Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ дар соли 2022 эълон мекунад. Пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25-уми декабри соли 2021 сурат мегирад. Ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун […]Идома...
МУҲТАРАМ АБДУХОЛИҚ НАБАВӢ Дар солҳои 70-80-и садаи XX дар баробари таҳаввули андешаи адабӣ, дар нақду адабиётшиносӣ ҳам ҷунбишҳо ва ковишҳои тоза оғоз гардид, ки он як андоза маҷрои раванди андешаи суннатии адабпажўҳиро тағйир дод. Ҳадафи ин навҷўиҳо кушодани моҳияти осори адабӣ ва ба таври воқеъбинона нишон додани ҳунару истеъдоди шоирону нависандагон буд. Ин қабил навҷўиҳо […]Идома...
16-уми ноябри соли равон ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи ИНТ ҷаласа баргузор гардид. Дар маҷлис кормандони ИНТ, нашрияҳои адабӣ ва аҳли сухан ширкат варзиданд. Раиси Иттифоқи нависандагони мамлакат Низом Қосим ба ин муносибат ҳамаро муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки ин сана хеле муҳим ба шумор меравад. Номбурда дар бораи хидматҳои бузургу беназири […]Идома...
Истиқлол, озодӣ ва ягонагӣ чун омили осудагӣ, шодию фараҳ, бахту иқболу ҳамдилӣ барои аҳли башар бисёр пурқимат ва арзишманд мебошанд. Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлол гаштан миёни тўфони пуртуғёни баҳри доругирҳои он замон, заврақи бебодбон, ё киштии бенохудоро мемонд, ки андаке монда буд ба гирдоби балоҳои бедодгариҳо ғарқ шудаву ба қаъри уқёнуси фаромўшӣ равад. Баъди […]Идома...
15-уми окябри соли равон ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Раҳмат Назрӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили зебои адабӣ баргузор шуд. Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким зимни ифтитоҳи маҳфил дар бораи мақоми Раҳмат Назрӣ дар шеъри муосир ва ҳунармандиҳои ў дар офариниши шеър сухан гуфта, […]Идома...
29-уми октябри соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким маҳфили адабӣ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳангоми ифтитоҳи маҳфил изҳор дошт, ки хидматҳои Аскар Ҳаким дар шеър ва нақди адабӣ шоёни таваҷҷуҳи хос буда, адиб дар ин ду шохаи адабиёти муосирамон осори […]Идома...
20 октябри соли равон дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии нависандаи шинохта Карим Давлат маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил адибону донишмандон ва донишҷўёну мухлисони адиб ширкат варзиданд. Сухани ифтитоҳиро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ироа намуда, нависандаро ба муносибати 70-солагиаш табрик гуфт ва аз эҷодиёти пурсамараш ёдовар шуд. […]Идома...
«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарине, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти раъйи мардуми ҷумҳурӣ […]Идома...
МУҲТАРАМ АСКАР ҲАКИМ! Шумо пас аз хатми мактаби № 12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар идораи Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, бо дилбастагии тамом ба хидмати илму адаби тоҷик камари ҳиммат бастед. Ҳамин меҳру садоқат ва ихлоси Шумо ба осори гаронбаҳои гузаштагон […]Идома...
23 сентябри соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода маҳфили адабӣ баргузор гардид. Маҳфил бо намоиши филми мустанад аз рўзгору осори устоди насри тоҷик оғоз ёфт. Сипас муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ба расми ифтитоҳ дар бораи рўзгору сарнавишти пургиреҳ, фаъолияти серҷанбаву пурбори […]Идома...