Маҷлиси Садорати ИНТ, 12 июни соли 2026
Адабиёти созандагӣ
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 «Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гашт. Дар умум, созандагӣ ва ободонии Ватан равандест, ки аз оғози Истиқлол то имрӯз бо руҳияи баланду вусъати хосса идома дорад. Бавижа, дар солҳои охир раванди созандагӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳолати фарогир ёфта, боиси таҳаввулоти ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар гаштааст.
Ин раванд мавриди истиқбол ва манбаи илҳоми аҳли адаб қарор гирифта, боиси офаридани силсилаи асарҳои назмиву насрии гуногуне шудааст, ки ҳамаи онро дар маҷмуъ, метавон адабиёти созандагӣ номид.
Маҳз ҳамин мавзуи муҳимми замон, яъне «Бозтоби бунёдкориҳо дар адабиёти даврони Истиқлол», дар маҷлиси навбатии Садорати ИНТ, ки рӯзи 12-уми июн дар Иттифоқи нависандагон доир гашт, мавриди таҳлилу баррасии аҳли адаб қарор дода шуд.
Дар оғоз гардонандаи ҷаласа муовини раиси ИНТ Муҳаммадуллоҳ Табарӣ аъзои садоратро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Сипас маърузаҳои муовини аввали раиси ИНТ Толиби Луқмон, мудири бахши наср Равшан Махсумзод ироа гардиданд.
Дар қисмати музокира Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини раиси ИНТ Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо, директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматзод, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон, мудири бахши адабиёти кӯдакону наврасон Насимбек Қурбонзода ва адиби ҳаҷвнигор Абдурауф Муродӣ андешаву пешниҳодҳои судманди хешро баён намуданд.
Низом Қосим баргузории ин нишастро аз чандин паҳлу муҳим арзёбӣ намуда, чунин гуфт:
«Зарурати ин маҷлиси садорат аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба миён омад. Дар Паём, тавре медонем, соли 2026 «Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Бисёриҳо таваҷҷуҳ карданд, ки ин ду масъала ба ҳам чӣ муносибат дорад. Гумон мекунам, ки агар худшиносии миллӣ набошад, созандагиву бунёдкорӣ намешавад. Барои ҳамин, дониста ин ду масъаларо ҳамроҳ пешниҳод кардаанд ва мо хостем имрӯз онҳо дар ин созмони эҷодӣ баррасӣ шаванд».
Низом Қосим аз он гуфт, ки адабиёт аз қадим, аслан, маънии созандагиро дорад, созандагии инсон, руҳ, шахсият. Баррасии ин мавзуъ дар маҷлиси садорати ИНТ табиӣ ва барҷо доир гардид. Минбаъд бояд бештар аз шеъру ҳикоя сар карда, то жанрҳои калонтар ба созандагии маънавӣ, бунёдӣ ва ботинӣ диққат диҳем. Инсон дар ботин бояд созанда тасвир ёбад ва хонанда эҳсос кунад, ки қаҳрамони асар ботинан созандаву бунёдкор ва худшиносу худогоҳ аст.
Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода ба музокира пайваста, иброз дошт, ки дар замони Истиқлол дар бахши публитсистика, ки пуле байни адабиёт ва рӯзноманигорӣ аст, низ маводи хеле фаровон рӯйи кор омад. Таърихи сохтмонҳо ва навсозиҳо барои асари комили адабӣ шудани онҳо аз назари замонӣ ҳанӯз вақт мехоҳад. Вале дар публитсистика созандагиву бунёдкорӣ хеле ба фаврият бозтоб ёфтааст. Шеъру манзумаҳое, ки ҷанбаи публитсистӣ доранд, зиёданд. Аз ҷумла, манзумаи хуби Толиби Луқмон дар маҷаллаи «Садои Шарқ» дар бораи Норак қобили ёдоварӣ мебошад. Пораҳои романи Амиршоҳӣ, ки дар маҷаллаи мавриди назар ба табъ расиданд, рӯзномаи «Роғун»-ро мемонанд.
Дар идомаи маҷлис зимни суханронии Абдуллоҳи Раҳнамо чунин андешаҳо манзур гаштанд:
«Маърузаҳое, ки пешниҳод шуданд, дар мавзуи аз ҳар ҷиҳат муҳим, ки ҳамаи мо натанҳо онро мехонему мешунавем, балки дар ҳаёти ҳаррӯзаамон эҳсос мекунем, мебошанд. Аз ҳамин рӯ, раванди созандагӣ ва ободонии кишвар, ки зери роҳбарии Пешвои миллат идома дорад, натанҳо барои адибон, балки барои тамоми ҷомеа таҳаввули бузург аст. Масалан, дар Паёми имсола Сарвари кишвар гуфтанд, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 30 ҳазор иншооти ҷашниро сохта, ба истифода медиҳем. Яъне дар зарфи 5 сол, аз 30-солагӣ то 35-солагии ин ҷашн. Дар як ҳисоби одии арифметикӣ, агар дар 5 сол 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад (роҳу нақб, истгоҳи барқиву шифохона…), пас дар як сол 6 ҳазор ва дар як моҳ ҳудудан 500-то ва дар як рӯз 19-20 ададро ташкил медиҳанд.
– Яъне Тоҷикистони мо бо ҳамин суръати баланд рушд карда истодааст, – гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо ва афзуд: –«Баъзе сафарҳои Пешвои миллатро пеши рӯ орем. Чунон иншоотҳо зиёд мешаванд, ки дигар аз назари физикӣ имкони рафта, ҳамаи онҳоро кушодан намемонад. Бино бар ин, баъзеашро ба тариқи маҷозӣ мекушоянд ва баъзеашро аъзои ҳайат рафта, боз мекунанд. Ин падидаро ҳамарӯза мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳамин ки адибон бо чунин ҷиддият ин мавзуъро васф мекунанду бозтоб мебахшанд, намунаи бисёр рӯшани пайванди аҳли адаб, аз ҷумла, ИНТ бо ҷомеа, раванди рушд ва сиёсати давлатист. Аз ин дидгоҳ, осори назмиву насрие, ки адибонамон офариданд ва дар маърузаҳо то ҳадде фаро гирифта шуданд, ду нақш доранд. Якум ин, ки ин корномаҳоро барои таърих сабт мекунанд, барои наслҳои оянда. Дувум ин, ки ба мардум мефаҳмонанд, ки дар айни замон созандагӣ чӣ гуна ҷараён дорад. Барои ҳамин садои мо, садои аҳли адаб ҳатман дар инъикоси масъалаҳои мубрам барои дарки ҷомеа ҳатман таъсиргузор аст. Яке аз мавзуъҳои дигар ин аст, ки бояд инъикоси раванди ободонии пойтахт дар адабиёт алоҳида мавриди баррасӣ қарор гирад. Чунки дар ин бора асарҳои зиёд навишта шудаанд».
– Дар ин масъала ҳам ба нақд низ назари густурдатар карданамон даркор аст. Дар замони шуравӣ нақди иҷтимоӣ ривоҷ ёфта буд. Имрӯз ҳам зарурати ин тадбирро дарк мекунем, – иброз дошт шоир ва пажуҳишгар Баҳром Раҳматзод. Чунон, ки ӯ таъкид намуд, агар дар умум, асарҳое, ки дар онҳо масоили ободкориву созандагӣ ва дигар масъалаҳои рӯз дастабандӣ шаванд, се дастаро ташкил медиҳанд: Асарҳое, ки бевосита дар ситоиши Пешвои миллат эҷод гардидаанд ва дар ин зимн инъикоси бунёдкориҳо сурат ёфтаанд, асарҳое, ки бевосита ба ягон сохтмони бузург бахшида шудаанд ва асарҳое, ки ба шаҳри Душанбе дахл доранд. Хусусан, навиштаҳое, ки ба шаҳри Душанбе бахшида шудаанд, назму наср ва публитсистикаи рушдёфтаанд.
Тибқи суханони Баҳром Раҳматзод, агар ба маҷмуаҳо ва китобҳое, ки дар мавриди ин ё он рӯйдоди сиёсӣ нашр шудаанд, таваҷҷуҳ кунем, мавзуъ боз пурратар мегардад. Масалан, дар китоби «Қалъаи Хуҷанд» масъалаҳои созандагию ободкорӣ хеле равшан инъикос гардидаанд. Дар китоби «Дӯстии халқҳо» аз тарафи адибони кишварҳои ҳамсоя зикр шудани масъалаи ободкориву созандагӣ ва саҳми Пешвои миллат дар шукуфоии Тоҷикистон такмилу тақвияти гуфтаҳои мо шуда метавонад.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон дар навбати худ изҳор намуд, ки бояд раванди созандагӣ дар минтақаҳои кишвар низ аз мадди назар дур намонанд. Дар ин самт манзумаи Чӯпон Бадали Ванҷӣ дар бораи Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз чандин нигоҳ хонданӣ мебошад. ҳангоми эҷоди асарҳое, ки ба бунёдкориву созандагӣ марбутанд, на худи сохтмонҳо, балки қаҳрамонии инсон дар мадди аввал бошад ва воқеияти кору фаъолияти инсон дар ин корзорҳо навишта шавад.
Ин нишаст бо зикри нуктаҳои муҳим вобаста ба мавзуъ, пешниҳодҳои саривақтӣ ва бардоштҳои зиёд анҷом пазируфт. Хотиррасон мекунем, ки матни музокираҳои Ато Мирхоҷа, Абдурауф Муродӣ ва Насимбек Қурбонзода дар шумораҳои оянда пешкаши хонандагон хоҳад шуд.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН



