Забон, бешак, нахустунсури асари бадеист. Ҳамчунонки шоир ва пажӯҳишгари маъруфи эронӣ Шафеии Кадканӣ гуфтааст, “шеър меъмори забон аст”. Калимаи “шеър”-ро ин ҷо метавон ба маънои ҳама гуна матни адабӣ қабул ва дарк намуд. Имрӯз забони адабиёт ва матбуоти мо то чӣ ҳад дурусту солим аст ва дар муқоиса ба давраҳои пешин то кадом андоза тағйир […]Идома...
Хеле ташвишовар аст, ки имрӯз дар арсаи насри бадеӣ ҷавонон камшуморанд. Бетаваҷҷуҳии онҳо ба ин шохаи муҳими адабиёт аз чист ва чаро шумораашон нисбат ба шоирони ҷавон хеле кам аст? Устодон чунин посух доданд: Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон Шеър кӯдаки эҳсос аст. Кӯдаки эҳсоси касе, ки табъи худододи модарзод дошта бошад,бешак, бо омӯзиши пайвастаи […]Идома...
Замони ҳозира яке аз мушкилтарин ва хавфноктарин давраҳо дар таърихи даҳсолаҳои охири башарият мебошад. Зеро баъд аз суқути давлати Шуравӣ ва соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриҳои он, аз ҷумла Тоҷикистон, мубориза барои ҳокимият хеле шадид гашта, неруҳои тундрав, ифротӣ ва террористӣ фаъолияти худро густарда намуданд. Аслан, ин мубориза натанҳо барои ғасби ҳокимият, балки ҷорӣ намудани низомҳои мазҳабии […]Идома...
Бо вуҷуди талошҳо ва баргузории маҷлисҳои махсуси вобаста ба нақди адабӣ, ҳанӯз ҳам дар ин шохаи муҳимми адабиётамон мушкилот ва норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Камшумории мунаққидон, хусусан ноқидони ҷавон, чандон фаъол набудани пажӯҳишгаронамон дар нақду баррасии осори адибони имрӯз ва умуман, посухгӯ набудани танқиди адабиямон ба ниёзҳои адабиёт аз мушкилоте мебошанд, ки равшан мушоҳида […]Идома...
(Назаре иҷмолӣ ба моҳияти дарки адабӣ ва иҷтимоиву фалсафаии мафҳуми Ватан) Клод Адриан Гелветсий, яке аз мутафаккирони маъруфи аҳди маорифпарварии Аврупо, китобе дорад бо унвони диққатбарангези “Дар бораи инсон”. Дар нахустин ҷумлаи муқаддимааш ин файласуф менависад: “Таълифи ин китобро дар ниҳоди ман муҳаббат ба одамон ва ҳақиқат таҳрик дод. Бигзор онҳо худро аз даричаи андешаҳои […]Идома...
Рӯ ба вусъати андеша Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30.05.2024 дар маҷмааи “Кохи Ваҳдат” баргузор гардид, бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои “ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он” ва “сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ” андешаҳое матраҳ […]Идома...
Тавзеҳоте, ки дар ҳошияи тарҳи қонуни вобаста ба либоси миллӣ ба хотири пешгирӣ аз бархӯрдҳои эҳтимолии ноозмуда ироа гардидааст, таъкид бар он дорад, ки манзур аз либоси миллӣ моҳиятан ҳамон либоси суннатии тоҷикон аст, ки дар тули ҳазорсолаҳо шакл гирифта, такмил ёфта, дар ҳамаи давраҳои рушду таҳаввули фарҳанги таърихи миллии мо чун як рукни муҳимми […]Идома...
Фалсафаи инсон ва ҷойгоҳи он дар низоми идоракунии ҷаҳон аз масоили муҳиммест, ки танҳо марбут ба шинохти як миллат ё дину маҳзаб ва ё фирқаҳои мухталиф нест, балки дарки воқеии нақши инсоният дар ҳаллу фасли муҳимтарин муаммоҳои бузурги олам дар меҳвари андеша ва афкори маҷмуи миллатҳо, халқияту ҷараёнҳои фикрӣ қарор гирифтааст. Маҳз ношинохтагии ҳамин матлаби […]Идома...
Чанде пеш бо иштироки адибон дар ИНТ дар мавзуи «Шеваҳои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ» мизи мудаввар доир гардид. Адибон мулоқоти Пешвои миллатро бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин муҳимму созанда арзёбӣ карданд. Фишурдаи андешаҳои адибонро аз он пешкаши хонандагон менамоем Ато Мирхоҷа муовини аввали раиси ИНТ: – Мутаассифона, ба […]Идома...
Дар мулоқот ва суханронии Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат мавзуъҳои зиёд ва муҳимми ҳаёти кишвар, пеш аз ҳама, вазъи руҳоният ба таври ошкоро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мо ба иҷмол дар бораи бархе аз ин мавзуъҳо изҳори назар менамоем: «Давлати демократӣ – дунявӣ ва имкониятҳои он» нахустин мавзуе буд, ки […]Идома...



