Агар хонандаи закӣ диққат дода бошад, дар мақолаву таърихчаҳое, ки дар бораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таълиф ёфтаанд, дар боби сарварони созмони мазкур дар фосилаи байни солҳои 1937 – 1944 халое вуҷуд дорад, яъне равшан нест, ки Иттифоқро аз соли 1937 то соли 1944 киҳо роҳбарӣ кардаанд. Ҳафт сол муддати кам нест ва ба чунин муддати […]Идома...
22 феврал дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 70-солагии асари мондагори устод Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо» таҷлил карда шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро оғоз карда, зимни суханронии худ изҳор дошт: — Имрўз як маҳфили хоса бахшида ба 70-солагии нашри «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ мисли дигар асарҳояшон асаре ҳаст, ки […]Идома...
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти 110-солагии донишманди фақиди тоҷик академик Абдулғанӣ Мирзоев бо ширкати адибон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёну рӯзноманигорон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин нишасти илмӣ Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Муртазо Зайниддинов, Сироҷиддин Эмомалӣ, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон df устодону донишҷӯён ширкат […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии академики АИ ҶТ, Ходими хизматнишондодаи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино АбдулҒанӣ Мирзоев маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оҒоз бахшида, зимни суханронии худ изҳор дошт, ки устод АбдулҒанӣ Мирзоев нафаре буд, ки ҳанўз дар […]Идома...
Устод Бозор Собир чанд насли алоқамандони шеърро тавассути ҷузъиёти дилпарвару дилофари табиати нотакрори диёр ва расму оинҳои пандомӯзу рӯҳафрӯзи аҷдодӣ ҷовидона бо ин обу хок, сарзамини муқаддас, Ватани зебову дилоро пайваст ва ин пайванд бо сатрҳои зиндаву равон, ки нусхаҳои шарёни гарму ҳаётбахши худи шоиранд, ҷовидонаанд. Ин нуктаро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) Низом Қосим имрӯз зимни ифтитоҳи […]Идома...
Ба тахмин ҳамин ду ҳафта пеш телефонӣ суҳбат доштем. Ҳофизи ҷавони боистеъдод Тулқун Тоҷибоев як таронаашро барои барномаи муҳимми сиёсию фарҳангие ба оҳанг дароварда буд ва баъди баррасии ҳайати эҷодӣ бо мақсади хушоҳангии бештари суруд чанд калима бояд бознигарӣ мешуд. Нурмуҳаммад телефонӣ гуфт, ки дар беморхона аст, барояд, мебинад ё шеъри нав менависад. Гуфтам, ки […]Идома...
Адибон, чун кулли зиёиёни миллат, ҳама умр дар орзӯи Истиқлолият, шукуфоии кишвар ва беҳбуди воқеии рӯзгори моддию маънавии мардуми хеш буданду ҳастанд. Яъне, он чиро мехостанд, ки инак аз шарофати сиёсати созандагию бунёдкории давлату ҳукумати Тоҷикистон муҳайё шудааст. Имрӯз вазифаи ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, барои бештар шудани дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдату муттаҳидии халқамон, афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан мебошад. Амри воқеист, ки қомат рост […]Идома...
Қабл аз он, ки чизе дар бораи Истиқлол ва нақши он дар ибтикороти адибони Хатлон бинависам, мехоҳам воқеаеро аз рўзгори худ нақл намоям, ки шояд як андоза рўҳияи истиқлолхоҳ доштани ҷавонони тоҷикро дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ баён намояд. Соли 1988. Мавҷи бозсозӣ деворҳои оҳанини артиши шўравиро низ убур карда буд ва як навъ ошкорбаёнӣ […]Идома...
Мусоҳиба бо Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим -Дар оғоз, лутфан, бигўед, ки мавзўи соҳибихтиёрии давлатамон дар эҷодиёти адибон чӣ гуна инъикос ёфтааст? -Истиқлолияти давлатӣ барои тамоми мардуми тоҷик, аз ҷумла, аҳли қалам, рухдоди хосаест. Он ормони ҳамешагии зиёиёни эҷодкор буд, ҳаст, хоҳад монд ва ин мавзўъ дар адабиёти тоҷик, бахусус баъд аз солҳои 90, […]Идома...
Дар доираи баргузории конфронси байналмилалии « Омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек дар сатҳи байналмилалӣ ва маъруфияти он», ки рӯзҳои 7-8 август дар шаҳри Тошканд доир мешавад, байни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо мерасад. Дар ин хусус дар шаҳри Тошканд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Итифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки дар ҳамоиши […]Идома...