вале дар ваҳлаи аввал ин корро тавассути аз назари таҳқиқ гузаронидани навиштаҳои адибаҳои алоҳида ба ҷо овардан метавонад дар ин масъала рўшании бештаре андозад ва мавзўъро мушаххасан ба баррасӣ гирад.

Мавзўи асарҳои Муаззама аз рўйдодҳои деҳот, аз зиндагии мўйсафедону кампиракони барнодили рўзгордида, меҳнатқарину одамдўст, фарзандони дар олами кору бори худ овора ва гоҳо ёди волидайнро ба фаромўшӣ супорида, аз занону духтарони босадоқат, зиндагии оилавӣ, аз олами пурнишоту покизаи бачагон, муҳаббати эшон ба табиат, ҳайвонот, аз орзуву ормонҳои дили пурмуҳаббати дўшизагони ба камол расидаву дар дунёи ширину гуворои ишқи наврасида махмур, аз ҳаёи хоси эшон, мушкилоти изҳори муҳаббат ва ба ҳам нарасидани ошиқони аз эҳсоси якдигар бехабар, аз андеша, орзу ва парвози хаёлоти мухталифи олами равонии инсонҳо (одамон), бахусус занон баҳс мекунад. Пайдост, ки нависанда метавонад дар доираи ҳодисоту воқеаҳои як маҳал ё деҳот ва ё саргузашт ва андешаи шахси алоҳидае хеле аз масоили рўзмарраву мушкили рўзгор ва дилу ниятҳои мухталиф – поку пурғараз, яъне дунёи ботинии одамонро бо муҳимтарин ҷузъиёт ва мураккабиву рангиниаш ба таври бадеӣ, балки дар майдони танги ҳикоя барин як навъи хурду мушкилписанд низ фаро гирад.

Муаззама ба зиндагӣ ва одамон сахтгир аст: вай аз бемеҳрии фарзандон, аз азобу сахтиҳои шахси танҳо, аз дунёи ғаниву дили пурмуҳаббати падарон (волидайн) қисса мекунад, сарддилии касони фарзанднописандро ошкор менамояд, ки чӣ инсоне буданашон дар ин мавридҳо муайян мегардад, сарнавишти сахту ибратангези ҳайвонотро ба тасвир мегирад, аз дарду аламҳои духтари ботаҳаммули ба висоли ёраш нарасида сухан меронад, бадиро маҳкум мекунад, вале дар миёни ин ҳама сахтиҳои зиндагӣ боз нуре, рўшание, инсофу тараҳҳумеро дар дили одамон ҳамеша зиндаву мунаввар мебинад ва дар ниҳоят ба ҳақиқат расидани адолату инсоф ва одамгариро талқин менамояд.

Ба ин маънӣ Муаззама на танҳо як нависандаи навназар, умқбин ва ҳаётдўсту инсонпарвар, балки хеле зани ҳассос низ мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳар як сухани вай вазну оҳанг дорад, ҳар манзара дар тасвираш ҷилову ҷон мегирад, ҷузъиётҳо пурмаънӣ, ҳар сарнавишт бо ҳама неку бадаш ибратангез ва ҳар ҳикоя дар ниҳоят мисли шеърест муассиру дилнишин, монанд ба тасвире аст пуррангу ҷило ва хотирмон. Ҳикоёти онро метавон ба намунаҳои ҳикояи сирф воқеъгароёна, лирикии равонгаро, зеҳниву хаёлангез (бо истифода аз воситаҳои сурреалистӣ) ва ибратомўз тавсиф намуд.

Бачагон, бибиҳо, мўйсафедон, кампиракҳо, занону духтарон ҳама ҳассос, олами даруниашон поку беғаш; сухан, гуфтор ва муҳаббаташон табиию самимист. Аз диди ин ҳама афроди покназар, бахусус бачагон дидани ҳаводис, баҳо додан ба одамон, ба сурат кашидани чеҳраҳои ашхоси алоҳида ба насри Муаззама таровати хосе мебахшад. Масалан, «Ман, Амур ва очаам» аз чунин ҳикояҳои табииву самимист, ки дар он талқини ғаразкорона ва ошкорои фикру ҷузъиёти зиёдатӣ ба назар намерасад ва дар ниҳоят ба як асари сероҳанге (полифонӣ) табдил ёфтааст. Хонанда зоҳиран аз зовияи диди бачаи хурдсол аз нобасомониҳои зиндагии оилавӣ, аз он ки падари ў дар Маскав таҳсил менамояд ва танҳо баъди ҳафт сол бармегардад, аммо модараш аз ин дурӣ (шояд ҷудоӣ) ба танг омадаасту ғам мехўрад ва ба ин сабаб бо ҳар баҳона зуд-зуд мегиряд, пай мебарад. Аммо писарак худ дар олами бозиҳо ва машғулияти бачагона, саргармӣ бо гурбаи ғайриоддиаш Амур ва орзуи калон шудану ба дидори падар расидан, аз олами мураккаби муносибатҳо ва дарду алами калонсолон (масалан, модараш) гўё бехабар аст. Ин тазоди ду дид ва олами андеша нисбат ба рўйдодҳои зиндагист, ки тавассути манзараву ҷузъиёт ва тамсилҳое чун зуд-зуд омаданҳои Бибӣ, афсонаи падардор будани калли айёр, ба хонаашон гоҳ-гаҳ меҳмон шудани амаки Фаррухи ронанда, ки бо ҳазлҳояш ҳам модарашрову ҳам бачаро дилхўш месозад, тасвирро рўшан, пурра ва мавзўъро такмил мекунанд ва дар натиҷа зиндагии муқаррарии як хонаводаи аз падар ҷудо, зани дар дуроҳаи зиндагӣ монда, олами ширину пур аз орзуҳо, вале дардноки кўдакӣ, ки пайваста ба ёди падар мегузарад ва ҳатто Амури аз Шарқи Дур омада бо аҷобати худ, ки ёдгор аз одами хубест, ҳама ба сифати ҷузъиёти зиндагии мураккаби инсонӣ намудор мешаванд.

Муаззама ба насри тоҷикӣ, бахусус ҳикояи он, хеле аз нақшу ҷилоҳои лирикиву румонтикӣ, он ҷиҳатҳои эҳсосро, ки хоси духтарону занон мебошанд, ворид намуд. Барои вай ишқ нозуктарин ва муқаддастарин эҳсоси инсонӣ ба шумор меояд. Вале он ҳамон андоза пурасрору мўъҷизаангез аст. Бинобар ин ширину гуворост, ҷаззобу илҳомбахш, вале пайваста бо дарду алам, ғаму фироқ, ҷудоӣ ва гоҳо нобарор ва, аз ин рў, баробар ба азоби ширин аст… Аммо ин ҳама аз мавқеи як духтари содаву покнияти деҳотии тоҷик, ки тамоми вуҷудаш ба хотири шарму ҳаё «аз барги гул нозуктар аст», мавриди тасвир қарор мегирад. Бинобар ин, ин ишқ асосан «гунг» аст, забонаш бархўрди нигоҳҳо ва эҳсоси нозуки қалбҳост… Табиист, ки чун ин ишқи поку ногуфтании духтарро ба тақлид аз муҳаббати озоде, ки баъзе аз ҷавонони муосир пайгири он мебошанду он омада аз фарҳанги ғарбист, қиёс намоем, ба хубӣ эҳсос кардан мумкин аст, ки бунёди чунин муҳаббате, ки бо роҳи мушкил меравад, хеле душвор («Савораи аспи сафед», «Нури умед»), вале чун ба ҳам пайваст, албатта пойдору абадӣ хоҳад буд.

Зиёда аз он, нависанда таъкид карданист, ки на ҳамеше вазъ бад аст. Мисоли ин қаҳрамони ҳикояи «Келини шаҳрӣ» Сабоҳат мебошад, ки аз баҳри шароиту фароғати шаҳр гузашта, ба деҳа келин шуда омадааст ва аз рўи муҳаббате, ки ба шавҳар дорад, аз ҳеҷ гуна меҳнату машаққат ва маҳдудиятҳо намеҳаросад. Шояд ў дар оилаи худ тарбияи хубе дидаву одамдўсту мавридшинос ба воя расидааст. Аммо дар тасвири Муаззама ишқу муҳаббате, ки зодаи эҳсоси поку торҳои нозуки дил аст, ба ақли солим пайваставу ба як қувваи бунёдкору маънавиятсоз табдил меёбад. Муҳим он аст, ки дар ин маврид тасаввури ғалат ва қолабиро дар бораи духтарону келинҳои шаҳрӣ мешиканад, яъне ҳама мушкилот дар сари савияи маънавию ахлоқии инсон, тарбиятдида ва ё худшинохта будани ҷавон ё духтар мебошад, ки ҳам дар рўзгори мо ва дар ҳамаи вақту замонҳо масъалаи муҳим ва ҳассос боқӣ хоҳад монд.

Як нуктае, ки дар ҳикояҳои Муаззама мавриди таваҷҷўҳи бештаре қарор гирифтааст, ин тасвири ҳолати равонии инсони танҳост. Аксари қаҳрамонони ошиқи ў танҳоянд, зеро ҳамдили мувофиқ ба ормони ошиқӣ ёфтан дар ҳама давару замонҳо кори осоне набудааст; духтар изҳор медорад, ки мисли ҳамеша танҳояст, зан ва ё шавҳар, ки ҳамдигарро нафаҳмидаанд, дар оила дарду алами танҳоӣ мекашанд. Танҳое, ки ҷавоби дили муҳаббатхоҳашро аз маҳбубаи бепарво нагирифт, балки чун он шўхи бепарво ин ҳолатро ба боди ҳазлу ришханд кашид, ба сактаи қалб гирифтор шуд. Аммо дар тасвири Муаззама ин мавзўъ фақат ба ишқу ошиқӣ маҳдуд намемонад, балки моҳияти васеътаре дорад. Олиме боистеъдод дар коргоҳаш аз дасти афроди корчаллону чоплус танҳоӣ мекашад, волидайнро бепарвоиҳои фарзандон азоб медиҳад, балки фарзандон ба танҳо зистан бештар унс гирифтаанд. Чунин ба назар мерасад, ки нависанда дар ин ҳама таъкидҳо на танҳо аз танҳоии афроди бедордилу покният дар ҷомеаи худкома сухан ба миён меоварад, балки аз ин бегонагиву сардии миёни афрод, ки натиҷаҳои нохуше ба бор метавонад оваранд, ў ҳамеша дар андешааст. Ва, бешубҳа, худи Муаззама низ аз ҳама бештар дарди танҳоӣ мекашид, балки гумони ғолиб бар он аст, ки қурбони ҳамин муҳити аз ҷиҳати маънавӣ тазйиқовару танҳокуш гардид. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, аз осораш пайдост (ва мо худ шоҳид будаем), ки вай як шахси зиндагидўст буд, балки тамоми эҷодиёти ўро рўҳияи ҳаётдўстона ташкил додааст, мўҳтавои онҳоро бармало сохтани рисолати инсон дар покизагии ахлоқии ҷомеа ва ростиву росткорӣ ташкил намудааст.

Ва ин хасоис бештар аз ҳама дар тасвири одамони калонсол, мўйсафедон ва кампиракҳои, ба қавли устод Лоиқ, «нимҷон ҷоннисор» зоҳир гардида, дар ин мавзўъ дасти ҳунари расо доштани нависандаро собит менамояд. Аввалан, нависанда онҳоро ҳамеша бо муҳаббат ва эҳтироми хос тасвир мекунад; сониян, олами маънавӣ, фикру андешаашонро бисёр хуб медонад ва хеле табиӣ ба риштаи тасвир мекашад. Солисан, бисёр муҳим аст, ки ин мўйсафедони соҳибдил, агарчи ранҷу ташвишҳои фарзандони раҳдур ва гоҳо каммеҳрро дидаанд, аммо боз аз рўи бузургдилие, ки хоси эшон аст, онҳоро мебахшанд («Истгоҳи шинос»); марги пайвандонро мардона таҳаммул мекунанд, вале дарун-дарун дуд кардаву онро бо азияти амиқи ботинӣ мардона ба поён мебаранд («Чинор»)». Ва ниҳоят, онҳо як қирши собити ҷомеа ҳастанд, ки покизагӣ ва солимии асосҳои маънавию ахлоқии онро устувор нигоҳ медоштанду медоранд.

Зиёда аз ин, насри Муаззама танҳо аз тозагии мавзўъ, маводу мўҳтаво иборат набудааст, фақат навназарӣ ва самимият ба онҳо хос намебошад. Балки ҳикоёти вай аз ҳайси сохтори дохили матн, аз хусуси ба истифода гирифтани шаклҳои гуногуни биниши бадеии суннатӣ ва воситаҳои модерн (ҷадид) ҷолиби диққат мебошанд. Метавон гуфт, ки онҳо аз диди наву сабки хоси адабие дар ҳикоянависии тоҷик гувоҳӣ медоданд ва ҷусторҳои дар ин равиш оғозшударо тақвият бахшиданд. Ва онро метавон чун усули ба ҳам омехтани воқеънигорӣ бо зеҳнгароӣ ва гоҳо равиши истиқлоли зеҳниву равонӣ дар тасвир ба шумор овард.

Лозим аст, ки дар ин маврид аз усул ва воситаҳои тасвири ба истифода гирифтаи Муаззама низ чанд нуктаро таъкид намоем, то появу савияи ҳунару истеъдоди ў ба қадри иҷмолӣ бошад ҳам, пеши назар омада бошад.

Муҳимтарин мазияти ҳикояҳои ў, ба фикри банда, дар иртиботи мустаҳкам доштани сохтори дарунии онҳо зоҳир мешавад. Ҷузъиёти сохтор байни ҳам мувозинати қавӣ ва табиӣ доранд: ба ҳам дар иртиботу таносуби комил мебошанд, яъне сохтаву бофта нестанд. Мо медонем, ки унсури «сохтан» ба ҳар навъ таълифот хос аст, вале чунон сохтани ҳунармандона, ки на аз он чизе гирифта метавонӣ ва на чизе илова карда, ҳамаи ҷузъҳо, ашхос, манзараҳо ба мисли узвҳои инсон ва мувозинати табиат ба ҳам омадаву ҷудоинопазиранд, балки ҳамдигарро тавзеҳ медиҳанд ва тақвият мебахшанд. Пас онҳо баёнгари истеъдоди воло ва ҳунари асили нависандаанд. Масалан, имкон дорад, ки ин хасоисро дар ҳикояи «Чинор» ба мушоҳида гирифта бошем.

Ҳодисаҳои ҳикоя аз зовияи диди Ҳалима ном духтаре нақл мешавад, ки ҳарчанд таҷрибаи кофии зиндагӣ надорад, вале дилаш поку дардошно ва худаш меҳнатдўст аст. Вай ба хонаводаи Одил-амак ва Қамарбибӣ рафту омад дорад ва онҳо ўро чун фарзанд дўст медоранд. Аз ин рў, вай марги нобаҳангоми набераи хонадон – Зарифҷонро хеле ҳассос қабул дорад. Бинобар ин амали Одил-амакро, ки пас аз ин ҳодиса низ ҳар рўз мисли пешина, яъне пеш аз марги наберааш, сурудхониро идома медод, фаҳмида наметавонад. Дар дилаш ўро мазаммат мекунад, ба таклифи Одил-амак, ки ба ў як даста ҳинову усмаи чидаро барои ороиш таклиф мекунад, қаҳраш меояд. Зиёда аз он, вай тасаввур мекунад, ки дарду алами фироқи набераро танҳо Қамарбибӣ мекашад. Ҳатто аз он ки Қамарбибӣ ғами шавҳарашро мехўрад, дар тааҷҷуб шуда, гуфтаст, ки: «Ба болои ғами Зарифҷон боз ғами амакамро мехўред. Он кас суруд хонда, мегарданду шумо худатона обу адо мекунед». Кампир дар ҷавоб гуфтааст, ки «дили мардҳоро аз рўяшон фаҳмида наметавонӣ…Рўзе мерасаду худат мефаҳмӣ».

Ва он рўз ҳам мерасад. Одил-амаки мисли чинор болобаланду тануманд ба бистари беморӣ меафтад. Ва пеши назари Ҳалима фиреби назар будани он ҳама хушҳолиҳои амак намудор гардид. Аввалан он шеъри халқии ошиқона, ки Одил-амак суруда мегашт: «Шинам ба баландиҳо, туро ёд кунам. Оям ба гузаргоҳи ту, фарёд кунам. Фарёд кунам, агар ҷавобам надиҳӣ!? Хоки ду ҷаҳон бар сари худ бод кунам», маънии тоза мегирад, балки чун нолаву фарёд ва дарди ҷудоиву фироқи набераи ҷавонмаргро ба худ мегирад. Яъне маълум мешавад, ки чинори азими сарсабз дарун–дарун сўхта будааст. Сонӣ, қиссаи марди ҳафт фарзандро аз даст додаву ин аламро бо кору меҳнат ва сурудхонӣ пинҳон дошта, вале пас аз марг ҳафт ҷои ҷигараш сўрохшуда воқеаҳои ҳикояро ба ривояту афсона пайваста, мўҳтавои онро умқу вусъати тоза мебахшад. Ва дарвоқеъ, субҳи дигар Ҳалима аз марги Одил-амак огоҳ мешавад… Вале муҳим ин аст, ки ҳикоя бо ин анҷоми ҳузнангез тамом намеёбад, балки дар айни ҳаяҷони рўҳии бохабар шудан аз марги амак кокулони майдабофи Ҳалима мисли оби дамида якбора поён шорида, ҳамроҳ бо ларзиши бадан рўи куртаи аноргулаш мавҷзании чиноракеро мемонанд, ки акнун сар боло карда, офтобро, зиндагиро мешинохта бошад. Ва боз ба гўши Ҳалима аз дур як садои суруди шиносе омад. Касе суруди Одил-амакро такрор мекард…

Ва ҳикояи мазкур мисли сохтори ғазалест, ки матлаъу мақтаъ дорад ва дар имтидоди ин ду нукта ҳамаи ҷузъҳои зиндагиву маънавӣ ва воситаҳои адабӣ ба ҳам таносуби сахти сохторӣ, мантиқӣ ва ғоявӣ барқарор карда, байни онҳо иртиботи табиӣ ва қавии ҳунарӣ ба миён омадааст, ҳама ҷузъиёт ҳамдигарро тақвият медиҳанд, ки дар натиҷа як намунаи хуби ҳунаркорие эҷод шудааст, ки ҳам сахтиҳои зинадагӣ, ҳам маънавияти мардум, ҳам сабру таҳаммули онҳо ва ҳам ҷараёни ҳамеша дар идома будани зиндагиро бозгў карда тавонистааст. Қаҳрамони ҳикоя Ҳалима ин ҳамаро пай бурдаву ба мушкиливу хурсандиҳои зинагии оянда тайёр мешавад. Ба ин маънӣ Муаззама ҳунаре дошт, ки аз воқеаву ҳодисаҳои муқаррарии рўзгори худу ҳамзамононаш асари адабии асиле офарад.

Бозёфт ва воридоварди муҳимми Муаззама ба насри тоҷикӣ, ба фикри банда, ин ба шакли ҳикоя даровардани мадду ҷазр ва радду бадал шудани олами равонӣ ва умуман зеҳнгароӣ аст, ҷиҳатҳои зершуури инсон — як қабати муҳим, вале хеле кам ба доираи тасвири бадеӣ дохилшудаи зиндагии рўҳии одамон дар насри мо мебошад. Муаззама дар қатори Сайф Раҳимзод, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ дар тақвияти ин равияи тоза саҳми чашмрасе гирифтааст. Хушбахтона ин раванд имрўз бо мушкилиҳо бошад ҳам, пеш меравад.

Тамоюли зеҳнгароӣ ба он қабил ҳикояҳои Муаззама хосанд, ки бештар ба мавзўъҳои ишқу муҳаббат, олами орзуҳо, хаёлоти рангину расидан ба ормонҳои воло ва покиза, вале дар ин раванд надидани аксуламалҳои мусбат ва дилхоҳ, таълиф шудаанд. Чунон ки маълум аст, ҷанбаи зеҳнгароӣ – истифодаи воситаҳои субъективӣ, образҳои асотирӣ, хобу хаёл ва афсонаву ривоят дар ҳикояҳои муқаррарӣ (ахлоқӣ)-и нависанда низ мақоми муайяне доштанд. Вале дар ҳикояҳои зеҳнӣ нависанда ба тақозои мавзўъ ва нияти бадеиаш ба воситаҳои сирф зеҳнӣ афзалият медиҳад. Ва аз ҳама муҳимаш, онҳо барои равшан кардани олами мураккабу зиддунақизи эҳсос ва ҳам гоҳо нобасомониҳои рўзгори воқеӣ ба кор гирифта мешаванд.

Ин сифатҳо беш аз ҳама дар ҳикояҳои «Соҳибаи аспи сафед», «Гулпарраки зарринбол», «Афсонаи танҳоӣ», «Нимашаб» ба назар марасанд. Тору пуди ҳикоёти мазкур аз рўъё, хаёл, орзу, усули афсонабофӣ, сужаҳои асотирӣ, ривоятӣ ба ҳам омада, таркиби нақли муаллифро ғанӣ гардонидаанд. Таҳкия аз нақли урфӣ ва муқаррарии одӣ раҳо шуда, олами зеҳнӣ ва ҷунбишу ҳаракоти чандгунаи онро фаро мегирад. Нависандаи ҷавон мехоҳад ҳамин мураккабии ҳиссу равону рўҳияро ба тасвир оварад ва таҳлили зеҳниро як поя амиқ бурда бошад. Ба ин маънӣ насре, ки ба зеҳниятгароии сирф майл дорад, ҳарчанд аз ҷузъиётҳои воқеъгароӣ ба куллӣ покиза нашуда бошад ҳам, вале онро агар як риштаи наве дар нигориши ҳақиқати фикру ҳис ва андешаҳои таҳтушшуури инсон ба шумор орем, дуруст хоҳад шуд ва дар ин ришта Муаззама қадамҳои устуворе бардошта буд.

Як намунаи он ҳикояи «Савораи аспи сафед» ном дорад.

Сароғози ҳикоя худ аз як тазоди равоние гувоҳӣ медиҳад: «Духтар сахт ошиқ шуд. Вале ҷавони ғофил аз дили шўрида ва меҳрбори ў, аз дари умеду орзуҳояш ба сони рўъё мегузашт. Аз ин рў, тамоми ҳастии духтар лабрези хоҳише буд, ки ҷавонмард ба дили он ошно гардад… Лекин оғози ҳамаи ин, ки оламро пур аз сирру асрор ва таронабор кардааст, аз куҷост, аз чист? Духтар наметавониста инро фаҳмад, донад…»

Барои нависандаи ҷавон таҳлилу таҳкиқи таърихи ҳамин ибтидои вақту замони оғозаш номуайяни ширину пурасрор, ҷузъиёти бархўрдҳои ҷавони зоҳиран огоҳ, вале як андоза бепарво ва хоҳишу орзуҳои пур аз рангу тароват, нозук ва афсонавии духтари сахт ошиқ муҳим мебошанд. Аммо ин олами гунгу зиндагонии ногуфтанӣ хеле мураккаб ва гарон низ ҳаст. Аз як тараф, ғурури духтарӣ, ки бо ҳама малоҳате, ки дар он ниҳон аст, ба назари аввал ҳусн менамояд. Аммо он ғурур дар назди туғёни эҳсоси нафису зиндагисоз аксаран монеае беш нест, ҳарчанд он амри осмонӣ талаққӣ шудааст, вале «дили духтарро лаболаб мекард, лаболаби алам» ва «димоғаш месўхт, дасти номаълуме аз гулўяш мегирифт…» Бингаред, нависанда ҷараёни мушкили изҳори ҳиссиёти духтаррро чӣ тавр ҳунармандона ва воқеӣ ба тасвир мегирад: «…Ниҳоят ҷавон пурсид:

— Ту танҳоӣ?

Духтар лаб газид, дар ҳолате ки дилаш фиғон мекашид, фарёд мезад, туғён мекард. Мехост чизе гўяд, вале метарсид. Мехост хандад, вале гиря гулўгираш мекард.

— Ман танҳо…

Духтар як қад парид. Дар қаъри дилаш ҳиссе даргирифт, забона зад ва ба рўяш сурхӣ бахшид, вале забонаш лол буд.

-…Бисёр танҳо, ту мефаҳмӣ, ту ҳеҷ мефаҳмӣ, ки танҳоӣ чист? Оё метавонӣ маро аз ин вартаи пурдаҳшат бираҳонӣ? Хоҳиш мекунам…

Духтар дар фарёдҳо хомўш монд. Вале нигоҳаш, нигоҳи маҳзуни пурумедаш, чеҳраи андак паридарангу лабҳои ба ҳам фишурдааш ҷавоби ин суолро медоданд».

Ва ба ҳамин тариқ ҳар гардишу майл ва меҳрубонии ҷавон дар дили духтари сахт ошиқ раддубадалҳое ба бор меоварданд ва ў худ низ то ба ин дам ҳеҷ ошиқ нашуда буд, аз ҷониби дигар намехост, ки дар банду қайди ишқ гирифтор ва озодиашро аз даст диҳад. Ва ҳатто ҳангоме, ки ҷавон низ бо ҷиддият аз танҳоии худ сухан ба миён овард, ў ҳатто ба худ иқрор шудан намехост, ки ошиқ шудааст. Вале ҳарчи набошад, вай пайваста дар тасаввураш аспи сафеде аз афсонаҳои бибиашро медид ва аз он хоҳиш мекард, ки дўстдорашро биёварад, дилаш мехост, ки «танҳо ҳамон ҷавон барояш гул, чинигулҳои сурх биёварад». Аммо изҳори ин ишқ, иқрори он барои духтар дар назди он ҷавон коре буд ғайритасаввур. Ва ҳатто фоле, ки як вақтҳо бо сафедори пири лаби ҳавз аз омади рўзи нав медид, ба имдодаш нарасиданд: «Сафедори пирро бурида буданд».

Вақеан, як қиссаи аҷибу ғариб ва нозуку иброзаш мушкиле аз ишқе, ки баёнаш аз он мушкилтар. Муаззама дар тасвири ин ишқи самимиӣ ва бо тасаввури афсонавӣ, урфу расм, фаҳмиши духтари деҳотӣ, ки дар банду қайди шарму ҳаёи табиӣ пойбанд ва аз тасаввури муқаддаси бокирагии эҳсос берун нарафтааст, барои риояи ҳақиқати равонии баёни он хеле маҳорат нишон додаст. Ҳикоя бо дарунмояи адабии худ поён намепазирад, балки касро ба андешае водор месозад, ки ин сахтгирӣ ва дар баёни эҳсосот «гунг» мондан то чӣ миқдор лозим ва зарур аст, оё метавон аз барои ҳаёву умеди тасодуфӣ ва шарми ногуфтанӣ аз ишқи поку беолоиш ва самимии худ барои як умр ноком монд? Ё қавонини ошиқӣ чунин аст ва ё ишқ бо ҳамин ногуфтаниҳову нокомиҳояш ширину гуворост, ё месазад сари ғурурро бурид, қуфли забонҳоро кушод, дар ибрози эҳсос фаъол буд, то он орзуҳои бокираву покиза дар воқеъ савори аспи сафеди бахти воқеӣ гарданд…

Бояд гуфт, ки Муаззама дар ҳикояи «Савораи аспи сафед» ҳарчанд дар олами андешаву орзу ва тасаввури зеҳнист, вале боз ҳам ў дар рўйи замин ва замону макон (муҳит)-и мо пой барҷост, яъне тасвир дар заминаи воқеъӣ ҷараён мегирад. Ба ин маънӣ, ҷанбаҳои воқеъгаро ва зеҳнӣ дар ҳикояи мазкур баробар мавқеъ пайдо кардаанд. Дар дигар ҳикояҳои дар ин равиш таълифшуда низ ҳамин хусусиятро мушоҳида кардан мумкин аст. Ин гувоҳ бар он аст, ки нависанда, агар аз як ҷониб, дар ҳангоми тасвир дар заминаи миллӣ ва воқеии замон истад, аз ҷониби дигар, вай ба олами маънавӣ, равонӣ, фарҳангӣ ва андешаи миллии тоҷикӣ нишонаҳо ва воситаҳое барои ба сурат даровардани равияи насри нави (модерн) зеҳниятгаро ҷустуҷў дорад. Ин кўшишҳои Муаззама дар ҳикояи «Гулпараки зарринбол», бахусус «Рўймолчаи сари девор» низ ба мушоҳида мерасад. Ин ҷо низ духтарон ҳама дар олами хоббиниву орзупарварӣ ва гулдўзианд. Ин айёми аҷибест ва дорои хусусиятҳои хоси равонӣ мебошад. Дар ҳикояи сонӣ духтар хеле ҳушёру фаъол аст, «айёми хоббиниву гулдўзиаш» расидааст, дар баробари расидагӣ ба кору бори рўзгор ва зиндагӣ, дар олами орзуву хобу рўъёҳо низ дар худаш намегунҷад. «Вай хобҳое медид ғарқи нур, аҷоибу ғароиб. Вале ба касе онҳоро ба он соне, ки рўё мешуданд, зебову равшан гуфта наметавонист…Аз ин рў худ аз худ завқ мебурд. Дилаш лабрези шодиҳо буду забонаш лол.

Айёме буд, ки духтарак ҳар шаб хоб медид. Ва бедор мешуду дар шигифт мемонд». Дили духтар туғён дораду бедор, барояш чи хунуку сард, чи барф, дамидани субҳу омадани баҳор ҳама зебостанд, суратҳои дилкашу барангезанда ба вуҷуд меоваранд.

Воқеан ин хобҳо ва он ҳама парандагони дар онҳо буда сурати мушаххасе надоштанд, ба мурғакони заминӣ монанд набуданд, ҳама зебо, болу парашон маҳин, ба ҳазор ранг ҷило медоданд. Шодиҳо дили ўро пуропур мекарданд, ба қадри расидани баҳор ин эҳсос пуршўртар шудаву ба сурати рангҳову гулҳо болои рўймолчаҳо мерехт…Натиҷаи ҳамин буд, ки: «Субҳе аз тори кўҳ лолаи аввалин гум шуду ҷои рўймолчаи гулдўзии сари деворро гирифт». Маълум аст, нависанда ҳолатҳои мухталифи инсониро бо воситаҳои бахудхосаш ба тасвир гирифта тавонистааст. Дар ҳар маврид ҳам васитаҳои рўъёгунаи сурреалистӣ, хаёлот, афсона, рамз, асотир, ривоят, бовар бо воқеияти зеҳнии қаҳрамон баробар мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар «Нимашаб» низ маҳз хоб васитаи асосии тасвир аст, ки баёнгари рўҳияи мағшуши қаҳрамон гардидааст. Умуман метавон гуфт, ки саҳми Муаззама дар амиқрафти ҷанбаи зеҳнии ҳикояи воқеагарои тоҷикӣ хеле назаррас мебошад.

«Афсонаи танҳоӣ» ҳикояест, ки дар сабки сурреалистӣ ва ёдгунаҳо таълиф шуда, дар баёни эҳсосоти мураккаби инсонӣ, зиндагии пур аз тазоду нобарор, ҷузъиётҳои тасодуфиву дурўғин, олами орзуҳои ба ҳам нарасида, сарнавиштҳои ҳамдилу ба ҳам напайваста, бозиҳои қисмат, ки дар зиндагӣ бо афсонаи нахустини ишқи поку фаромўшношудании аввал оғоз гардида, вале инак бо каси дигар ва бо ёди гузаштаи фаромўшнопазир ҷараён мегирад, баҳс мекунад. Чунонки мебинем, он аз ҳайси мўҳтаво, ҷузъиётҳои мутазоди зиндагӣ ва васоити тасвир хеле мураккаб аст. Аммо Муаззама чунон дар пайванд додани ин бўъдҳои мухталифи зиндагӣ ҳунарнамоӣ кардааст, ки монанд ба фишурдаи намоишномае пеши назар меояд ва дарк карда мешавад.

Дар ҳикоянависӣ, хусусан дар тасвиргарӣ, иртиботи қавии моҳияти масъала ва баёни забонии он, бо камоли бовар метавон гуфт, ки сухан ва ҳунари Муаззама ба пояи камолот расида буд. Сад афсўс, ки умри кўтоҳ бақо накард ва ин нависандаи хушистеъдод то расидан ба зинаи камолоти сабки фардии худ фурсат наёфт. Вале ҳар чӣ гуфта ва навишта, хушбахтона, дар таълифоти насрнависони кунунӣ, бахусус, бонувони насрнавис ба шаклу тариқи хосе идома дорад…

Муаззама, маълум мешавад, ки эҷодкори чанд ҷабҳае будааст: шеър ҳам гуфтааст, тарҷума низ кардааст. Ба тақозои пешаи рўзноманигорӣ асарҳои ҳуҷҷати (очерк) низ навиштааст. Маълум аст, ки ў дар ин риштаҳо то ба дарачаи таълифи ҳикоя ба резакориҳои ҳунарӣ имкон надоштааст ва дар ин навъҳои адабӣ имкони пайваставу ҷиддӣ кор карданро надошта. Вале аз онҳо як чиз маълум аст, ки ў дар ҳар навъи адабӣ, ки даст зада бошад, аз рўи сидқу муҳаббат ва самимият қалам рондааст. Инро чи дар шеърҳои ҷиддиву бачагонаи вай, чи дар тарҷумаҳо ва чи дар очеркҳои хунариву таърихии ў ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Аз ҳама муҳимаш дар ин навъҳо низ як инсони ҳалолкору заҳматкаш ва серталаб будани ў маълум шуда меистад.

Муаззама ҳанўз дар айёми дар зиндагӣ буданаш, он рўзгороне, ки хеле ҷавон буд, бо ҳунари воло ва нотакрои худ таваҷҷўҳи аҳли адаб ва нақди адабиро ба худ кашидааст. Дар бораи ҳикояҳои алоҳида ва маҷмўаи ягонаи вай нақду баррасиҳои самимӣ ва воқеӣ шудаанд. Бисёре аз дўстон ва ҳамкорон дар сўги даргузашти бармаҳали вай ибрози назар ва таассуф кардаанд. Ва ин нависандаи савори аспи сафед бо ҳама покизагиву бакорати эҷодиаш ба сони оби чашмасорону барфи қуллаҳои Тоҷикистон ҳамешагӣ ба сўи мо ҷорист ва ташнагии моро мешиканад, чашмонамонро нур мебахшад, бо орзуву умед ва ормонҳои норасидааш сўямон парвоз дорад…

АБДУХОЛИҚ НАБАВӢ

Дигар хабарҳо